11:25:47 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Талаби эҳёи ҳукми қатл барои амаки таҷовузгар

Дар пайи қазияи таҷовуз ба номуси як духтари 8-сола дар шимоли Қирғизистон, бисёриҳо дар ин кишвар хостори эҳёи ҳукми қатл барои чунин ҷиноятҳо шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи кӯдакон низ аз ин талаб пуштибонӣ мекунанд.

tajovuz-454985989Мақомоти корҳои дохилии вилояти Норин дар шимоли Қирғизистон як марди маъюбро бо гумони таҷовуз ба номуси ҷияни ҳамагӣ 8-солааш дастгир кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи кӯдакон мегӯянд, ки Эрке (исми мустаори ин духтар) қурбони бепарвоии атрофиён шудааст.

Падару модари Эрке аз ҳам чанд сол пеш ҷудо шудаанд ва ӯ дар тарбияи бибии падариаш қарор дошт. Ҳамроҳ бо ӯ дар манзили бибиаш амаки Эрке ҳам ба сар мебурд, ки маризи фалаҷ (ДЦП) буд ва роҳ гашта наметавонист.

Бибии Эрке мегӯяд, ки ӯҳатто бовараш намеояд, ки амак битавонад нисбат ба бародарзодаи худ чунин рафтор кунад: “Моҳи октябр набераам ба ман нақл кард, вале ман боврааш накардам. Писарамро задам ва гуфтам, ки дигар чунин накунад. Ботирбек мариз аст ва нисфи баданаш суст ҳаракат мекунад. Мо мехостем ӯро зан диҳем, вале ба иллати маризиаш аз ин кор даст кашидем. Кӣ медонист, ки камари мардии ӯ бақувват будааст.”

Вақте бибиаш ба ӯ бовар намекунад, Эрке ин қазияро ба мудири мактаб расондааст ва мудири мактаб ба навбаи худ ба пулис хабар додааст. Гулмира Бектемишова, мудири мактаб мегӯяд: “Эрке таҳсили хуб дошт ва чобук буд хеле. Вале рӯзҳои охир якбора дамдузду хайёлӣ шуд. Чеҳраи хеле пуразоб дошт. Вақте пурсидем, ӯҳамаро гуфт ва мо ба пулис хабар додем.”

Рӯзи 19 январ амаки Эркеро бо гумони таҷовуз ба номусиӯ дастгир карданд. Мадина Султонқозиева, сухангӯи пулиси Норин ба мо гуфт: “Дар ҷараёни амалиёти вижа бо номи “Ғамхорӣ” ин ҷиноят ошкор карда шуд. То имрӯз аломатҳои таҷовуз муайян шуда, асноди лозим барои ташхис фиристода шудаанд. Бо омода шудани натиҷаҳои ташхис, тафтиши қазия оғоз хоҳад ёфт.”

Яке аз ҳамсояҳои ин хонавода низ дар сӯҳбат бо мо гуфт, вақтҳои охир муносибати амакаш нисбат ба духтар дар воқеъ дигар шуда буд: “Вақте мо ин хабарро шунидем, мӯи сарамон рост хест. Ботирбек вақтҳои охир пайваста аз қафои Эрке мегашт. То мактаб аз пушташ мерафт ва баъди дарс ба хона пешаш мекард. Аммо бовари кас намеояд, ки ӯ ба чунин кор даст задааст.”

Коршиноси масоили ҳуқуқи оила ва кӯдак Қилич Мамбеталиев мегӯяд, барои чунин ҷиноятҳои сангин нисбат ба атфол бояд ҳукми қатлро дар Қирғизистон барқарор кунанд: “Мавридҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон меафзоянд. Сабаби ин бепартвоии волидон нисбат ба кӯдакон аст. Бисёри ин волидон муҳоҷиранд, ки то нимаи солро дар мусофират мегузаронанд. Ба ақида ман, давлат бояд барои ҷиноятҳои нисбат ба кӯдакон ҳукми қатлро барқарор кунад.”

Ин сеюмин мавриди зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар ду соли охир танҳо дар вилояти Норин будааст. Бунёди ҷамъиятии “Қирғиз Журтум” ба дунболи қазияи Эрке ба ҷамъоварии имзоҳо бо талабибарқарор кардани ҳукми қатл дар Қирғизистон оғоз кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi