11:05:19 01-уми Июли 2025 сол

ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН БА ҲУКМИ ИҶРО ДАРОМАД

Сар аз имрӯз дар Тоҷикистон Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд ба ҳукми иҷро даромад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамагӣ чаҳор рӯз пеш дар таърихи 2-юми август, пас аз баррасиҳои чандмоҳаи ҳамагонӣ, саранҷом ба ин қонуни пурсару садо ва баҳсбарангез имзо гузошта буд.

/images/stories/2011/08/06_slide_sample_6.8.2011.jpgИмрӯз бо нашри ин қонун дар нашрияҳои расмӣ, ин қонун ба ҳукми иҷро даромад ва бар асоси яке аз бандҳои он, дигар рафтани ҷавонони то синни 18 сола ба масоҷид мамнӯъ аст. Аз он ҷо, ки тарҳи қонун баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеа ва вокуниши манфии созмонҳои байнулмилалиро ба бор оварда буд, умедворие дар миён буд, ки раисиҷумҳур онро имзо нахоҳад кард ва барои бознигарӣ ба парлумон хоҳад баргардонд. Вале чунин ҳолате ба вуқӯъ напайваст ва акнун имзои қонун вокунишҳои бештареро ба вуҷуд овардааст.

Имзои ин қонун аз сӯи раиси ҷумҳур дар рӯзи 2-юми август  дар ҳолест, ки аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл бидуни баҳс қонунро тасвиб карда буданд. Дар нимаи моҳи июни соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар низ қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро пазируфта буданд.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва бархе аз коршиносон қабули ин қонун бидуни бархе аз ислоҳотро муғойир бо мавозини байналмилалӣ, Қонуни асосӣ ва низ мухолиф бо арзишҳои динӣ унвон мекунанд. Ҳамчунин онҳо аз тазоди чанд нуктаи он ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои наврасону ҷавонон интиқод карда буданд

Лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар» дар як соли ахир дар расонаҳои расмӣ, радио ва телевизион ва маҳофили мухталиф муҳокима шуда, тарҳи он ба шакли китобчаи алоҳида ба теъдоди 200 000 нусха мунташир шуда буд.

Тарҳи "Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба ибтикори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 14-уми декабри соли гузашта ба муҳокимаи умумихалқӣ  гузошта шуда буд.

Баррасии умумии ин тарҳ моҳи феврали соли ҷорӣ ба поён расид, ки бино ба гуфтаи мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон дар тӯли дуним моҳи баҳсу баррасӣ бештар аз севуним ҳазор пешниҳод тавассути мардум ва корхонаву муассисаҳо ироа шудааст.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #4 Guest 08.08.2011 07:49
Аз хамаи бародарон хохишмандем хамеша дуо кунанд. Хусусан дар ин мохи бузург ки дуо ичобат мешавад. То Худованд дар дили хукуматдорон рахму шавкат, пайрави аз шариати Мухаммади (с), эхтироми арзишхои динии мусалмонони кишвар, дури аз тугёну саркаши, тавфик ва пайрави аз Куръону суннатро пайдо гардонад.
 
 
0 #3 Guest 08.08.2011 07:48
Акнун мо он офату балохоеро ки дар дигар давлатхо хабардор мешавем аз он хам вазнинтару шадидтарашро мебинем. Зеро то бандагон аз хад нагузаранд Худованд болои он кавм азоб намефиристад. Хусусан зидди хукми худованд, конун баровардан. Чун Худованд мефармояд "Варкиу маъар рокиъин" Рукуъ кунед бо рукуъкунандагон.
Хукми хак бо ту муросохо кунад.
Лек аз хад бигзарад расво кунад.
Ваъиди хак беназир аст.
Ки Аллох дергиру сахтгир аст.
Боз хам мо аз ин гиламанд нестем. Зеро сохиби ин дин Аллох аст.
Худоё!!! Мо ягона шикоят назди ту мекунем. Аз холи мо бандагони очизат огох хасти. Ин кавмро хидоят кун. Зеро инхо намедонанд окибат назди ту мераванд ва аз тугёнхои кардаи хеш чавоб мегуянд.
 
 
0 #2 Guest 08.08.2011 07:47
Аммо масчид рафтани онхо бо кавли конунбарорхо бо изхори нигарони аз афзоиши фишори рухониён ба насли наврас гуфтааст, давлат мулзам буд ба ин вокуниш кунад. Аз давраи хазрати Одам(а) то Хотам ва то ин дам дар таърих надидем ягон хоким ё давлатеро ки талаби илмро манъ карда бошад. Аммо шукр ки инро дар замони худамон, бо пешниходи хокимони мусалмони худамон инро дидем, ки барои таълим гирифтани илми дини аз 2 то 8-сол аз озоди махрум карда мешавад. Намедонам фарзандони мусалмонон дар кучо ва аз ки ахкомхои шариат, харому халол, хайзу нифос, иддаву закот ва намозу рузаро меомухта бошанд. Рухониён пайваста тахти фишору духтарон барои пушидани сатр дар донишгоххо мавриди тахкири устодону коргарони вазорат гаштаанд. Оё ин давлатдорону хукуматдорон аз масъулияти назди Худои чаббор аз ин саркашихояшон наметарсида бошанд.
 
 
0 #1 Guest 08.08.2011 07:47
Бисёр афсус мехурам, ки ин конун , яъне «Конуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд» бе ягон тагйирот, бидуни сарфи назар аз он ки бандхое дар он мукобили фармудаи Худо ва Паёмбар (с) аст, аз тарафи раиси чумхур имзо шуд ва хамчун хадя барои мусалмонон дар ин мохи бузург пешниход карда шуд(рузи 2-юми августи 2011.рузи саввуми мохи шарифи рамазон). Дигар фарзандони мусалмонон то 18-сола тибки конун хукук надоранд дар намозхои чамоат дар масчидхо Худои худро ибодат кунанд. Боварии комил дорам, ки чун дигар конунхо ягон банди конун не, балки хамоне ки иштироки ноболигонро дар намозхо манъ кардаасту барои таълими дини аз 2 то 8 сол аз озоди махрум карданро кодекси чинояти мукаррар кардааст аз тарафи кормандони корхои дохилаву дигараш чидди назорад карда мешавад. Аммо нигох мекунем ноболигону хонандагон руз то бегох пояшон аз Интернеткафехо канда нест. Бо бозихою суханхои кабех ва тамошои манзарахои фахшо машгуланд касе ба онхо кор надорад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ