17:56:15 01-уми Июли 2025 сол

КРЕСМЕС АҲАМИЯТИ ДИНИИ ХУДРО АЗ ДАСТ ДОДАСТ

Таҳқиқот ва назарсанҷиҳои анҷомшуда аз сӯи газетаи “Сондӣ Таймс” нишон медиҳанд, ки се чаҳорум аз ширкаткунандагон дар ин таҳқиқ эътиқод доранд, ки “Кресмес”(иди соли нави мелодӣ) аҳамияти динии худро аз даст додаст.

 

елка 2010Дар ҳоле, ки бисёре аз масеҳиён аз ин ҳақиқат озурдахотир мешаванд, аммо масъала ин аст, ки 44 дар сад аз онҳо худ иқрор кардаанд, ки “Кресмес” ба як фаъолияти тиҷоратӣ табдил шудааст. Натоиҷи ин назарсанҷӣ тасвири печидае аз тафаккури афрод дар бораи маънои “Кресмес” ба даст медиҳад. Дар ҳоле, ки ширкаткунандагон дар Калисо коҳиш меёбанд, 67 дар сад аз иштироккунандагон дар ин таҳқиқ изҳор доштаанд, ки дар маросими “ашои Раббонӣ”-и “Кресмес”ширкат мекунанд. Аммо дар омори соли 2005 мушаххас шуда буд, ки ширкаткунандагон дар Калисо аз 62 дар сади 10 соли пеш ба 51 дар сад расидааст.

 

Пажӯхишгарони ин таҳқиқ дар бораи одоти хариди ҳадия низ аз ширкаткунандагон пурсишҳоеро матраҳ карда ва аксари онҳо тасдиқ кардаанд, ки ба ҳамон мизони соли гузашта барои дӯстон ва хонаводаҳои худ ҳадоё харидорӣ кардаанд. Аз сӯи дигар 33 дар сад изҳор доштанд, ки маблағи дар назар гирифтаро коҳиш дода ва 22 дар сад изҳор доштанд, ки ин ҳазина барои онҳо афзоиш ёфтааст.

 

Дар ҳолест, ки ба гуфтаи муҳаққиқон, то асри  чори мелодӣ зодрӯзи Исои Масеҳ-“Кресмес” рӯзи 6-уми январ ҷашн гирифта мешуд, аммо баъд асри чори онро тағйир додаанд. Ба қавли онҳо  ин тағйир дар тақвим таҳриф дар таърих аст. Ислом Исои Масеҳро ҳамчун як паёмбар эътироф мекунад ва имон овардан ба Исоро шарти такмили имондорӣ медонад, аммо ба ҳеч ваҷҳ хоҳони он нест, ки инсон ҳурмати Худовандиро нодида гирифта, ошкоро аз Ӯ таъоло нофармонӣ кунад.

 

Ҳамзамон рӯзҳои фараҳу сурур ба монанди идҳои Рамазону Қурбон ва санаҳои таърихии худро дорад, ки барои шариъти муҳаммадӣ шинохта шудаанд. Ба ҳамин хотир рӯ овардани мусалмонон ба маросими ғайрро намепазирад. Ба хусус соатҳое, ки бо сарфи пулу мол ва вақт беҳуда паси сар мешаванд, қобили пазириш нестанд. Чунки исроффро дар ҳолат ҳаром медонад. Бо вуҷуди он ки Арабистони Саъудӣ танҳо кишварест, ки тибқи тақвими исломӣ амал мекунад, баъзе кишварҳои исломӣ барои таҷлил аз оғози солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ ин рӯзро рухсат эълон мекунанд.

 

Аммо Шайх Солиҳ Фавзон, узви ҳайати кибори уламои Арабистони Саъудӣ, дар як фатвои худ гуфта буд, ки ҷашнгирифтани соли нави мелодӣ ҷоиз нест ва табрику таҳният гуфтани соли нави ҳиҷрии қамарӣ бидъат аст. Ибни Қайим, донишмандони маъруфи мусалмон бошад ҳатто табрик гуфтани ғайри мусалмононро дар рӯзҳои маросими диниашон ҳаром номидааст ва соли нави мелодӣ низ аз ҷумлаи идҳои ғайриисломӣ маҳсуб мешавад.

 

Амрулло Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4008-2010-12-29-07-24-31.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ