12:31:07 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Файзобод: Таъзияи Раҳмон. Як мард зинда аз зери хок берун оварда шуд

Ба манзури рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Яккабеди Файзобод, ки боиси марги инсонҳо шудааст, комиссияи ҳукуматӣ бо раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим аз ҷои ҳодиса дидан кард.

fayzobod-yarch_655445.jpg

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои имдод ба осебзадагони ярч дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод, ки мунҷар ба ҳалокати чандин нафар шуд, дар раъси Азим Иброҳим, муовинин нахуствазири Тоҷикистон, комиссияи ҳукуматӣ таъсис додаааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ЭмомалӣРаҳмон 3 апрел бо раиси ноҳияи Файзобод Имомназари Каримиён телефонӣ сӯҳбат намуда ва ба ӯ дастур додааст, ки ба зараридагон кӯмакҳои фаврӣ расонанд. Ӯҳамчунин ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса изҳори тасаллият намудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбари муовини нахуствазир Азим Иброҳим, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Акбар Ятимзода ба ҷои ҳодиса рафтаанд.

Бар асари лағзиши як теппа дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод, тахмин меравад, беш аз даҳ нафар зери хок мондаанд. Фарзон

Муҳаммадӣ, хабарнигори мо аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки аз  даҳ марди зери хокмонда ду ҷасад берун оварда шудааст.  Як нафар зинда буда,  ба бемористони маҳаллӣ интиқол ёфтааст. 7 тани дигар ҳанӯз ёфт нашудаанд.

Мақомоти тоҷик тасдиқ карданд, ки бар асари лағзиши як кӯҳпора дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз даҳ нафар зери хок мондааст. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд,   ин ҳодиса имрӯз, соати 13:10 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон афзуд, ки ҳоло гурӯҳи наҷотбахши Кумита ба маҳалли ҳодиса рафтаанд: "Мо ҳоло сабабҳои ба вуқӯъ пайвастан ва чӣ гуна рух додани ин ҳодисаро меомӯзем." Ба гуфтаи масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулдода, сабаби ҳодиса ин буда метавонад, ки сокинон мехостаанд қубури обгузар ба деҳаро тариқи ҳашар таъмир кунанд. Аз тарафи маркази наҷотдиҳии Кумита соати 14:30 дақиқа 10 нафар наҷотдиҳанда ба ҷои ҳодиса расида, то кунун ду нафар аз зери ярч берун карда шудаанд.

Гузоришгари мо Фарзон Муҳаммадӣ хабар дод, ки корҳои ҷустуҷӯии мутахассисони ҳолатҳои изтирорӣ то соати 20:00 идома карда, мақомоти баландпоя ҳам ба Душанбе баргаштанд. Ба гуфтаи ӯ, сокинони маҳаллӣ сабаби сар задани офати табииро бо ҳашари насби қубури обгузари худсохт иртибот медиҳанд, ки аз як чашмаи зери кӯҳе дар масофаи 4-5 км роҳ то дохили русто пайваст шуда, ҳудудан 120 хонаводаи сокини деҳаро бо оби нӯшокӣ таъмин мекард. Бар асари бориши зиёди борон, хок нарм шуда кӯчида, аз баландии тахминан 10 метр мардони машғули насби қубурро зер кардааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Ориф Нозимов гуфт, соати 16:30 сиву нӯҳ нафар сарбозони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои наҷоти мардуми зерихокмондаи деҳаи Яккабед сафарбар шуданд. Аз амалиёт раиси ноҳияи Файзобод Имомназари Каримиён ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон генерал Рустам Шоев  назорат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Аслам Ашӯров, раиси маҳаллаи деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод мегӯяд, мардони деҳа рӯзе пеш тасмим гирифтанд, то қубури обрасон ба деҳаро дубора таъмир кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, бинобар осеб дидани қубур, ба деҳа об ба душворӣ мерасид. Ӯ мегӯяд, ҳоло ҳама дар як ҳоли парешонӣқарор доранд ва раҳбарони ноҳия ва масъулони Кумитаи ҳолати фавқулодда дар якҷоягӣ бо сокинон талоши берун овардани зерихокмондагонро доранд.

Исми афроде, ки зери ярч мондаанд:

Алимардонов Шодмон, соли тавалудаш 1990

Умаров Маҳмад, соли тавалудаш 1987

Одинаев Худойбердӣ, соли таваллудаш 1963

Абдуллоев Исломиддин, соли тавалудаш 1989

Ҷалилов Саид, соли тавалудаш 1997

Кабиров Далер, соли тавалудаш 1998

Нуров Фахриддин, соли тавалудаш 1986

Толибов Мақсуд, соли тавалудаш 1996

Қурбонов Наим, соли тавалудаш 1979

Шодиев Мақсад, соли тавалудаш 1986.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi