19:34:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Убайдуллоев: "То вақте сари вазифа ҳастам, касе аз хонандагон пул намегирад"

Шаҳрдори Душанбе аз омӯзгорону мудирони мактабҳо ва идораи маорифи пойтахт хост, ба пулситонӣ дар мактабҳо хотима бахшанд, вагарна ба гуфтаи ӯ то замоне сари вазифа ҳаст, оянда надоранд.

mahmadsaid-ubaydulloev_4512.jpgМаҳмадсаид Убайдуллоев - шаҳрдори Душанбе аз омӯзгорон, мудирони мактабҳо ва идораи маорифи пойтахт хост, ба "пулситонии ғайриқонунӣ" аз муҳассилин хотима бубахшанд, вагарна, ба гуфтаи ӯ, то замоне зинда ва сари вазифа ҳаст, оянда надоранд. Ҷаноби Убайдуллоев ин ҳарфҳоро баъд аз зӯҳри 18 апрел дар маросиме бахшида ба "Рӯзи пойтахт" дар толори "Душанбе-Плаза" баён дошт.

Ӯ гуфт, "то вақте дар вазифа ҳастаму зинда ҳастам, Худо насиб кунад, оянда надорад он раҳбари мактабе, ки аз хонандагон пул меситонад. Ҳатто аз мактаби таърифии рақами як сар карда." Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, дар ҳоли ҳозир омӯзгорони пойтахт ҳадди ақалл 800-1000 сомонӣ маош мегиранд, ки ба қавли ӯ агарчӣ зиёд нест, "аммо бад ҳам нест".

То кунун бисёре аз сокинон на танҳо дар пойтахт, балки дар минтақаҳои дигари кишвар низ аз пулгирии устодон гоҳе барои таъмир ва гоҳе дигар барои ҷашни зодрӯз аз хонандагон шикоят карда буданд. Аммо коршиносон мегӯянд, то замоне маоши муаллимон ба ҳадди кофӣ боло бурда нашавад, то бори зиндагияшонро бикашанд, баид аст, ки ин мушкил батамом аз ҷомеаи Тоҷикистон рӯфта шавад.

"Эволютсия" ба ҷои "револютсия"

Шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар сӯҳбати рӯзи шанбеяш дар ҳоле ки сокинонро барои пешрафти бештар даъват мекард, гуфт, дар панҷ соли оянда қасди "револютсия"-ро надоранд, аммо афзуд, ҳатман "эволютсия" хоҳанд кард. "Дигаргуниҳои эволютсионӣ дар мафкураи ҳар як сокини пойтахт бояд ҷой дошта бошад. Мардум, ки аз мо хизматҳои сифатнокро интизоранд, Худо насиб гардонад, иҷро мекунем,"-таъкид дошт ӯ.

Убайдуллоев дар идомаи баромадаш илова кард, "чӣқадар табадуллот дар дунё шуда истодааст. Худованд мову Шуморо низ волотарин махлуқ халқ кардааст. Ақл додааст. Даҳҳо имконияти дигар додааст, пас, чаро мо ин суботи сиёсӣ ва ин ваҳдати миллие, ки насиби мо гардондааст, болотар аз гавҳараки чашм нигоҳ надорем?"

Рӯзи 18 апрел шаҳрдори Душанбе ба ғолибони ниммарафони байналмилалӣ ва беҳтарин омӯзгорону соҳибкорони пойтахт низ ҷоизаҳо тақдим кард ва дар айни замон гуфт, иддае аз сокинон изҳор доштаанд, ки дар расонаҳо чаро ҷоиза додани Убайдуллоевро мегӯянду аз ҳисоби кӣ будани ин маблағҳоро не? Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид кард, ӯ борҳо гуфтааст ва ҳоло ҳам мегӯяд, ин маблағҳо аз ҳисоби соҳибкорон ё бахши хусусӣ будаанду ҳастанд.

"Ташаккур, ки... мо барин раисонро тоқат мекунанд"

Шаҳрдори Душанбе, ба ин тартиб, ба суолҳо дар бораи он ки баъзеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, "Убайдуллоев кори дигар надорад, ки беҳтарин кӯчарӯбро эълон мекунад?" низ посух дод. Ӯ гуфт, "ман, баръакс, ташаккур мегӯям, ки ин занҳо мо барин раисонро тоқат мекунанд. Техникае талаб намекунанд, ки аз хона истода тозагии шаҳрро идора кунанд."

Ин аст, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев аз сокинон даъват кард, меҳнати ин занҳоро қадр кунанд ва аз ронандагон хост, бахусус дар вайти саҳар эҳтиёткор бошанд. Ӯ дар ин маврид аз садамаи Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар соли гузашта ёдоварӣ кард, ки боиси ҳалокати зани кӯчарӯб Зеварбону Пироваи 53-сола дар наздикии меҳмонхонаиҲятт Реҷансӣ шуда, аммо бар асоси қонуни афв аз боздошт раҳо шуда буд.

Ба нақли шоҳидони ҳодиса, суръати “Мерседес”-и Холиқзода ҳангоми зарба ба тани зани 53-сола ба андозае баланд буда, ки ҷисми зан пора шудааст. Ду ҳамкори Зеварбону Пирова бо дидани воқеа аз ҳуш рафтаанд ва баъд аз зарба ронанда мошинро бознадошта, аз ҷойи воқеа фирор кардааст. Шахсияти ронанда танҳо баъд аз як рӯз ошкор гашт ва зоҳиран, расонаӣ шудани воқеа мақомотро водор карда буд, то парванда боз кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi