Рушди иҷтимоӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст
Тоҷикистон аз ҷиҳати рушди иҷтимоӣ, бино ба гузориши созмони "Social Progress Imperative" миёни 133 кишвар ҷойи 96-умро гирифта, назар ба соли гузашта як зина поин рафтааст.
Оё оддитарин ниёзҳои мардум бароварда мешаванд? Оилаҳо заминаҳои хуби некӯаҳволӣ доранд? Як инсон чӣқадар имконият дорад, ки зиндагии худро беҳтар кунад? Ин пурсишҳои умда боз ба шохаҳои хурде тақсим мешаванд, ба монанди дастрасӣ ба ғизо, хадамоти бунёдии тиббӣ, об ва амнияти шахсӣ, имкони омӯзиш, интихоб кардани тарзу роҳи зиндагӣ, муҳити солими зист ва ғайра.
Вақте ҳаёти мардуми Тоҷикистонро аз рӯйи ин нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ карданд, маълум шуд, он кишварест, ки дар байни 133 кишвари дигар ба камтарин рушди иҷтимоӣ даст ёфтааст. Шохис (индекс)-и имсола поёнтар аз соли гузашта аст ва ин нишон медиҳад, ки вазъ рӯ ба беҳбудӣ надорад.
Нашри ин гузориш дар ҳолест, ки бархе аз сокинони Тоҷикистон низ мегӯянд, нобаробариҳои иҷтимоӣ, фасод, қурби ноустувори пули миллӣ ва нархи хӯрокворӣ ба зиндагии онҳо таъсири бузург доштааст.
Малика Мирзоева, сокини 33-солаи пойтахт дар сӯҳбат бо мо гуфт, бо маоше, ки ӯ ва шавҳараш мегиранд, базӯр аробаи зиндагияшонро мечархонанд. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, вақте қимати доллар ба таври бесобиқа боло рафту нарху наво дар бозорҳо низ баланд шуда, вале маоши онҳо "ях бастааст". "Тифли хурдсол дорам ва
бояд бо тавсияи духтурон ба вай шири сунъӣ диҳам. Нархи як чунин шир аз 40 сомонӣ то 70 сомонист. Дар ин миён боз барои хӯрокворию либос ва дигар хадамот, аз ҷумла обу барқу пул додан лозим аст, ки миёни одамро мешиканд,"-таъкид кард Малика.
Аммо Зиёрат Ҳусейнов, сокини 45-солаи шаҳри Душанбе, гуфт, дар муқоиса бо чанд соли пеш некӯаҳволии мардум ба маротиб беҳтар шудааст. Ӯ мисол меорад, агар қаблан барои харидории мошину дигар амволи гаронбаҳо сокинони кишвар имокният надоштанд, ҳоло ҳамаи онро новобаста аз нархи болояшон харидорӣ мекунанд. Ин мусоҳиби мо вале аз хадамоти тиббӣ шикоят кард ва гуфт, "дар муассисаҳои тиббӣ бе шинос ва ё пули зиёд гапи бемор асар надорад".
ҶамшедҚуддусов - раҳбари созмони таҳқиқотии “Сотсервис” мегӯяд, азбаски аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2 дарсад зиёд мешавад, хоҳ-нохоҳ талабот ба хадамоти иҷтимоӣ аз ҷумла маорифу беҳдошт ё тандурустӣ меафзояд. Дар ин ҳолат бояд дар буҷаи давлат барои бунёди иншооти иҷтимоӣ маблағи бештар пешбинӣ гардад. "Аммо бо назардошти маҳдуд будани буҷа сохтмони чунин муассисаҳо мушкил мешавад,"-гуфт ӯ.
ҶанобиҚуддусов афзуд, "шояд аз ҳамин лиҳоз Тоҷикистонро аз ҷиҳати шохиси рушди иҷтимоӣ дар зинаи поён қарор додаанд. Зеро таъсири вазъи демографӣ ба бозори меҳнат ва дигар соҳаҳо бузург аст. Масалан, агар ҳар сол аҳолии мо 150 ҳазор нафар зиёд шавад ва бояд ҳамасола ҳамин миқдор ҷойҳои таълимӣ фароҳам овардан лозим аст ва ҳадди аққал 100 мактаб сохтан лозим аст, ҳоло он ки тибқи маълумоти оморӣ дар сол 30 ва ё 35 мактаб бунёд мешаваду бас. Соҳаи тандурустӣҳам чунин аҳвол дорад."
Аммо ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша буҷаи давлатии худро як буҷаи иҷтимоӣ меномад ва бино бар арқоми расмӣ, сармоягузории давлат ба риштаи иҷтимоӣҳар сол бештар мешавад. Дар паёмҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон низ бо овардани арқому адади зиёд сухан аз беҳбуди куллии вазъи аҳолӣ меравад.
Албатта, арқоми дигаре низ расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, чанде пеш дар як ҳамоиши байнулмилалӣ бо такя ба маълумоти Созмони Милал гуфта шуд, зиндагии 83 дарсади аҳоли Тоҷикистон ба таври хеле ҷиддӣ вобастаи пулест, ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия мефиристанд.
Social Progress Imperative дар ҳоле шохиси рушди иҷтимоии Тоҷикистонро нокифоя мехонад, ки маркази омӯзиши афкори умуми Central Asia Barometer низ ахиран дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд назарпурсии иҷтимоиву иқтисодиро анҷом додааст. Бар пояи ин назарсанҷӣ72 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, зиндагии онҳо назар ба як сол пеш беҳтар шудааст ва 70 дарсад вазъи иқтисодии Тоҷикистонро хуб арзёбӣ кардаанд. Ҳамзамон 12 дарсад, ки синнашон аксаран аз 18 то 24 будааст, хоҳиши тарки Тоҷикистонро доштаанд.
Ба ин тартиб аз 1 ҳазор 300 нафаре, ки дар ин пажӯҳиш фаро гирифта шудаанд, 90 дарсадашон гуфтаанд, аз ин ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ифтихор доранд.
«Озодӣ»