01:22:30 01-уми Июли 2025 сол

СӮҲРОБ ШАРИФОВ: "ҶОМЕЪАИ ТОҶИКИСТОН БА ФАСОД ОДАТ КАРДААСТ"

Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар феҳристи созмони Шаффофияти Байналмилалӣ дар заминаи фасодзадагӣ бо 2,3 имтиёз ҷойгоҳи 152-ро касб кардааст. Ин ҷойгоҳ дар муқоиса бо соли гузашта ду зина болотар аст. Дар феҳрасти соли ҷорӣ теъдоди кишварҳои мавриди пажӯҳиши ин созмон чаҳор адад афзоиш ёфтааст.

/images/stories/2011/12/01_transparency_11211.jpgИн дар ҳолест, ки дар соли 2009 Тоҷикистон дар феҳристи Шаффофияти Байналмилалӣ дар миёни 178 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи 154-ро касб карда буд. Тибқи ин феҳрист, кишварҳои Зелонди Нав, Донморк ва Финланд пойинтарин мизони фасодро доранд ва Сумолӣ, Куреи Шимолӣ аз фасодзадатарин мамолики ҷаҳон маҳсуб мешаванд.

Ҷамоҳири шӯравии собиқ умдатан дар миёни кишварҳои бештар фасодзада қарор доранд. Ба унвони мисол, ҷойгоҳи Русия дар ин феҳраст дар муқоиса бо соли гузашта беҳтар шуда, вале бо ин вуҷуд танҳо то радаи 143 боло рафтааст.

Қирғизистон дар ҷойгоҳи 164, Узбакистону Туркманистон дар радаи 177 ҷой гирифтаанд. Ҷойгоҳи Озарбойҷон, Белорус, Мулдовӣ ва Арманистон дар феҳрасти Шаффофияти Байналмилалӣ беҳтар аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон мебошад.

Вале дар маҷмуъ, муаллифони ин феҳраст гуфтаанд, ки фасод дар тамоми ҷаҳон тавсеъа меёбад. Ба эътиқоди мурратибони феҳраст, бештари кишварҳои ҷаҳон ба ҳифзи сокинони худ дар баробари асароти фасод қодир нестанд.

Шаффофияти Байналмилалӣ ҳамчунин ҳушдор додааст, ки эътирозоти густардаи мардум дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла, дар кишварҳои пешрафта, бозгӯйи он аст, ки мизони фасод дар ин кишварҳо низ боло рафтааст.

Зимнан, ҷойгоҳи Омрико дар феҳрасти соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта ду рада пойин рафта ва ин кишвар дар мавқеъияти 24 қарор гирифтааст.

Шаффофияти Байналмилалӣ ҳамасола феҳрасти худро бар пояи таҳлилҳои коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ таҳия мекунад. Тоҷикистон дар даҳ соли ахир пайваста яке аз ҷойгоҳҳои ахири ин феҳрастро касб мекунад.

Ҳарчанд давлати Тоҷикистон пайваста аз талошҳои худ барои муқобала бо фасод сухан мегӯяд, вале натоиҷи пажӯҳишҳо ҳокӣ аз он аст, ки фасод дар Тоҷикистон ҳамчунон дар ҳоли тавсеъа аст.

Суҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, мегӯяд, ки ахиран ин ниҳод таҳқиқоти ҷадиде дар ин замина анҷом додааст, ки 9-уми декабр муъаррифӣ хоҳад шуд. Тибқи натоиҷи аввалияи он, ҳудуди 80 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар “амалиёти марбут ба фасод” даст доранд.

Ба эътиқоди вай, фасод дар тамоми бахшҳои зиндагии мардуми Тоҷикистон “реша ронда ва хатари ҷиддие барои амнияти кишвар эҷод кардааст.”

Оқои Шарифов мегӯяд, ки дар бахши маъориф, тандурустӣ ва пулиси дохилаи Тоҷикистон милёрдҳо сомонӣ мавриди амалҳои фасодомез қарор гирифтаанд. Ба эътиқоди ин таҳлилгари тоҷик, “ҷомеъаи Тоҷикистон ба фасодкорӣ одат кардааст.”

Дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон, низ бар ин назар аст, ки дар аксари маворид мардум пардохти ришваро як амри маъмулӣ медонанд, зеро танҳо аз ин роҳ мушкилоти сокинон осон мешавад.

Ба эътиқоди оқои Умаров, бидуни ислоҳоти ҷиддии кодрӣ дар ниҳодҳои баландпояи давлатӣ ва тағйири меконисмҳои фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мубориза бо фасод дар Тоҷикистон муассир нахоҳад буд.

Зимнан, чунин назароте низ вуҷуд дорад, ки Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон, ки як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурист, худ муртакиби “муъомилоти фасодомез” мегардад.

Фаттоҳ Саидов, раиси ин ожонс, пайваста чунин иддаъоҳоро такзиб карда ва омореро аз натоиҷи фаъолиятҳои “босамари” кормандони ин ожонс муъаррифӣ мекунад.

Вале тибқи қонуне ҷадид, қарор аст дар соли оянда дар Тоҷикистон Девони муҳосибот (Счётная палата) таъсис шавад, ки бахше аз салоҳиятҳои Ожонси мубориза бо фасод ба ин ниҳод вогузор хоҳад шуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ