04:18:35 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ду зани тоҷикро "Давлати Исломӣ" ба шавҳар додааст

Дар мулоқоти мақомоти вазорати корҳои дохилӣ бо садҳо ҷавони тоҷик дар Душанбе аз сарнавишти мушаххаси қурбониёни ҷангҳои Сурияву Ироқ сӯҳбат шуд.

javonon-muloqot-654121221.jpgДу зани тоҷик, ки ҳамроҳи шавҳаронашон ба Сурия рафта буданд, баъд аз ҳалокати ҳамсарони худ маҷбуран ба касони дигар ба шавҳар дода шуданд ва зиндагии сахте доранд. Саргузашти онҳо дар ҳамоиши мубориза бо ифротгароӣ рӯзи дуюми апрел ба 400 ҷавони тоҷик ҳикоят шуд.

ШодӣҲафизов, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта гуфт, ин занон дар соли 2014 аз ҷониби шавҳаронашон бо роҳи фиреб ба Сурия бурда шудаанд. Ҷаноби Ҳафизов бо намоиши аксҳои занон ва ҳамсарони онҳо дар Сурия, аз аввалӣҚурбонова ном бурд ва гуфт, шавҳари вай моҳи марти соли 2014 дар зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишин кушта шудааст. Аз он вақт Қурбонова ҳамроҳ бо фарзанди хурдсолаш дар ин кишвари ҷангзада сарсону саргардон монд. Бино ба гуфтаи ШодӣҲафизов, “бори охир Қурбонова бо модараш Саодат Қурбонова тамоси телефонӣ гирифта гуфтааст, ӯро тариқи маҷбурӣ ба шавҳар дода истодаанд, фарзанди ноболиғашро ба як лагери террористӣ супурдаанд.”

Дилором Маҳмудова, як ҷавонзани дигар будааст, ки моҳи августи соли 2014 бо ваъдаи сайёҳат ба Туркия шавҳараш Турсунбой Сафарови 28-сола, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ӯро ба Сурия бурдааст. 6 августи ҳамон сол, Сафаров дар як амалиёти ҷангӣ кушта шудааст. Ба нақли масъули Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, террористон шиноснома ва ҳуҷҷатҳои ин занро нобуд карда, “шарт мегузоранд, ки танҳо баъди ба шавҳар баромадан ва таваллуди фарзанд метавонад, ба ватан баргардад. Айни замон муайян шудааст, ки Маҳмудова аллакай маҷбуран ба никоҳи як ҷиҳодӣ бо номи Абу Ҷаҳд дароварда шудааст”.

Модари Дилором - Замира Маҳмудова, ки бо духтараш баъзан тамоси телефонӣ мегирад, дар як навори видеоӣ, мегӯяд, ҳоли Дилором хеле бад аст, вай дар сӯҳбат мегуфтааст, хӯроки аслиаш чою нон аст ва 7 моҳ боз дар як хона бастааст. Дар муроҷиатномаи видеоии худ ин модар ҳамчунин аз ҷавонони кишвар даъват кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ингуна ваъдаву фиребҳо дода нашаванд.

Бо намоиши ин ва дигар навору қиссаҳо аз сарнавишти ҷавононе, ки бо роҳҳои мухталиф ба гурӯҳҳои терористӣ пайвастаанд, дар нишасти мақомоти умури дохилӣ бо ҷавонони тоҷик гуфта шуд, ҷавонон на танҳо аз кишварҳои хориҷ, балки аз дохили кишвар аз тариқи Интернет ҳам ба ҷангҳои Сурияву Ироқҷалб мешаванд. Аз ҷумла аз миёни донишҷӯён ҳам. Дар ин маврид мисоли Шаҳнозаи Бозорзода оварда шуд, ки аз роҳи сафар ба Сурия баргардонида шудааст.

Дар ҳамоиши мазкур гуфта шуд, танҳо аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар соли гузашта алайҳи 110 нафар барои ифротгароӣ ва терроризм ва нисбати 74 нафар ҳам барои ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин зикр гардид, 30 ҷавони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

Бино бар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз аз сӯи ин ниҳод 85 нафар барои узвият бо Ҳизби Исломии Узбакистон, 64 нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 нафар узви Толибон, 4 нафар узви Ҷабҳат Ан-Нусра, 10 - Давлат-ул-Ислом, 7 нафар - Мусалмонони Солеҳ, 11 нафар - Ҳизб-ут-Таҳрир, 35 нафар Салафия, 2 нафар - Гурӯҳи 24, 14 нафар барои ҳамкорӣ бо Ҷамоати Таблиғ боздошт шудаанд.

Зимни сӯҳбат аз омилҳои ҷалб шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав Амирбек Бекназаров, намояндаи Кумитаи амнияти миллӣ ақидаи бархе аз соҳибназаронро, ки бекории ҷавононро сабаб медонанд, рад карда, гуфт, кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ ба ин мушкил рӯ ба рӯҳастанд.

Гуфта шуд, ҳоли ҳозир дар кишвар 4 ҳазору 12 масҷид фаъол аст, ин ҳам дар ҳоле, ки шумори мактабҳо 3 ҳазору 836 адад аст. Яъне масҷид аз мактаб 176 адад бештар аст. Дар кишвар то имрӯз 339 рӯзнома, аз ҷумла 96 рӯзномаи давлатӣ ва 243 хусусӣ фаъолият доранд ва шумори корбарони Фейсбук ба иттилои намояндаи Кумитаи амният ба 80 ҳазор мерасад.

Ҷавонон дар навбати худ аз мақомоти давлатӣ хостанд, барои бо ҷои кор ва музди хуб таъмин кардани онҳо, ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон, таъсиси марказҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилот рӯбарӯ мешаванд ва афзоиши нақши иёонҳо даъват карданд.

Ба ин тартиб, мақомоти Тоҷикистон тадобири ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯи террористӣ ва ширкати ҷавонон дар ҷангҳои Сурияву Ироқро шадидтар кардаанд. Дар ҳамоише, ки дар мавзӯи “Ҳамкориҳои ҷавонон бо мақомоти дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ” бо ширкати 400 нафар, аксар донишҷӯён аз саросари кишвар бо ибтикори  Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ баргузор шуд, масъулини ҳама ниҳодҳои кишвар аз ин қишр даъват карданд, барои рафъи ин мушкил бо онҳо ҳамкорӣ ва кӯмак кунанд. Тасмим шуд чунин вохӯриҳо бо ҷавонон дар тамоми минтақаҳои кишвар доир шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi