17:16:19 02-уми Июни 2025 сол

МОНЕАСОЗӢ РОҲИ ХАЛЛИ МАСЪАЛА НЕСТ, СОЗИШ БОЯД КАРД!

Тӯли солҳои охир дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор гардидани чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ, аз ташаббусҳои наҷиби Роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди саҳм гузоштан дар ҳалли масъалаҳои умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус об  ва баланд гардидани нуфузу эътибори  кишварамон дар миқёси ҷаҳон аст.

 

Доир гардидани конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» 2005-2015 бо ҳузури намояндагони 192 давлати ҷаҳон, 60 созмони бонуфузи байналмилалӣ, коршиносон ва дигар шахсиятҳои шинохта ва донишмандони варзидаи кишварҳои ҷаҳон дар Душанбе шаҳодати ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат дар масъалаи об, ки ҳамчун неъмати бебаҳои табиат арзёбӣ мегардад, ба шумор меравад.

 

Дар робита ба масъалаи об ва баргузории конфронси байналмилалӣ, ки вобаста ба «Даҳсолаи об барои ҳаёт» рӯзҳои 8-10 июни соли 2010 дар Душанбе баргузор мегарадад, дар сӯҳбат доктори илмҳои ҷомеашиносӣ Холназар Муҳаббатов гуфт, ки: - Тоҷикистон дар саргаҳи ташаккулёбии обҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир аст.  Ва ба ҳар сари як нафар дар як сол дар Тоҷикистон то 12 ҳазор куб метри мукааб об рост меояд.

 

Новобаста ба ин Тоҷикистон нахустин шуда, бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланд ташаббус нишон дода, ба ҷаҳониён дар мавриди  ҳифзи оби нушокӣ,  оқилона истифода бурдани он ва таъмини аҳолии сайёра бо оби тозаро  ба миён гузошт ва маҳз бо иқдоми наҷиби Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи об барои ҳаёт» эълон карда шуд.

 

Бо ин ҳама саъю талоши Роҳбарияти кишварамон мо тоҷикистониён бояд обро манбаи ҳаёт интихоб кунем ва барои  пешгирии ҳама гуна мушкилоти вобаста ба об дар арсаи байналмилалӣ диққати ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем. Зеро об манбаъи ҳаёт аст.    

 

Иқдоми Тоҷикистон дар мавриди эълон намудани солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи об барои  ҳаёт»  иқдоми наҷиб дар роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва дастрасии аҳолии ҷаҳон ба об, ҳамчун неъмати бебаҳои худодӣ мебошад. Зеро тибқи нишондодҳои оморӣ қариб 1 миллиард дар Осиё,  100 миллион дар Амрикои Лотинӣ ва 350 миллион аҳолӣ дар қитъаи Африқо аз нарасидани об танқисӣ мекашанд.

 

-Яке аз масъалаҳое, ки дар конфронс бояд мавриди баррасӣ қарор гирад, ин ҳамкории давлатҳо дар мавриди истифодаи оби дарёҳои фаромарзӣ аст. Нигоҳи Шумо ба ин масъала?

 

-Воқеъан,  масъалаи истифодаи оби дарёҳои фаромарзӣ имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳим буда, он дар байни кишварҳои минтақа мушкилот ва проблемаҳоро ба бор овардааст. Ва ин масъала мавзӯи яке аз ҷаласаҳои конфронси байналмилалӣ мебошад. Атрофи ин масъала ҳоло хеле баҳсҳои ҷиддӣ рафта истодааст. Агар ба таърих назар афканем проблемаҳои истифодаи обҳои дарёҳои фаромарзӣ ҳанӯз 3500 сол пеш дар Месопотания ҳал шуда буд.

 

Ҳамон вақт мардум масъалаи обро бо якдигар бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва созиш ҳал карда буданд. Бидуни ягон мушкилот ва монеасозиҳо, бидуни ягон муноқиша, танҳо бо роҳи мусолиҳа. Инчунин, дар зарфи 50 соли охир ҷаҳони башарӣ шоҳиди 37 ҳодисаю муноқишаҳо байни давлатҳо дар масъалаи истифодаи об гардидаанд. Ин ҷанги байни Покистону Ҳиндустон барои оби дарёи Ганг, байни Ветнаму Камбоҷа, байни Исроил ва Сурия, миёни Судону Миср, Судону Ҳабашистон ва ғайраҳо мебошад.

 

Бастани Шартнома дар мавриди истифодаи оби дарёи фаромарзӣ дар байни кишварҳои соҳили дарёи Нил мисоли равшани бо роҳи созиш ҳал кардани проблемаи вобаста ба об дар миёни кишварҳои Африқои Шимолӣ аст. Дар соҳили дарёи Нил, ки дарёи фаромарзист, беш аз 170 миллион аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Дар шароити имрӯза дар тамоми дунё 263 дарёи сарҳадгузар аст ва 40% аҳолии дунё дар соҳилҳои дарёҳои кишварҳои фаромарзӣ зиндагӣ мекунанд.

 

Агар истифодаи оби дарёҳои фаромарзиро мо ба осонӣ бо роҳи мусолиҳа ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳал накунем, он метавонад дар оянда мушкилоти дигареро дар муносиботи кишварҳои ҳамсоя ба бор орад. Дар ин маврид Шартномаи кишварҳои соҳили Нил бояд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистону Ӯзбекистон намунаи ибрат гардад. Бояд гуфт, ки ин проблема, яъне мушкилоти истифодаи оби дарёҳои фаромарзӣ, баъди истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омад.

 

Дар даврони Шӯравӣ чунин проблемаҳо вуҷуд надоштанд. Тоҷикистону Ӯзбекистон ин масъаларо бо роҳи хубӣ ҳал мекарданд. Мо ба ивази об аз кишварҳои ҳамсоя дигар маҳсулот мегирифтем, яъне табодул карда мешуд. Дар шароити имрӯз баъзе давлатҳо ин масъаларо дуруст дарк намекунанд ва монеасозӣ доранд.

 

-Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд дарёи фаромарзӣ мавҷуд аст?

 

-70 % дарёҳои Тоҷикистон фаромарзӣ нестанд. Ғайр аз дарёи Панҷ, Ому, Зарафшон ва Сирдарё. Проблемаҳои вобаста ба истифодаи оби дарёҳои фаромарзиро мо бояд дар ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагӣ ва созиш бо Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ҳал намоем. Вақте, ки сухан дар бораи дарёи фаромарзӣ будани дарёи Вахш меравад, он ҳама даъвоҳои кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон, гӯё, ки Вахш дарёи фаромарзӣ аст, асос надорад.

 

Зеро 554 километри дарёи Вахш дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ аст ва он ба гурӯҳи дарёи фаромарзӣ дохил намешавад. Ин андешаро соле қабл яке аз коршиносони шинохтаи намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ  ва Аврупо Рагувир Шарма иброз дошта буд. Мавсуф зикр карда буд, ки Вахш дарёест, ки дар марзи Тоҷикистон аст ва Тоҷикистон ҳуқуқи бунёди дилҳоҳ иншооти обиро дар он дорад. Ва ягон кишвари бегона ҳуқуқ надорад, ки дар ин масъала ба Тоҷикистон дахолат намояд.

 

Дар конфронс инчунин, масъалаҳои пешгирии офатҳои табиӣ, оқилона истифода бурдани об, ҳифзи обҳои табиӣ баррасӣ мегарданд. Яке аз масъалаҳои умдаи он ҳамкории кишварҳои минтақа дар мавриди истифодаи оби дарёҳои фаромарзӣ аст. Ва умед аст, ки бо иштироки созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя ин масъала баррасӣ шуда, роҳи ҳалли худро меёбанд. Бояд як нуқтаро таъкид кард, ки дар мавриди сохтмони НБО «Роғун» дар дарёи Вахш Тоҷикистон ҳамагӣ 5% оби ин дарёро дар як сол нигоҳ медорад. Бояд ин масъала тибқи асосҳои илмӣ ва бо дахолати коршиносони байналмилалӣ роҳи ҳалли худро ёбад.

 

Бояд зикр кард, ки дар соли 1965 ба баҳри Арал то 64 куб км об ворид мешуд, ҳозир бошад ин миқдор об нарафта истодааст. Чунки кӯлҳои сунъӣ дар ҳудуди Ӯзбекистону Туркманистон пайдо шуданд. Танҳо кӯли Ҳайдаркӯл 46 куб километр об дорад. Коршиносони байналмилалӣ  бояд дар ин маврид низ санҷиш гузаронанд. Зеро вақтҳои охир дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ истифодаи оби дарёҳои фаромарзӣ ангезаи сиёсӣ касб кардааст, ки ба бастани роҳи оҳани байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, манъ кардани вагонҳои молу ашёи барои мардуми тоҷик аввалиндараҷа ва зарур дар қаламрави Ӯзбекистон оварда расонидааст.

 

Ман фикр мекунам, ки банд кардани роҳҳои коммуникатсионӣ ва дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор додани Тоҷикистон ва мардуми он,  роҳи ҳалли масъала дар мавриди истифодаи оби дарёҳои фаромарзӣ нест. Дар ин масъала ҳар ду кишвари ҳамсоя, бояд роҳи музокирот ва мусолиҳаро пеш гиранд, на ба вуҷуд овардани мушкилоти коммуникатсионӣ ва монеасозиро.

 

-Новобаста дорои захираи бои табиӣ, бахусус захираи бои обӣ будани Тоҷикистон, дар кишварамон мушкилоти бо оби ошомиданӣ, яъне оби тоза таъмин кардани аҳолӣ камбудиҳо низ мушоҳида мегараданд. Назари Шумо ба ин мавзӯъ?

 

-Бояд як нуктаро зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати захираҳои обӣ зинаи 8-умро ишғол менамояд, дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  бошад, баъд аз Русия  дар ҷои дуюм қарор дорад. 52% масоҳати Тоҷикистон бо об таъмин аст.  Ва Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳистон аст, маҳалҳое низ дорад, ки аз нарасидани об танқисӣ мекашад. Об ҳам барои рушди иқтисодиёт ва ҳам барои рушди соҳаи кишоварзӣ муҳим ва зарур буда, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург такондиҳандаи  рушди устувори иқтисодиёти миллии ҳар як кишвар аст.

 

Ҳанӯз ҷиҳати таъмини аҳолии пойтахт бо оби тозаи ошомиданӣ дар давраи роҳбарии Қаҳҳор Маҳкамов пешниҳод шуда буд, ки барои таъмини аҳолии шаҳри Душанбе оби Сиёмаро тавассути қубурҳо оварда, истифода намоянд. Ҳатто то ҳанӯз дар ҳамон ҷо қубурҳо вуҷуд доранд. Оби Сиёма аз лиҳози экологӣ тозатарин об аст ва олимони тоҷик бар он андешаанд, ки оби Сиёма беҳтарин оби нушокӣ аз лиҳози таъм мебошад. 

 

Алҳол,  бархе аз қисматҳои пойтахт аз оби дарёи Варзоб истифода менамоянд. Оби ин дарё дар мавсими тирамоҳу баҳор бо боридани боронҳои пай дар пай ифлос мегардад. Инчунин, оби ин дарёро асосан он мардуме, ки қад-қади соҳилҳои дарёи Варзоб истиқомат менамоянд ва истироҳатгоҳҳое, ки дар ин мавзеъ сохта шудааст, ифлос менамоянд. Яъне,  мардум аз маърифати экологӣ дуранд. Дар ин самт бояд тадбирҳои  мушаххас андешид.

 

Зеро оби ифлос боиси паҳншавии ҳар гуна бемориҳои  сироятӣ мегардад. 80% бемориҳо, хусусан касалиҳои сироятӣ дар дунё аз истифодаи оби ифлос ба вуҷуд омада, паҳн мешаванд. Бояд дар байни мардум ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури экологӣ корҳои тарғиботиро пурзӯр намуд.

 

-Баргузории чунин як конфронси байналмилалӣ дар баланд гардидани обрӯю эътибори  Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ то чӣ андоза мусоидат менамояд?

 

-Дар конфронс намояндагони 192 давлат ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок менамоянд. Дар он сиёсатмадорон ва коршиносон, олимон маърӯзаҳо намуда, роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба обро матраҳ менамоянд. Шиносоии ҳайатҳои ба конфронс даъватшуда, бо дастоварду пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон, ин худ бевосита ба баланд гардидани имиҷи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони муосир ва муарифии ин сарзамини офтобӣ ба оламиён мусоидат менамояд.

 

Мусоҳиб, Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2411-2010-06-03-12-53-32.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854