16:19:08 02-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Кумитаи дин: Манъи ҳаҷҷи то 35-солаҳо сабаби воҷиб дорад

Кумитаи дин мегӯяд, маҳрум шудани то 35-солаҳои Тоҷикистон аз сафари ҳаҷ танҳо ба хотири эҳтироми бузургсолон гирифта шудааст, ки тавони адои зиёрати хонаи Худоро доранд.

hajj-875445124545.jpgМасъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон рӯзи 13 апрел бо нашри баёнияи расмӣ маҳрум шудани шаҳрвандони то 35-солаи кишвар аз ҳаққи сафар ба ҳаҷро шарҳ доданд.

Онҳо гуфтанд, "ин тасмим танҳо ба хотири эҳтироми бузургсолон гирифта шудааст, ки синнашон алакай ба ҷое расидааст ва тавону орзуи адои зиёрати хонаи Худоро доранд." Дар ҳоле ки ба қавли мақомот, "тайи чанд сол аст, ҷониби Арабистони Саудӣ ба хотири бозсозии атрофи хонаи Худо 20 фоизи ҳиссаи ҳаҷравандагони кишварҳои мусулмониро ихтисор намудааст."

Аммо дар ин баёнияи расмӣ гуфта нашудааст, оё ин қарор танҳо барои маъракаи ҳаҷҷи имсола дахл дорад ё дар солҳои минбаъда низ амалӣ хоҳад шуд? Оё тақдири онҳое, ки бояд дар ин сафар падар ё модари пири худро ҳамроҳӣ мекарданд, чӣ хоҳад шуд?

Рӯзи 11 апрел бархе аз манобеи мо гуфтанд, шаҳрвандони то 35-солаи Тоҷикистон аз ҳаққи сафар барои зиёрати Каъба маҳрум шудаанд. Ба дунбол Абдуҷалол Ализода - мудири шуъбаи ҳаҷҷи Кумитаи дин, дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо мо гуфт, маҳрум шудани то 35-солаҳо ба масъалаи мубориза бо ифротгароӣҳеч рабт надошта, балки роҳ кушодан ба сафари одамонест, ки "синнашон ба ҷое расида"-ву аммо навбаташон дер меояд.

Ӯ афзуд, "нафароне, ки синнашон хеле болост, бисёр дар навбат мондаанд ва ба ҳамин хотир ин тасмимро гирифтем, ки бигзор пирони 70-80-сола зудтар раванд ва дар ормон намонда, фарзи исломро ба ҷо оранд." Оқои Ализода илова кард, дар гузашта шуморе аз афроди пир ба онҳо шикоят карда будаанд, ки навбаташон барои зиёрати Каъба хеле дер мерасад ва онҳо дар ҳаросанд, ки то он рӯз мерасанд, ё намерасанд.

Бархе аз сокинони ҷавон, ки ҳоло дар навбати ҳаҷ буда, аз ин қарори Кумитаи дин норозиянд, низ ин суолро пеш мегузоранд, ки кӣ замонат медиҳад, синни онҳо то 35 мерасад ё на? Як сокини 30-солаи ноҳияи Ашт, ки ин шабу рӯз дар Русия машғули кор аст ва ният дошт, имсол ҳамроҳи модараш ба зиёрати Хонаи Худо биравад, мегӯяд, "модарам танҳост ва қарор буд якҷоя ба Ҳаҷ биравем. Ба бародарам дар ҳукумати ноҳия гуфтаанд, аз 35-солаҳо боло ҳаққи сафари ҳаҷро доранд. Мо чӣ кор кунем? Панҷ соли дигар интизор шинем?"

Сокинон ба ҷои маҳдуд кардани сафари то 35-солаҳо ба ҳаҷ пешниҳод доранд, то мақомоти Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ бихоҳанд, ки "квота"-и зоирон барои кишвари моро афзоиш диҳад. Ҳар сол беш аз 6 ҳазор сокини кишвар ба ҳаҷ мераванд ва, ба қавли бархе аз соҳибназарон, Тоҷикистон барои дархости ҳадди ақалл ҳазор ҷои дигар ҳақ дорад.

Зубайдуллоҳи Розиқ, раҳбари маҷмаи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, чунин қарроро мухолифи аркони ислом ва мояи норозигиҳо дар кишвар донист. Ӯ гуфт, "шояд бо ин корашон ифротгароиро пешгирӣ кардан хоҳанд, аммо ин баръакси ҳол аст. Риши мардумро тарошидан, сатрашонро гирифтан ва ҳоло ҳаҷравӣ намондан... Он озодиҳоеро, ки дар Қонуни асосӣ омадааст, тамоман зери по кардаанд."

Аммо Ибодуллоҳ Калонзода, сархатиби масҷиди "Нури ислом" дар маркази вилояти Суғд, эҳтироми ҷавонон ба ин қарори кумитаи динро, ки назорати сафари сокинон ба ҳаҷро бар уҳда дорад, муҳим донист.

Бо ин ҳол, ӯ гуфт, мақомот бояд ба ҷавононе, ки ҳамроҳи падару модари худ нияти сафари ҳаҷро доранд, имтиёз медоданд: "вале имрӯз чун ин ҳолат пеш омад, бояд ҷавонон аз нигоҳи одоб ба ин қарор эҳтиром гузоранд. Ин гуна тасмимҳо ба дигар шакл низ дар давлатҳои Туркия ва Эрон, азбаски шумори хоҳишмандонаш зиёд аст, гирифта шудааст. Аммо баъзе шахсони калонсоле ҳастанд, ки бе кумаки фарзандонашон тавофи Каъба карда наметавонанд, аз ин лиҳоз агар ба онҳо мақомот иҷозаи рафтан диҳанд, хуб мешуд. Аз нигоҳи шариат ва дин дар ин маврид ҳеч ҳукме нест."

Аз ин пеш Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон гуфта буд, барои қишри кӯҳансоли ҷомеа, аз ҷумла иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣҷиҳати зиёрати ҳаҷ имтиёз дода ва барои бенавбат рафтанашон кумак хоҳад кард. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин рӯзи 9 апрел ба мо гуфт, ҳоло дар бархе навоҳии кишвар навбати сафари ҳаҷ то соли 2024 расидааст ва имтиёзи мазкур имкон медиҳад, иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ ва афроди кӯҳансол маносики ҳаҷро бо истифода аз чунин имтиёзҳо адо намоянд.

Соли 2010 мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки ҳаҷҷи фарзӣ ва ва умра танҳо ба сокинони аз 18-сола то 80-сола иҷоза дода мешавад. Ҳарчанд мақомот ин тасмими худро рӯшан тавзеҳ надоданд, вале иддае бар ин боваранд, ки давлат мехоҳад, ба ин восита пеши роҳи ҷавонҳоеро бигирад, ки ба нияти ҳаҷ вориди Арабистони Саудӣ шуда, дигар барнамегарданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi