15:55:32 02-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

"Квестнет" дар ҳайати "ТАКТ Сервис" дар Тоҷикистон боқӣ монд

Намояндагии "Квестент" (QNet) дар Тоҷикистон бо номи дигар сабт шуда, фаъолияташро аз ин ба баъд на мустақим, балки тавассути як созмони маҳаллӣ бо номи "ТАКТ Сервис" идома хоҳад дод.

sayhomid-mahmudov-65234545.jpgНамояндагии ширкати "Квестнет" дар Тоҷикистон, ки раҳбараш Сайҳомид Маҳмудов, аз пайвандони Маҳмадсаид Убайдуллоев муаррифӣ мешуд, тағйири ном карда, фаъолияташро ин дафъа на мустақим, балки тавассути як ширкати маҳаллӣ бо номи "ТАКТ Сервис" идома хоҳад дод. Як масъули ин ширкат рӯзи 18 апрел дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз ҳоло бо "ТАКТ-Сервис" қарордоди ҳамкорӣ бастаанд ва аз ин ба баъд тамоми додугирифти онҳо тавассути ин ширкат анҷом хоҳад шуд.

"Хадамоти мо аз ин ба баъд тавассути ин ширкати маҳаллӣ анҷом мешавад. Бо ҳамаи муштариёне, ки қаблан доштем, ҳамкорӣ мекунем ва аксар хадамоти мо, аз ҷумла интернет-магазин боқӣ мондаанд,"-афзуд мусоҳиби мо. Аммо ӯ тафсилоти бештар надод, ки чӣ маҷбур кард, то намояндагии "Квестнет" дар Тоҷикистон фаъолияташро тағйир диҳад.

Як моҳ пеш, рӯзи 18 апрели марти соли ҷорӣ, намояндагии "Квестнет" дар Тоҷикистон тариқи расонаҳои расмии кишвар эълон кард, ки барҳам мехӯрад ва аз сокинон хост, тамоми шикояту дархости худро дар ин муддат ба онҳо бирасонанд.

"Квестент", ки тайи солҳои ахир бо номҳои QNet фаъолият мекунад, соли 1998 дар Ҳонконг таъсис ёфта, аз соли 2006 ба ин сӯ дар Тоҷикистон муштариёни зиёде пайдо кардааст. Номи ин ширкат дар пайи баҳсҳои сокинон дар Радиои Имрӯз расонаӣ шуд, ки "Квестнет"-ро дар фиребкорӣ муттаҳам карданд.

Аммо Сайҳомид Маҳмудов, ки раҳбари ширкати QNet ва аз пайвандони Маҳмадсаид Убайдуллоев муаррифӣ мешуд, тобистони соли гузашта бо баргузории як нишасти хабарӣ дар Душанбе ин иддаоро рад кард ва гуфт, ширкати онҳо барои Тоҷикистон зиёновар аст. Маҳмудов афзуд, худи ӯ ба ин ширкат баъд аз фаъолияташ дар Шӯрои адлия омадааст ва ба гуфтаи вай, қаллобиро аз тиҷорат фарқ карда метавонад.

Ба қавли Маҳмудов, муштариёни онҳо соҳибкорони мустақил ҳастанд ва ширкат ба онҳо танҳо маҳсулот пешниҳод мекунад ва намояндагони мустақил худ тасмим мегиранд, ки моли ширкатро тарғиб хоҳанд кард ё не. Гузашта аз ин, муштарӣҳақ дорад, баъди харидории маҳсулоти ширкат то 7 рӯз онро бозпас гардонад ва пулашро бигирад.

Ӯ дар ин нишасти хабарӣ пайвандаиш бо Убайдуллоевро низ тасдиқ карда ва аммо гуфта буд, раиси шаҳр ҳеч рабте ба ин ширкат надорад: "Ягон кас ин ширкатро пуштибонӣ намекунад, чунки он ба пуштибон ниёз надорад. Фаъолият ин ширкат дар Тоҷикистон аз соли 2006 оғоз шуд, аммо ман соли 2008 ба он шомил шудам. Ӯҳатто то рӯзҳои наздик намедонист, ки ман дар QNet кор мекунам ва ҳатто дар бораи фаъолияташ фаҳмише ҳам надоштанд, то он даме ки худам каму беш маълумот надодам."

Мӯҳтавои QNet аз он иборат буд, ки шахс бо тавсияи нафаре, ки қаблан тариқи сомонаи ин муассиса барои худ ҷавоҳироти тило, ба монанди соат, сикка, занҷира, таҷҳизоти тиббӣ, техникӣ ва ё роҳхати сафарҳои сайёҳӣ харидааст, яке аз ин маҳсулотро интихоб мекунад. Маблағи ҳадди ақали харид беш аз 500 долларро ташкил дода ба он 10 доллар ҳаққи воридшавӣ ва беш аз 20 доллар ҳаққи роҳкирои мол низ илова мегардид.

Аммо “кормандон”-и ширкат ё фурӯшандагони он муштариро водор мекунанд, ки харидани ин ашё танҳо як навъ шарти узвият дар ширкат аст ва узвият дар оянда ба онҳо даромади бузург меорад. Ин аст, ки баъзе аз ҷабрдидаҳо фаъолияти ширкатро бештар чун пирамидаи молӣ арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ҳатто бо гузашти 1 рӯз ҳам намояндагони ширкат барои бозпас гирифтани маҳсулоти фурӯхтаашон розӣ нашудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi