08:09:46 02-уми Июли 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/12_zahedan2147_1'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/12_zahedan2147_1'

ИХРОҶИ НӮҲ ТАБАЪАИ ТОҶИКИСТОН АЗ ЭРОН

Давлати Эрон ахиран нӯҳ шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла панҷ кӯдакро, ки гуфта мешавад ба сурати ғайримуҷоз дар ин кишвар ба сар мебурданд, ихроҷ кардааст. Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, ин афрод аъзои ду хонавода будаанд, ки дар мадориси исломӣ дар шаҳри Зоҳидони Эрон таҳсил мекарданд.

 

Соле қабл ҳам мақомоти Эрон ҳудуди 15 нафар аз муҳассилини чунин мадорисро, ки атбоъи Тоҷикистон буданд, ихроҷ карда буданд. Манобеъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷие, ки муқаррароти буду бош дар ин кишварро нақз мекунанд, таҷрубае маъмулист. Ба гуфтаи як масъули ин сафорат, аввал ду ҷавони тоҷик бо дарёфти визои ҷаҳонгардӣ вориди Эрон шуда, сипас ба таҳсил дар мадорисе мазҳабӣ дар Зоҳидон оғоз кардаанд.

 

Вай афзуд, ки ин ду ҷавон баъдан аъзои хонаводаҳои худро низ вориди Зоҳидон кардаанд ва ба ин далел дар миёни ихроҷшудагон панҷ тан аз кӯдакони ин ду хонавода низ будаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, пулиси Эрон пайваста муҳассилини хориҷии мадориси Эронро таҳти назорат қарор медиҳад ва он идда аз шогирдон, ки муқаррароти буду бош дар ин кишварро нақз мекунанд, ихроҷ мешаванд.

 

Ихроҷи ҳудуди 15 тан аз атбоъи тоҷик дар соли гузашта низ, ки машғули таҳсил дар мадориси Зоҳидон буданд, ба далоили мушобеҳ сурат гирифтааст. Зимни бозгашт ба Душанбе онҳо мавриди бозпурсии ниҳодҳои амниятӣ қарор гирифтанд. Аз фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ин афрод мустақиман ба идораи кумитаи амният мунтақил шуданд ва пас аз соъоти тӯлонии "сӯҳбат" бо маъмурони амниятӣ онҳо озод шуданд.

 

Манобеъи ширкати “Тоҷик Эйр”, ки дар масири Душанбе -Теҳрон парвози ҳавопаймоҳоро анҷом медиҳад, хабари ихроҷи аъзои ду хонаводаи тоҷик аз Эронро таъйид карданд. Ба гуфтаи онҳо, “Тоҷик Эйр” дар ин масир ҳатто дар сурати напардохтани ҳаққи билети парвоз ба интиқоли афроди ихроҷшуда муваззаф аст. Вале баъди бозгашт ба ватан, ин афрод бояд ҷуброни махориҷи сафари худро пардозанд.

 

Дар ҳамин ҳол, манобеъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки сафари як гурӯҳи синафарии донишҷӯёни тоҷик ба Эрон, ки чанде пеш мамнӯъ шуда буд, баргузор шудааст. Ин гурӯҳ, ки 15 нафар аз онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ҳастанд, барои як давраи омӯзиши эроншиносӣ, забон ва адабиёти Эрон озими Теҳрон буданд. Вале ниҳодҳои амниятӣ ин афродро аз дохили ҳавопаймо берун карда ва аз сафари онҳо ба Эрон монеъ шуданд.

 

Он замон ба гуфтаи маонбеъи сафорати Эрон, давлати Тоҷикистон далел пеш овардааст, ки гӯё ин афрод бидуни тавофуқ бо Вазорати маъорифи кишвар озими Теҳрон шудаанд. Вале дар пайи музокирот ин мушкил рафъ шуда ва давлати Тоҷикистон ба ин гурӯҳи синафарии донишҷӯёни тоҷик иҷозаи сафар додааст. Дар ҳамин ҳол, манобеъи сафорати Эрон гузориши бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ мабнӣ бар ин ки, гӯё ин гурӯҳи синафарии донишҷӯён тавассути қаламрави Афғонистон вориди Эрон шудаандро, такзиб карданд.

 

Ба гуфтаи онҳо, давлати Эрон ба афроде, ки аз роҳҳои мухталиф вориди Эрон мешаванд ва дар мадориси ин кишвар таҳсил мекунанд, коре надорад. Даъвати донишҷӯёни тоҷик барои ширкат дар як давраи омӯзишӣ дар Теҳрон расмӣ будааст ва ин афрод танҳо ба сурати расмӣ вориди Эрон шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3331-2010-10-12-18-08-17.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ