“ТАНҲО ҶАВОНОНИ КАМБИЗОАТ ДАР АРТИШ ХИДМАТ МЕКУНАНД, "ОБЛАВА" МЕШАВАНД"
Иддае аз волидон, аз ҷалби иҷборӣ ё ба истилоҳ “облава”-и фарзандонашон барои хидмати низомӣ дар артиши Тоҷикистон шикоят кардаанд.
Бархе аз падару модароне, ки субҳи рӯзи чаҳоршабеи 2 ноябр, барои худоҳофизӣ бо фарзандонашон дар истгоҳи роҳи оҳани Душанбе қарор доштанд, мегуфтанд, ки бо вуҷуди он ки фарзандони онҳо донишҷӯй буда ва барои хидмати низомӣ имтиёз доштанд, вале масъулони кумисериёҳои низомии ноҳиявӣ фарзандонашонро иҷборан аз хиёбон боздошт ва ба Душанбе-пойтахт оварданд. Ва бархе дигаре аз он гилоя мекарданд, ки то ҳол намедонистанд, ки писарони онҳо дар куҷо буданд ва дар ҷустуҷӯйи онҳо чандин рӯзро сипарӣ кардаанд.
“Дар Данғара “облава” нест, аз раиси ҷумҳурӣ метарсанд”
Қурбон Ғафуров аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аст ва мегӯяд, ки Абдусаттор фарзанди бузургии вайро аз ноҳияи Роғун “облава” карда ба самти номаълум бурдаанд. Вай мегӯяд, ки ҳамроҳ бо бародараш соъати ду шаб аз ноҳия барои ҷустуҷӯйи писараш ба пойтахт омада ва феълан хабар ёфт, ки Абдусатторро ба яке аз қисмҳои низомӣ ба вилояти Суғд бурдаанд.
Оқои Ғафуров мегӯяд: “Панҷуми октябр писари 18-солаи ман бо хоҳиши хеш барои хидмати низомӣ рафт ва ҳоло дар Горди миллӣ хидмат мекунад. Вале Абдусаттор ноновари хона буд ва вай бар асоси қонун ҳақ дошт то бозгашти фарзандам аз хидмат бо мо бимонад ва ноновари хона бошад.”
Оқои Ғафуров мегӯяд, ки то ҳол намедонад, ки телефуни ҳамроҳ ва либосҳои фарзандаш дар куҷо ҳаст. Бекназар Ғафуров, бародари Қурбон дар тақвияти суханони бародараш гуфт, ки чанд дақиқа қабл ҳамроҳ бо бародарзодааш, ҳудуди 60 нафар аз ҷавононро ба вилояти Суғд барои хидмати низомӣ бурданд ва ба гуфтаи вай аксаран ин ҷавонон иҷборан ба хидмат эъзом шудаанд.
Бекназар мегӯяд: “Дар ноҳияи Данғара "облава-моблава" гуфтанӣ гап нест. Шояд масъулони кормандони кумисериёҳои низомии ноҳияи мо аз он метарсанд, ки мардум ба раиси ҷумҳурӣ шикоят хоҳанд бурд ва аз ин рӯ бародарзодаи донишҷӯйи манро дар Роғун, ки машғули пушти сар кардани таҷрибаомӯзӣ буд, боздошт карда ва ба Душанбе оварданд.”
Ба гуфтаи иддае аз афроди огоҳ, масъулони кумисериёҳои низомии навоҳии мухталифи Тоҷикистон ҳамасола вазифадор мешаванд, ки ӯҳдадории солиёнаро барои таъмин кардани сарбозон ба таври оҷил иҷро кунанд.
Ва бо дарназардошти он ки аксари ҷавонон баъд аз тамом кардани мактаби ҳамагонӣ ба Русия муҳоҷир мешаванд ва теъдоди довталабони хидмат дар суфуфи артиши низомӣ андак аст, бо кумаки кормандони пулиси маҳалли машғули боздошти ҷавонон аз хиёбонҳо ва ҳатто аз манозили онҳо ҳастанд. Маъмулан чунин ҷавонон бидуни ташхиси пизишкӣ ба артиш фиристода мешаванд.
Ҳамчунин бисёре аз ҷавонон ва волидони онҳо мегӯянд, ки дар артиши Тоҷикистон танҳо ҷавонон аз хонаводаҳои камбизоат ва нодор хидмат низомӣ мекунанд. Ба гуфтаи бархе аз падарони сарбозон онҳо ёд надоштаанд, ки фарзанди вазир ва ҳатто раиси маҳаллии як ноҳияро дар хиёбон боздошт ё ба истилоҳ “облава” карда бошанд.
“Лату кӯби тозасарбозон дар артиш”
Сановбар Ғаффорова, ки дар як канори роҳ дар назди истгоҳи роҳи оҳани Душанбе истода гиря мекард, ҳатто то чанд дақиқаи пеш намедонистааст, ки писари 19 солаи вайро ба кадом минтақаи Тоҷикистон ба хидмати низомӣ бурданд.
Вай мегӯяд: “Ба ман навакак гуфтанд, ки писарамро ба вилояти Суғд ба хидмати низомӣ бурданд. Писарам гӯшҳояш хуб намешунаванд ва ман аз он метарсам, ки ба сабаби нашунидани ҳарфҳои афсарон вайро лату кӯб накунанд. Охир чанд ҷавоне, ки баъд аз ифо хидмат низомӣ ба рӯстоҳои ноҳияи Рӯдакӣ бозгаштанд аз он мегуфтанд, ки онҳоро афсарон дар артиши низомии Тоҷикистон лату кӯб мекарданд.”
Ғиёс Ғаффоров падари яке аз тозасарозон мегӯяд, ки агар қонун дар Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад бояд даъват ба хидмат низомӣ низ тибқи қонун қарор гирад. Вай афзуд: “Ман дӯ рӯз зиндаву мурдаи писарамро ҷустуҷӯй мекардам ва аз сарнавишти бачаам нигарон будам. Ҳоло ки ғайрирасмӣ фарзанди маро ба хидмат низомӣ бурдаанд ва мо ҳатто дар ҷараёни он нестем, ки вай дар куҷост агар кушта шавад, ҷавобашро ки медиҳад? Ман кӯдаки худро аз куҷо ёбам?”
Абдуқаюм Азизов аз ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ки Абдуҳаким бародарашро ҷустуҷӯй мекунад ва то ҳол ба модараш дар бораи боздошт шудани бародараш чизе нагуфтааст. Вай мегӯяд, бародараш бесавод ҳаст ва аслан саломати вай, ки дар маркази ноҳияи Ҳисор боздошт шудааст, хуб набудаааст.
“Хидмат дар артиш ҳатмист!”
Се кормандони кумисериёҳои низомии шаҳр, ки масъулияти интиқоли ҷавонон ба вилояти Суғд дар истгоҳи роҳи оҳанро доштанд, аз посух ба суоли ман дар бораи он ки оё ин ҷавонон иҷборан барои хидмати низомӣ эъзом шуданд худдорӣ карда ва гуфтаанд, ки онҳо танҳо масъули интиқоли ҷавонон буда ва барои даъвати тозасарбозон масъулони ноҳиявӣ муваззаф будаанд.
Аммо Фиридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, тарҳи даъват ба хидмати сарбозӣ барои марҳалаи дувуми соли ҷорӣ ҳаштод дар сад анҷом ёфта ва бештари ҷавонон довталабона ба артиш эъзом шудаанд.
Оқои Маҳмадалиев афзуд: “Хидмат дар артиш хатмист ва дар сурате, ки ҷавоне баъд аз дарёфти даъватнома аз омадан ба кумисориёи низомии навоҳии марбута сарпечӣ кунад, масъулон ҳақ доранд барои кумак ба кормандони интизомӣ муроҷеъат карда ва бо кумаки онҳо омадани ҷавон ба кумиссориёро таъмин кунанд.”
Оқои Маҳмадалиев ҳамчунин дар мавриди латукуб шудани сарбозон дар артиш мегӯяд, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисот, масъулони додситонӣ дар қисмҳои низомӣ қуттиҳои вижаеро, ки баста будаанд, гузоштаанд ва сарбозоне, ки алайҳи онҳо дар артиш зӯроварӣ мешавад метавонанд, шикояташонро дар мавриди афроди хушунаткунанда бидуни навиштани номашон ба ин қуттиҳо анодазанд.
Бо ин вуҷуд бисёре аз волидон аз он мегуфтанд, ки таъмини ғазоӣ муқаввӣ барои сарбозон ва амнияти тозасарбозон дар артиши Тоҷикистон барои ҷавонон имкон медиҳад дар артиши ин кишвар довталабона хидмат кунанд. Бисёре аз онҳо мегуфтанд, ки ҳатто дар даврони Шӯраве, ки демукросӣ дар 15 кишвари ин иттиҳодия вуҷуд надошт, ҷавононро дар хиёбонҳо боздошт ва иҷборан ба артиш намефиристоданд.
Би-Би-Си