16:31:48 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Манобеи ҳукуматӣ мегӯянд, дар Сурияву Ироқ 300 тоҷик кушта шудааст

Ҷангиёни тоҷик дар Сурия ва Ироқ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буданд, дар як моҳи ахир комилан хомӯш шуданд.

tarkish-syria-565566556.jpgҶангиёни тоҷик дар Сурия ва Ироқ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буданд, дар як моҳи ахир комилан хомӯш шуданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, далели хомӯшии онҳо ин аст, ки аксари онҳо кушта шудаанд ва қисми зиёди дигар бо эҳсоси пушаймонӣ, дар талоши бозгашт ба ватан ҳастанд. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ 3-уми ноябр ба мо гуфт, тибқи иттилои онҳо ҳоло камтар аз 200 нафар ҷавони тоҷик дар Сурия ва Ироқ боқӣ мондааст ва бештар аз 300 нафар кушта шудааст.

Ҷавонони тоҷики пайрави гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” то як моҳи пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли “Фейсбук” ва “Одноклассники” наворҳои таблиғии худро ҷой медоданд ва дар баҳсҳои мазҳабӣ хеле фаъол буданд. Аммо ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, аксари ҷавонони зиндамонда дар талоши бозгашт ба ватан ҳастанд ва ҳоло беш аз 20 падару модар барои бозгашти фарзандонашон, ки гуфта мешавад, то наздикии марзи Туркия омадаанд, кӯмак хостаанд.

Вай гуфт, "ташвиш аз ин гурӯҳи ҷавонон хеле кам шуд. Ҳоло бозгашт ба ватан ҳам зиёд шудааст. Ҳар нафаре, ки бармегардад, мо дар доираи қонунҳои амалкунанда нисбаташон чора мебинем. Онҳое, ки сидқан пушаймон шудаанд, мувофиқи моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди авф қарор мегиранд", - гуфт ӯ. Давоми ду соли ахир ин гурӯҳи ҷавонон, ки шуморашонро беш аз 500 нафар гуфта мешуд, пайваста аз макони зист, саҳнаҳои ҷанг ва кушта шудани ҳамроҳонашон аксу видео нашр мекарданд. Ҳоло наздикони афроде, ки дар минтақаҳои таҳти назорати гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣқарор доранд, тамосҳои худро ба наздиконашон кам кардаанд ва сӯҳбатҳои охирашон низ оҳанги пушаймонӣ дорад.

Абдулҳафиз Шукуров, падари як ҷавони тоҷике, ки писараш як соли охир дар Сурия қарор дорад, мегӯяд, 10 рӯзи пеш хеле ҳаросон ва мухтасар аз баргаштанаш ба ватан хабар дод, аммо дигар нопадид шуд. Ин мард мегӯяд, писараш даҳ рӯзи пеш гуфта буд, ки ду рӯз пас ба Туркия мерасад ва мақомотро дар ҷараён гузоранд, то ӯро ба Тоҷикистон биёранд. Ӯ гуфт: “Мо огоҳ кардем ва кормандони милиса гуфтанд, ки расид, хабар диҳед. Намедонам, ба ӯ чӣ шуд, ки дигар ҳеҷ занг назад. Сахт дар хавотир шудаем. Ӯро фиреб дода бурда буданд, дигар намедонем, ба сараш чӣ омад. Ӯ куҷо рафт, чӣ кор кард, ягон хабар нест”, гуфт Абдулҳафиз Шукуров. Фарзанди ин мард 22 сол дорад ва соле пеш аз тариқи Русияву Туркия ба Сурия рафтааст.

Аммо Майрамбӣ Олимова, як модари тоҷик, ки духтараш ҳамроҳ бо шавҳар ва се фарзандаш ба Сурия рафта буд, 4-уми ноябр ба мо гуфт, ду ҳафта пеш духтараш ба ӯ аз хоки Ироқ занг зад. Хонум Олимова мегӯяд, духтараш моҳҳо боз бо ӯ дар тамос набуд, аммо бори охир гуфтааст, ки аз Сурия ба Ироқ омадааст. “Ӯ занг мезанад, ман аз гиря гап зада наметавонам. Гуфт, ки дар Сурия вазъият хеле бад аст ва онҳо аз он ҷо ба Ироқ рафтанд. Гуфтамаш, ки "кай меоӣ?", гуфт, ки пас аз тавалуди фарзанд”. Гулрӯ Олимова ҳамроҳ бо ҳамсараш Лоиқ Раҷабов моҳи сентябри соли 2014 ба Сурия рафта буд. Дар тамосҳои телефонӣ ба модараш ин зан гуфтааст, ки шавҳараш кушта шудааст ва худаш бояд то моҳи ноябр фарзанди чорумашро ба дунё биёрад.

Аммо дар мавриди ғайб задани ҷангиёни тоҷик аз шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳо яксон нест. Ҷаҳонгир Собиров, як ҷавони тоҷик, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона истифода мебарад, мегӯяд, бори охир баъзе ҷангиён дар шарҳҳои худ ба якдигар ҳушдор медоданд, ки аз зикри макони будубош ва рақами телефон худдорӣ кунанд, зеро метавонанд мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои Русия, Амрико ва дигар ҳампаймононаш қарор бигиранд.

Ӯ гуфт: “Ин ҳарфҳо миёни онҳо пас аз маъюб шудани Гулмурод Ҳалимов ба миён омада буд. Онҳо ақида доштанд, ки Гулмуродро маҳз аз рӯи телефони мобилаш задаанд. Дар шарҳҳои зери аксҳояшон мушоҳида мекардам, ки онҳо ҳамдигарро аз истифодаи телефону интернет ҳушдор медоданд. Пас аз ин кӯр кардани суратҳову гум шудани саҳифаҳояшон оғоз шуд. Ба фикрам, ба хулосае расидаанд, ки дигар интернету телефон истифода накунанд. Зеро истифодаи интернет ва тамошои наворҳои таблиғӣ бисёриҳоро аз ин ҷангҳо пушаймон кард ва онҳо ба ватан баргаштанд”, гуфт ӯ.

Ҳанӯз ду соли пеш бо нашри наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣҷавонони тоҷик аз ҳузури худ дар Сурия ва Ироқ хабар дода буданд. Тибқи охирин иттило, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон - ҷавонони тоҷике, ки ба гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ба беш аз 500 нафар мерасид. Аммо ҳоло, ба гуфтаи мақомот, беш аз 300 нафари онҳо кушта, беш аз 50 нафар ба ватан баргашта ва танҳо камтар аз 200 нафари дигар дар Сурия ва Ироқ боқӣ мондааст.

«Озодӣ»

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi