АҲАМИЯТИ ОМӮЗИШИ ПАДИДАИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ-2
Аз таърихи пайдоиши терроризм
Экстремизм(ифротгароӣ), террор ва терроризм ҳанӯз хеле барвақт аз пайдоиши ин мафҳумҳо ба вуҷуд омадаанд. Террор - аз лот. terror - тарс, даҳшат- тарсонидани рақибони сиёсии худ аз тариқи зуроварии ҷисмонӣ, то сарҳади аз байн бурдани онҳо. Экстремизм– аз калимаи лотинии extremus-зиёдаравӣ - дар сиёсат ҳаводори андешаҳо ва чораҳои тунд, қатъӣ будан.
Соли 2001 бостоншиносони англис бо ҳамкории криминалистон ҷиноятеро ошкор намуданд, ки 4 ҳазор сол пеш содир шуда буд. Ҷисми мумиёшудаи фиръавнро, ки дар синни 18 солагӣ дунёро тарк гуфта буд, тадқиқ намуда, олимон дар пушти косахонаи сари ӯ сурохиеро пайдо карданд, ки дар асари бо кадом чизи сахте задан пайдо шудааст ва маҳз ҳамин зарба ба марги фиръавн овардааст. Дар натиҷаи тадқиқоти сарчашмаҳои зиёд олимон ва коршиносон ба хулосае омаданд, ки фиръавнро ба он дунё мушовири ӯ, бо ёрии асои шоҳӣ фиристодааст. Ин корро мушовир бо ёрии сарлашкари артиши фиръавн анҷом додаст.
Ҳамин тавр, кушта шудани фиръавни Миср аввалин ҳодисаи дар таърих сабтшудаи бо роҳи зурӣ куштани ходими давлатии сатҳи баланд мебошад. Дар асри I пеш аз милод дар бораи гурӯҳи сиёсии яҳудиён бо номи «зелотҳо» («рашккунандаҳо»), ки ба воситаи методҳои террор барои худмухтории Фессалония ба муқобили римиҳо мубориза мебурданд, маълумотҳо вуҷуд доранд.
Дар солҳои 60-70 асри I милодӣ гурӯҳи фанатикҳои динии яҳудиён «сикориҳо» барои сарнагун намудани ҳокимияти сиёсии римиҳо аз шеваҳои террористӣ истифода менамуд(сикориҳо аз калимаи «сика»- ханҷари кӯтоҳ ба вуҷуд омадааст). Сикориҳо дар рӯзи равшан умдатан дар вақтҳои серодамии кӯчаю бозорҳо, дар рӯзҳои ҷашн бо истифода аз ханҷари кӯтоҳ амалиёти террористиро анҷом медоданд, ки ҳадафи сиёсӣ дошт. Гурӯҳи дигари динию сиёсие, ки дар Ғарб бо номи гурӯҳи террористӣ шинохта мешавад, «ҳашошин», «ассосин», аз калимаи ҳашиш, гашиш аст. Ин гурӯҳест бо номи низория, ки аз ҷараёни исмомилия дар асри XI зуҳур намудааст. Исмоилияҳои низорӣ шӯришҳои мусаллаҳонаро бар зидди туркони салҷуқии суннимазҳаб дар Шом ва Эрон ба роҳ андохтанд.
Аммо чун бо қудрати низомии бисёр муҷаҳҳази салҷӯқӣ рӯ ба рӯ шудан равияи ба фикрашон муносибро дар пеш гирифтанд ва ба куштани душманони маърӯф ва мӯътабари худ дар нукоти мухталиф даст заданд. Дере нагузашт, ки номи онҳо вирди забонҳо шуд ва дар ҳар куҷои давлати исломӣ қатли сиёсие рӯй медод онро ба «ҷонбозони фидоии низорӣ» нисбат медоданд.. Дар охири асри XII низориҳо таваҷҷӯҳи салибиён ва нозирони Ғарбиро ҷалб намуданд. Қадимтарин ҷое, ки истилоҳи «ҳашишия» ба низориёни Шом итлоқ шудааст, дар як номае аст, ки аввали соли 1123 аз девони (вазорати) фотимиёни Қоҳира ба номи халифаи Фотимиён фиристода шудааст. Дар сарчашмаҳо бошад, дар як воқеъномаи давраи Салҷуқиҳо, ки аз тарафи Имодуддин Муҳаммад Котиби Исфаҳонӣ дар соли 1183 навишта шудааст, истилоҳи «ҳашишия» боз ҳам нисбати низориёни Шом истифода шудааст. Воқеъанигори салҷуқӣ истилоҳи «ҳашишия»-ро бо истилоҳоти «мулҳид»(«малоҳид») ва «ботинӣ» радифи якдигар донистаст.
Ақидае вуҷуд дорад, ки ҳашошиюн пеш аз иҷрои амали террористӣ гӯё ҳашиш истифода менамудаанд ва барои ин ҳашошиюн ном гирифтаанд. Ба андешаи воқеъанигорон ва нависандагони ғарбӣ «ҳашошиюн» гурӯҳе буданд, ки ба доҳии худ бечуну чаро итоат мекарданд. Берхард Страсбурги олмонӣ соли 1175 муддате дар Шом будааст ва дар бораи ҷонбозони фидоии низорӣ ва тарзи тарбияи онҳо ба Фридрихи I гузориш пешниҳод кардааст. Ӯ навиштааст, ки ҳашошин худованде доранд, ки тарс ва ваҳшати оламро дар дили салотини араб ва ховандони масеҳии сарзаминҳои ҳамҷавор рехтааст(эҳтимолан нависанда Ҳасан ибни Сабоҳ ё Ҳасан ибни Шаботро, ки бо номи «Пир», «Хокими кӯҳ» ва ғайра низ маълум буд дар назар дорад, ки ба қавле 70 ҳазор ҷавонони ҷонибдори фидоӣ дошт ва марказаш қалъаи Аламут дар Эрон буд).
Берхард менависад: «Шевае, ки вай (пешвои хашошин Ҳасани Сабоҳ- муалл.) дар ин амр ба кор мебурд чунин аст: ин амир дар кӯҳҳо кохҳои дилнишини бисёре дорад, ки бораҳои баланде онҳоро дар миён гирифтааст ва аз ин рӯ ҳеҷ кас ҷуз аз дари кӯчаке, ки муҳофиз дорад наметавонад ба онҳо дохил шавад. Дар ин кохҳо ба дастури вай писарони бисёре аз райъиат ӯро нигаҳ медоранд. Омӯзгорон ба ин ҷавонон аз оғози шубоб то замоне, ки марди комил ва болиғ мешаванд меомӯзанд, ки аз ҳамаи гуфтаҳо ва ва фармонҳои худованд ва раҳбари хеш итоат кунанд ва агар чунин кунанд, вай, ки бар ҳамаи яздон қудрат дорад лазоизи биҳиштро бар онҳо арзонӣ хоҳад дошт.
Низ ба онҳо меомӯзанд, ки агар дар баробари ирода ва хости ӯ дар ҳар коре муқоввимат ба харҷ диҳанд роҳе барои растагории онҳо вуҷуд нахоҳад дошт. Таваҷҷӯх дошта бошед, ки ин ҷавононро аз оғози кӯдакии онҳо бадон кохҳо мебаранд ва ҷуз муаллимон ва устодони худ ҳеҷ касеро намебинанд, чун дар пешгоҳи амир ҳозир мешаванд вай аз онҳо мепурсад, ки оё ҳоранд фармони ӯро иҷобат кунанд, то подоши биҳишт ба онон арзонӣ шавад. Бо шунидани ин суханон, онҳо чунон ки таълим ёфтаанд бидуни эътироз ва тардиде худро ба пои ӯ меафгананд ва бо шурӯ шавқ мегӯянд, ки ҳар он чи вай фармон диҳад фармонбардоранд. Пас аз он амир ба ҳар яки онҳо ханҷари заррин медиҳад ва онҳоро ба куштани ҳар шоҳзода ва султоне, ки ирода ба куштан кардааст, мефиристанд». Табиист, ки нависандагони исмоилия, аз ҷумла Фарҳод Дафтарӣ, ки гуфтаҳои Берхардро аз он иқтибос намудем ин гуна навиштаҳоро маҳсули хайёл ва бофтаи душманони низориҳо медонанд ва таъкид кардаанд.
Ҳамин тавр, дар ибтидо асосан амалҳои инфиродии террористӣ ба назар мерасиданд, ки ҳам табақаи ҳоким ва ҳам табақаи поён аз он истифода менамуданд. Болоиҳо барои таҳкими ҳокимият ва ё ба даст овардани ҳокимият аз он истифода менамуданд. Поёниҳо террорро ҳамчун воситаи охирини мубориза бо беадолатиҳои ҷомеа медонистанд, зеро воситаи дигари мубориза номумкин буд. Лекин аллакай дар Рими қадим намунаҳои террори гурӯҳӣ пайдо шуданд.
Дар таърихи қадим ва асримиёнагӣ ҳазорон намунаи амалиётҳо сабт шудааст, ки моҳиятан характери террористӣ доранд, яъне барои тарсу ваҳшат эҷод кардан анҷом дода шудаанд. Кушторҳои оммавӣ ва каламанорасозиҳои Чигизу Тимури Ланг оё барои эҷоди ваҳшат набуданд? Бояд гуфт, ки дар он замонҳо истилоҳи террор ва терроризм набуд. Истилоҳи террор дар фарҳанги сиёсӣ дар асри XIV пас аз он, ки асари таърихнигори рими қадим Тит Ливий ба забони фаронсавӣ тарҷума шуд, дохил гардид. Ин калима дар баромадҳои оташини инқилобчиёни Фаронса вирди забонҳо шуда буд.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>