17:10:17 19-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Муҳаққиқони ДОМ лӯбиёи ба хушкӣ тобоварро муайян намуданд

Олимоне, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) кор ва фаъолият мекунанд, дар бораи навъи лӯбиё, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқ аст, мақоларо нашр карданд.

parvarishi-lubiyo 12457878Таҳқиқоти ДОМ ба деҳқонон дар мубориза бо мушкилоти агротехникӣ, ки ба баландкӯҳҳои хушкзамини Афғонистон хос аст, кӯмак хоҳад кард. Кори анҷомёфта бахусус дар давраи бӯҳрони дар пешистодаи озуқа дар ин мамалакат аҳамияти калон дорад. Тибқи пешгӯиҳои Таснифоти Ҳамгирошудаи Амнияти Озуқаворӣ (IPC) барои соли 2022, 23 миллион нафар ё тақрибан нисфи аҳолии Афғонистон дар шаш моҳи оянда ба норасоии шадиди ғизо дучор шуда аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд.

Лӯбиё дар баробари дигар зироатҳои лӯбиёгӣ дар ғизои мардуми Афғонистон нақши муҳим дорад. Лӯбиё аз антиоксидантҳо, минералҳо ва витаминҳо бой аст ва дорои моддаҳои кимиёвие мебошад, ки ба коҳиш додани хатари саратон мусоидат мекунанд.

Дар солҳои охир дар хоҷагиҳои Афғонистон киштукори лӯбиё афзуд. Бо вуҷуди ин, дар парвариши лӯбиё як мушкилоти ҷиддие ба вуҷуд омад: лӯбиёи маъмулӣ ба объёрии зиёд мӯҳтоҷ дорад. Масалан, таҳқиқотҳои Бразилия, Чили ва Эрон нишон медиҳанд, ки норасоии об ҳосилнокии лӯбиёгиҳоро паст мекунад.

Афғонистон бо иқлими хушк ва нимхушки худ ва бо боришоти хеле кам дар тобистон маъмӯл аст. Дар даҳсолаҳои охир хушксолие, ки боиси норасоии об гардид ба манотиқи хушки кӯҳистон таъсири манфӣ расонд. Ин хушксолӣ боиси хеле кам шудани заминҳои корам ва паст шудани ҳосилнокӣ гардид. Боришоти кам мушкилоти иловагиро барои амнияти озуқавории оилаҳои афғон, бахусус кӯдакон эҷод мекунад.

Таҳқиқоти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Бомиёни Афғонистон анҷом дода шудааст. Мардону заноне, ки аз муаллимон, ходимони ҷавони илмӣ ва донишҷӯён иборат буданд дар таҳия ва иҷрошавии лоиҳаҳо саҳми худро гузоштанд. Ин лоиҳаҳо дар асоси амнияти озуқаворӣ, беҳбуди воситаҳои зиндагӣ ва ҳифзи захираҳои экологӣ дар вилояти Бомиён, саҳм гузоштанд. Боиси зикр аст, ки ин вилоят дар қисми ғарбии кӯҳҳои Ҳиндукуш ҷойгир буда, бо зимистони хунук ва боришоти кам фарқ мекунад.

Барои баҳисобгирии ҳама гуна фишори экологӣ, муҳаққиқон дар тӯли ду сол як қатор таҳқиқотҳоро бо лӯбиё анҷом доданд. Дар соли 2018 онҳо якчанд навъҳои лӯбиёи маъмулӣ, аз ҷумла лӯбиёи ало, сурх, сафед, сиёҳ ва холдор шинонданд. Дар охири соли аввал олимони ДОМ ду навъи лӯбиёро муайян карданд - лӯбиёи сурх ва лӯбиёи ало, ки ба шароити иқлими хушк мутобиқ буда, нисбати дигар навъҳо тезтар расида, ғундошта мешаванд. Ҳосили барвақт имконият медиҳад, ки растаниҳо аз норасоии об, ки дар мавсими охири парвариш ба амал меояд, ранҷ накашанд.

Дар соли дуюм лӯбиёи сурх вазн ва ҳосилнокии баландро нишон дод. Вазни зироатҳои лӯбиёгӣ нишондиҳандаи қобилияти растанӣ барои муқовимат ба бемориҳо, ҳашаротҳо ё шароити номусоиди муҳити зисте, ки зичии маводи ғизоиро кам мекунад, мебошад. Вазни баланди лӯбиёгиҳо одатан арзиши баланди энергетикии онҳоро нишон медиҳад.

Ҳосилнокӣ вазни зироатро дар як қитъаи мушаххас дар назар дорад, ки омили дигари муҳим барои маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Инчунин, ҳосилнокӣ барои ба даст овардани даромади бештари деҳқонон муҳим аст.

Дар таҳқиқоти ДОМ, ки ба наздикӣ дар маҷаллаи Agronomy нашр шудааст, гуфта мешавад, ки "бо назардошти иқлими хушк ва сахти минтақаи марказии кӯҳистони Афғонистон, бахусус вақте ки оби обёрӣ маҳдуд аст, кишти лӯбиёи сурх беҳтарин усул мебошад". Бо вуҷуди ин, ҳар ду навъ — лӯбиёи сурх ва ало — барои хоҷагии қишлоқи вилоят мувофиқ дониста мешаванд.

Корҳои саҳроӣ дар Афғонистон дар чаҳорчӯби барномаи сесолаи ДОМ “Роҳҳо сӯи навоварӣ” (P2I) барои пешбурди дониш ва малакаҳои таҳлилӣ дар риёзиёт, илм ва сиёсати иқтисодӣ дар Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ карда шуданд. Барнома аз ҷониби Маркази таҳқиқоти байналмилалии рушд ва Бунёди Оғохони Канада маблағгузорӣ шудааст.

Аз соли 2017 то соли 2019 дар вилояти Бомиён панҷ лоиҳаи таҳқиқотӣ амалӣ гардиданд. Лоиҳаҳо ба ҳалли як қатор масъалаҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, аз ҷумла таҳлили хароҷот ва фоидаи навъҳои гуногуни зироат; роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии замини зироатҳои анъанавӣ ё навъҳои нав, аз ҷумла зироатҳои мавсимӣ; муайян намудани зироатҳои ба хушкӣ тобовар, ки ба тағйироти шадид ва пешгӯинашавандаи обу ҳаво мутобиқ бошанд; ва кор карда баромадани роҳҳои беҳтар намудани зиндагии ҷомеа, аз қабили сайёҳӣ ё идоракунии об, равона шуданд.

Дар акс: Гурӯҳи таҳқиқотӣ дар қитъаи таҳқиқоти лӯбиё дар ноҳияи Явланг, Бомиён, Афғонистон.

Барои маълумоти бештар лутфан муроҷиат кунед:

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Тел: +996 (312) 621-97

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомона: www.ucentralasia.org

 

Дар бораи ДОМ

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар соли 2000 ҳамчун як донишгоҳи хусусӣ, ғайритиҷоратӣ ва дунявӣ дар асоси Шартномаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва Волоҳазрат Оғохон ба имзо расидааст, таъсис ёфтааст; аз ҷониби парлумонҳои ҳар се кишвар ба тасвиб расида, дар Созмони Милали Муттаҳид ба кайд гирифта шудаст. Донишгоҳ як муассисаи беназири таҳсилоти олӣ мебошад, ки ба рушди ҷомеаҳои кӯҳистон нигаронида шудааст. Шаҳракҳои Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқи он дар Норин (Қирғизистон) ва Хоруғ (Тоҷикистон) мебошанд, ки аз ҷониби меъмори барандаи ҷоиза Арата Исозакӣ тарҳрезӣ шудаанд. Шаҳраки Текелии Қазоқистон ҳоло дар марҳилаи тарҳрезӣ қарор дорад. Мактаби рушди ДОМ дорои се пажӯҳишгоҳи илмӣ мебошад ва Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори он аз соли 2006 инҷониб зиёда аз 180 000 донишомӯзро хатм кардааст.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi