Аз нишасти матбуотии Прокурори вилояти Хатлон
«Фишурдаи ахбороти нишасти матбуотии Прокурори вилояти Хатлон, генерал майори адлия Зоирзода Икром Оймаҳмад оиди ҳолати риояи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар вилояти Хатлон дар давоми 2025» аз санаи 29.01-соли 2026.шаҳри Бохтар.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма
Назорати умумӣ яке аз самтҳои муҳими назорати прокурорӣ буда, дар ин муддат, вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ 1809 санҷишҳо гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ҳамагӣ 38881 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд, ки нисбати соли гузашта 2406 адад, ё 6,5 % зиёд мебошад. Бо натиҷаи санҷишҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 7330 амр, 5153 эътироз ва 3323 пешниҳод оварда шуда, 5719 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 4509 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 11420 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Кор дар самти барқарор намудани зарар беҳтар шуда, маблағи 433,7 (367,9 млн.) млн. сомонӣ барқарор шудааст, ки назар ба соли гузашта 65,8 млн. сомонӣ ё 18 % зиёд мебошад.
Вобаста ба қонунгузории буҷет 56 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он 680 қон унвайронкуниҳо ошкор карда, дар натиҷа 146 амр, 52 эътироз ва 62 пешниҳод оварда шуда, нисбати 103 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 205 нафар моддӣ ва 52 нафар маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 2.2.млн. сомонӣ (1,6 млн.)зарар барқарор карда шуда, 52 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба азонихудкунии молу мулки ғайр оғоз ва тафтиш карда шудаанд.
Прокуратураи вилоят оиди таъмини қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ 87 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он 3647 қонунвайронкунӣ ошкор карда, дар натиҷа 808 амр, 41 эътироз ва 142 пешниҳод оварда шуда, нисбати 310 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 1639 моддӣ, 616 нафари дигар маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 102,6 (65, 8 млн.) млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 89 (23) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати амалисозии меъёрҳои қонуни мазкур чораҳои зарурӣ дар маҷмӯъ 694 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуда, дар натиҷа 66 амр, 15 эътироз ва 194 пешниҳод оварда шуда, нисбати 198 нафар истеҳсолоти интизомӣ ва 218 маъмурӣ ва 4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз ҷониби прокуророн барои бекор кардан ва ба қонун мутобиқ гардонидани 619 қарору амрҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз ва пешниҳод оварда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 адад зиёд мебошад Аз шумораи умумии 619 -қарору амрҳои эътирозшуда, 473 адади он, ё ин ки 76 % вобаста ба замин мебошанд. Аз шумораи умумии 473 қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи раисони шаҳру ноҳияҳо, ки доир ба ҷудо кардан ва вобаста намудани замин буда, барои бекор карданашон эътироз ва пешниҳод оварда шудаанд, 225 қарор ё ин, ки 48 % қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Дар самти қонунгузории меҳнат 104 санҷиш гузаронида шуда, 2466 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, бо чораҳои эътиноии прокурорӣ оиди фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 82.5 млн. (74 млн.) сомонӣ қарздории музди меҳнат ба манфиати кормандон барқарор карда шудааст.
Дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 154 санҷишҳо гузаронида, аз натиҷаи онҳо 6151 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, баҳри бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 2557 санадҳои прокурорӣ бароварда, 3105 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин алоқаманд 494 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз яке аз самтҳои дигари фаъолияти прокуратура буда, дар ин самт 136 санҷиш гузаронида, 3537 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, бо натиҷаи онҳо баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 2211 санадҳои прокурорӣ бароварда шуда, бо баррасии онҳо 160 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 1127 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 29 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар ин давра дар самти назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт 91 санҷиш гузаронида, 2676 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, ҷиҳати рафъи қонунвайронкуниҳои ошкоргашта чораҳои дахлдори прокурорӣ андешида шудааст.Дар асоси санадҳои прокурорӣ 817832 сомонӣ барқарор карда шудааст.
Ба назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон чун ҳарвақта диққати хоса дода шуда, дар ин давра 166 санҷишҳо гузаронида, 5781 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, бо натиҷаи онҳо 862 амр, 751 эътироз ва 523 пешниҳод бароварда шуда, 1524 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 661 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 1250 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 190 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 29,6 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст. Бо назардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар тарбияи насли наврас ҳолати иҷрои он таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 74 санҷиш гузаронида шуда, 1781 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда,чораҳои эътиноии прокурорӣ қабул гашта, дар ин замина 122 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди вилоят 210 (251) ҷиноят аз ҷониби 178 (184) содир шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024, ба андозаи 20% ҷиноят камтар ба қайд гирифта шудааст. Дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 466 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва бо 380-тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, маблағи зарари ошкоршуда 28 млн. сомонӣ ташкил намудааст.Дар ин самт аз ҷониби прокуратураи вилоят 13 ҷиноятӣ гирифтани пора ошкору ба қайд гирифта шудааст.
Сатҳи содиршавии ҷиноят дар соли 2025 6621(6448) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 173 ҷиноят ё 2,6% зиёд буда, 2533 (2331) ҷиноят ё 38 %-и ин ҷиноятҳо аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор карда шудааст. Кушодашавии ҷиноятҳо 86,03 (83,89) фоизро ташкил дода, ҷиноятҳои харидуфурӯши одамон, ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, одамкӯшӣ,қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир , қочоқи маводи нашъаовар ,таҷовуз ба номус, ғоратгарӣ, ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад, қасдан расонидани зарар ба саломатӣ зиёд шудаанд, ки боз ҳам пурзӯр кардани фаъолиятро дар самти пешгирии ин қабил ҷиноятҳо тақозо менамояд.
Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ҳодисаҳои худкушӣ буда, дар давраи таҳлилӣ 139 (142) ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 72 (65) нафар мардон ва 67 (77) нафар занҳо буда, аз шумораи умумӣ 47 (56) нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Даст ба худкушӣ задан дар байни ноболиғон бошад, дар ин муддат 33 (32) нафарро ташкил дода, ҳамаи онҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна мебошанд.Вобаста ба ин қабил ҳодисаҳо 12 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудаанд.
Фаъолият дар самти назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ бо пуррагӣ таъмин карда шудааст. Дар соли ҷорӣ аз ҷониби прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят бо 366 парвандаҳои ҷиноятии дар судҳо баррасӣ гардида шахсан айбдоркунии давлатӣ дастгирӣ карда шудааст.Ҳолатҳои аз ҷониби судҳо баровардани ҳукми сафедкунанда ҷой надорад.Аз тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳо ба санадҳои ғайриқонунии судҳо 58 эътирози кассатисонӣ, 7 эътирозҳои хусусӣ ва аз тарафи прокурори вилоят 66 эътирози назоратӣ, ҷамъ 131 эътироз оварда шудааст.Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 70 эътирози кассатсионӣ баррасӣ гардида, аз ин 48 эътироз ё 68,5 фоиз қонеъ гардидааст.
Фаъолият дар самти назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои иқтисодӣ, маданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ ҷоннок карда шуда, дар ин давра ба судҳои умумӣ 367 аризаҳои даъвогӣ ба маблағи 9,4 млн. сомонӣ ва ба суди иқтисодӣ 62 даъво ба маблағи 55,1 млн. сомонӣ оварда шудааст, ки аксарияти онҳо то ба имрӯз баррасӣ ва қонеъ гардидаанд.
Баҳри тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ ҳамагӣ 156 ахборот, азҷумла ба иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқ 56 дар байни аҳолӣ 53 ва коллективҳои меҳнатӣ 47 маротиба ахборот дода шудааст. Ғайр аз ин, дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ 4464 маротиба бо баромаду сӯҳбатҳо ва тавассути васоити ахбори умум 982 , аз ҷумла дар матбуот 372, ба воситаи радио 294 ва тавассути телевизион 316 маротиба оид ба натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти зиёди ҷамъиятӣ дошта, баромад кардаанд.
Умедворам, ки дар ин замина ҳамкории прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо бо расонаҳои хабарӣ дар соли 2026 боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гашт.
Нишасти матбуоти бо иштироки бештар аз 30 нафар журналистони васоити ахбори оммаи марказӣ ва маҳаллӣ (радио, матбуот, телевизион), колрмандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуророни як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят санаи 29.01. соли 2026 дар толори прокуратураи вилоят доир гашт.
Шарҳи Варқаи Зайниддин
















