09:26:40 06-уми Июни 2025 сол

USAID: ОМӮЗИШИ ДАРЁФТИ УСУЛҲОИ ПЕШҚАДАМИ ТАБОБАТ

Ҳукумати ИМА ба воситаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ силсилаи омӯзишҳоро барои 37 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Маркази тибби исботшудаи назди ДДТТ оғоз кард. Иштирокчиёни омӯзиш усулҳои дарёфт, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сил, ВНМО ва дигар бемориҳоро таҳия мекунанд.

 

USAID 2Ин омӯзишҳо бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ дар доираи Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» амалӣ мегарданд. Маълумотгирӣ дар давраи миёнаи касбӣ (тахассусӣ) барои мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад, зеро он имкон медиҳад, ки дар бораи таҷрибаҳои муосири соҳаи тандурустӣ маълумоти навтарин ба даст оварда шавад. Директори намояндагии USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷеффри Лерер аҳамияти лоиҳаро таъкид намуда, изҳор дошт, ки «барои  он ки табибон тамоюлҳои навро дар соҳаи тандурустӣ омӯзанд, онҳо одатан ба маҳаллаҳои тиббӣ, вохӯриҳои ассотсиатсияҳои касбӣ, ҳамчунин ба маърӯзаҳо такя мекунанд, аммо дар Тоҷикистон табибон дар давраи миёнаи тахассусии худ ба маълумот дастрасӣ надоранд. Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» донишҳои онҳоро дар бобати таҷрибаҳои муосир такмил медиҳад ва бо ин роҳ ба садҳо одамон дар тамоми Тоҷикистон кӯмак мерасонад».

 

USAID 3Омӯзишҳо методҳои нави пешгирӣ, муоина, ташхис ва табобат ба стандартҳои байналмилалӣ асосёфтаро таълим медиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, USAID ва дигар шарикони байналмилаллӣ бо мақсади қонеъ намудани ниёзҳои мушаххаси мардуми тоҷик чунин омӯзишҳоро таҳия кардаанд. Дар оғози омӯзиши нахустин сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Октам Бобохоҷаев қайд кард, ки «Ин омӯзишҳо методҳои наверо истифода хоҳанд кард, ки бевосита барои кормандони тиб муфиданд ва инчунин ба мо имкон медиҳанд, то ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ бошем».

 

USAID 4Омӯзишҳои мазкур як бахши стратегияи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади кафолати он ки тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳониро риоя хоҳад кард, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, USAID ва дигар шарикони байналмиллалӣ стратегияи бахши тандурустиро таҳия намуданд. Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз чанд лоиҳаҳои мадад ба рушди Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ амалӣ карда мешавад. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико ба воситаи Сафорати ИМА дар Душанбе  ба миқдори 900 миллион доллар кӯмак намуд. Маблағҳои мазкур барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4571-usaid-omuzishi-daryofti-usulhoi-peshkadami-tabobat.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854