06:59:40 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳукми зиндони бародари Алимурод Маханов дар Русия

Додгоҳи олии Русия ҳукми зиндони Маҳмадсолеҳ - бародари Алимурод Маханов ва ду ҳамроҳиӯро бидуни тағйир боқӣ гузоштааст. Онҳо барои узвият дар Ҳизби исломии Туркистон айбдор шудаанд.

alimurod-makhanov_3215445.jpgМаҳмадсолеҳ Маханов - бародари Алимурод Маханов, маъруф бо лақаби “Устод Муродуллоҳ”, ки баҳори соли 2014 ба ҷурми узвият дар Ҳизби исломии Туркистон ва ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ дар вилояти Хабаровск боздошт шуда буд, ба 4 солу 3 моҳи зиндон маҳкум шудааст.

Додситонии Русия рӯзи 2 феврал бо пахши иттилоияе гуфт, ин ҳукми Маханов ва ду ҳамроҳи ӯ – Абдукарим Сатторов ва Алишер Давлатов, ки яке ба 4 солу 2 ва дигаре ба 4 солу 3 моҳ маҳкум шудаанд, қувваи қонунӣ гирифтааст. Сатторов ва Давлатов аз наздикони Маханов мебошанд.

Додгоҳи олии Русия даъвои Маҳмадсолеҳ Маханов ва ду ҳамроҳи ӯро барои тағйири ҳукми зиндонашон беасос дониста, узвияти онҳоро дар Ҳизби исломии Туркистон тасдиқ кардааст. Ҳизби исломии Туркистон аз тарафи Додгоҳи олии Русия як гуруҳи террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар қаламрави ин кишвар мамнуъст. Бар илова, Додситонии Русия мдар иттилоияи худ мегӯяд, “дар ҷараёни тафтишоти қазия мушаххас шуд, онҳо дар Хабаровск ба ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ машғул будаанд.”

Мақомоти Русия, инчунин, аз Маҳмадсолеҳ Маханов ва ҳамроҳони ӯ таҷрубадори мактабҳои ҷангии Покистон ном бурдаанд. Вале 17 марти соли гузашта Боймирзо Маханов - падари Маҳмадсолеҳ ва Алимурод дар сӯҳбат бо мо гуфта буд, писараш ба кадом гурӯҳ ё Ҳизби исломии Туркистон робита надошта ва фарзанди ӯ ва додарзодаҳояшро кадоме дар Русия ба ШКД-и Хабаровск ҳамчун «авлоди террорист» фурӯхтааст ва барои ҳамин милисаҳои Хабаровск онҳоро боздошт кардаанд.

Боймирзо Маханов афзуда буд, Абдукарим Сатторов барои таҳсил ба Покистон рафта буд, аммо баъд аз тақозои ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ба Ватан баргаштани донишҷӯёне, ки дар макотиби мазҳабии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба кишвар омад ва барои таъмини зиндагиаш ба Русия рафт: "Ман фарзандам Маҳмадсолеҳро маслиҳат додам, ки ба Русия равад, пул кор кунаду биёяд, хонадораш мекунем. Вай маъюб аст, як дасташ кор намекунад ва ҳеҷ вақт бо кадом гурӯҳе робита надошта, акнун, ки писари ман Алимурод айбдор шудааст, бояд ҳамаи хешовандаони ман муттаҳам дониста шаванд?" 

Ҳукми зиндони Маҳмадсолеҳ Маханов дар ҳолест, ки моҳи марти соли 2014 бародари ӯ – Алимурод Маханов, мулаққаб ба "Устод Муродуллоҳ" бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: 179 - терроризм, 179, қисми 2 - ҷалби афрод ба гурӯҳи ҷиноӣ, 187, қисми 1 – ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, 187, қисми 2 - бо маслиҳати пешакӣҷалби ашхос ба гурӯҳи муташакили ҷиноӣ ва 307 - созмон додани гурӯҳи экстремистӣ ва ширкат дар созмони террористӣ (ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон) ба 21-у ним соли зиндон маҳкум гардид.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон шоми 24-уми сентябри соли 2013 бо пахши як филми мустанади тақрибан 15-дақиқагӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон аз боздошти гурӯҳи Алимурод Маханов, ки ба анҷоми “ҳамлаҳои террористӣ” дар Душанбе дар пешорӯи интихобот омодагӣ мегирифтааст, хабар дод.

Алимурод Маханов ва шарикони ӯ дар ин барнома эътироф карданд, ки барои анҷоми чанд таркиш дар шаҳри Душанбе дар пешорӯи интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 дастур гирифта буданд. Маханов гуфт, онҳо аз ҷумла мехостанд биноҳои Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ ва ... чанд дарвозаи воқеъ дар канораҳои пойтахти Тоҷикистонро битарконанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi