ТАЗОҲУРОТ ДАР НАЗДИ ҚАСРИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳудуди 50 то 60 тан аз сокинони шаҳри Душанбе дар эътироз ба боздошти раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дар назди қасри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гирдиҳам омаданд.
Бештари мӯътаризон занон буданд, ки қабл аз зӯҳри панҷшанбеи 11 ноябр дар ин ҷо тазоҳур карда ва хостори ҳолли мунсифонаи ин мушкил аз ҷониби масъулони раёсати ҷумҳурии кишвар шуданд. Як хонум, ки худро Мукаррам муъаррифӣ кард, гуфт, ки чаҳор сол қабл ба ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” ба манзури харидории як манзили чаҳорутоқа 104 ҳазор дулор таҳвил дода буд. Ӯ мегӯяд, ҳоло ки Ҷӯрабек Охунов, раиси ин ширкат, аз сӯйи кормандони додситонӣ боздошт шудааст, намедонад пул ва манзили ваъдагиро чи гуна дарёфт хоҳад кард.
Ин хонум гуфт, ки муштариён ё саҳомдорони ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дар номае ба Президент Раҳмон аз ӯ дархости озодии раиси ширкати “Мовароуннаҳр”-ро карда ва изҳор доштаанд, ки дар Тоҷикистон танҳо ин ширкат машғули сохтмони маскани арзон барои ақшори камбизоъат аст. Атрофи мӯътаризонро пулис ва кормандони ниҳодҳои амниятӣ иҳота карда ва ба хабарнигорон имкони сӯҳбат ба онҳоро надоданд. Маъмурони пулис бо хабарнигороне, ки барои сӯҳбат ва аккосии мӯътаризон талош доштанд, бархурди хашин карданд.
Рӯзи гузашта иддаи зиёде аз саҳомдорони ин ширкат дар назди сохтмони Додситонии кулли Тоҷикистон Клик таҷаммӯъ карда ва хостори озодии Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр”, шуда буданд. Аммо мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон бо муштариёни ширкати “Мовароуннаҳр” дидор карда ва гуфтаанд, ки таҳқиқи фаъолияти ин ширкат идома дорад ва онҳо наметавонанд Ҷӯрабек Охуновро аз боздоштгоҳ озод кунанд.
Ба гуфтаи Шоҳин Шарипов, сармуҳосиби ширкати “Мовароуннаҳр”, қаблан ин ширкат онҳо дар фаъолияти худ ҳеч мушкиле надошта, вале паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар умури сохтмонӣ асароти номатлубе гузоштааст. “Мовароуннаҳр” аз бузургтарин ширкатҳои сохтмонӣ маҳсуб мешавад, ки дар зарфи чанд соли ахир дар шаҳри Душанбе ба бунёди манозили маскунӣ машғул буда ва арзиши манозили сохтаи он дар муқоиса бо ширкатҳои дигари сохтмонӣ арзонтар будааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3554-2010-11-11-09-51-05.html