19:29:07 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Боздошти 13 мошини дуздӣ дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон

Пулиси Латвия аз боздошти 10 мошини дуздие, ки бояд ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд, хабар медиҳанд. Ин мошинҳои дар Аврупо дуздишуда аксар BMW, Mercedes ва Lexus буда, ба шаҳрвандони Олмон, Шветсия, Лаҳистон ва Латвия тааллуқ доштаанд.

moshinhoi-duzdi-457889Пулиси Латвия мегӯяд, дар пайи як амалиёти  вижа бо номи “Архимед” 13 мошини гаронбаҳоеро, ки аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дуздида шуда, дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон буданд, боздошт кардаанд. Андрей Гришин, сардори пулиси криминалии Латвия, ба расонаҳо гуфтааст, 11-тои ин мошинҳоро дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Даугавпилсе пайдо кардаанд: “Дастандаркорон алакай мошинҳоро дар қатор бор карда буданд. Ба гуфтаи муфаттиш, онҳо бояд ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд.”

Ин мошинҳои дуздӣ, ки аксари онҳо навъи BMW, Mercedes ва Lexus мебошанд, ба шаҳрвандони Олмон, Шветсия, Лаҳистон ва Латвия тааллуқ доштаанд. Дар робита ба ин қазия як нафар дар Даугавпилс боздошт шудааст.

Рӯзномаи олмонии Bild дар поёни соли 2013 навишта буд, ки наздик ба 200 мошини дар Олмон рабудашуда дар Тоҷикистон, дар дасти аҳли хонавода ва дӯстони президент Эмомалӣ Раҳмонанд ва мақомоти Душанбе аз ҳамкорӣҷиҳати таъқиб ва баргардондани ин мошинҳо сарпечӣ мекунанд. Дар он матлаб гуфта мешуд, вақте мақомоти Тоҷикистон ба дархости таҳқиқи муштараки қазия посух надоданд, вазири адлияи Берлин Томас Ҳейлман ба вазири вақти умури хориҷии Олмон Гвидо Вестервелле нома навишт, ки “аксари мошинҳо дар дасти афроде ҳастанд, ки бо хонаводаи президенти Тоҷикистон равобити ҳамкорӣ ё хешовандӣ доранд."

Дар пайи нашри он матлаб сафири вақти Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов  гуфта буд, ки фарзияи матбуоти Олмон “ҳақиқат надорад.” Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва вазорати умури дохила ба дунбол кашф шудани 127 мошини дуздӣ дар қаламрави кишвар дар 3 соли охирро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ягон мавриди ба “аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ ва хешовандони наздик ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани ин мошинҳои дуздӣ ошкор нашудааст."

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода моҳи июни соли равон дар мулоқот бо як гурӯҳ хабарнигорони олмонӣ, ки барои таҳқиқи қазияи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд, сарусадоҳо дар бораи вуҷуди ҳазорон мошини дуздӣ дар кишварашро беасос хонда, вале эътироф карда буд, ки пулиси тоҷик аз соли 2011 ба ин сӯ 78 мошини аз Олмон дуздишударо ошкор кардааст. Ба гуфтаи вазир, чанде аз ин мошинҳо, бо шумули 5 BMW-ро барои баргардондан ба Олмон омода кардаанд.

Аммо ба иддаои муаллифи матлаби таҳқиқотии нашрияи олмонии “Sueddeutsche Zeitung”, ки дар пайи сафари хабарнигорони олмонӣ ба Душанбе нашр шуд, ин хабарнигорон тайи он сафар дар пойтахти Тоҷикистон тайи ҳамагӣ 4 рӯз бар асоси тафтиши VIN ва кортҳои сабзи олмонӣ 9 мошини аз Олмон дуздишуда, бо шумули «Range Rover»-и футболбози собиқи тими маъруфи «Боруссия»-и Дортмунд Отто Аддоро ошкор кардаанд.

“Sueddeutsche Zeitung” менависад, ки «ҷип»-и дуздишудаи футболбози собиқи “Боруссия”-ро низ дар ҳавлии як бинои сохти замони Шӯравӣ дар ҳамагӣ 800-метрии Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон пайдо кардаанд, вале дақиқ гуфта наметавонанд, ки дар пушти фармони он ягон хеши президент менишинад ё хайр. Аммо Павел Новитски ном мутахассисии риштаи суғуртаи мошинҳо дар Врашава, ки ба баргардондани мошинҳои дуздишуда машғул аст ва ба ин манзур дар соли 2012 ба Душанбе низ сафари муваффақе доштааст, ба “Sueddeutsche Zeitung” гуфтааст: “Ман таассуроте ҳосил кардам, ки соҳибони ин мошинҳо одамони оддӣ нестанд. Аз манобеи дипломатӣ ман фаҳмидам, ки ин афрод аз атрофиёни раисиҷумҳури Тоҷикистонанд.”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi