17:23:24 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сарпарасти КЮНЕТ дар додгоҳ гуфтааст, ки гуноҳ надорад

Сайҳомид Маҳмудов, аз наздикони Маҳмадсаид Убайдуллоев, худро дар додгоҳ бегуноҳҳисобидааст. Додрас ба Маъруфов ва Расулов муҳлат додааст, ки пули мардумро баргардонанд. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Олим Маъруфов ва Ориф Расулов – ду масъули ширкати “Ҳафтбурҷ”, ки ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастаанд, то 30 сентябри соли ҷорӣ муҳлат ё ба қавли дигар “шанс” додааст, ки 618 ҳазор доллар пули муштариёнашонро баргардонанд.

sud-56698989.jpgЯк корманди Додгоҳи ноҳияи Сино гуфт, дар асл ҳукм бояд баъд аз зуҳри 23 сентябри соли ҷорӣ пас аз шунидани гузориши муфаттиши парванда - Саъдулло Ҳафизов эълон мешуд, аммо додрас ба айбдоршавандаҳо имтиёз додааст, то пули муштариёнро баргардонанду ҳам ҷони худ ва ҳам ҷони 167 нафарро "халос намоянд". Мусоҳиби мо афзуд, дар сурате ки то сешанбеи оянда 618 ҳазор доллар пули муштариёни “Ҳафтбурҷ” баргардонда нашавад, додгоҳҳукмашро эълон ва барои айбдоршавандаҳо муҷозот таъин хоҳад кард.

Аммо Олим Маъруфову Ориф Расулов дар мурофиаи додгоҳӣ бештар мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистонро айбдор кардаанд, ки бо манъи фаъолияти “Ҳафтбурҷ” ва боздошти онҳо имкон надодааст, пули мардум баргардонда шавад. Айбдоршавандаҳо аз Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт хостаанд, барои баргардондани маблағи мардум ба онҳо иҷозат дода шавад, то ба ҷазираҳои “Сейшел” раванд ва баъдан барои фурӯши колои худ ба Ҷумҳурии Чех ва Ветнам сафар кунанд. “Мақомоти тафтишотӣ баъд аз тафтиши маблағҳои “Ҳафтбурҷ” тариқи Интерпол дар Ҷазираҳои “Сейшел” маълум кард, ки ҳеч гуна суратҳисоб бо номи ширкати мазкур вуҷуд надорад ва дар қайд ҳам нест”,-таъкид дошт манбаи мо.

Муҳаммадҷон Сафаров, яке аз муштариёни “Ҳафтбурҷ”, гуфт, дар мурофиаи ҳафтаи гузашта Сайҳомид Маҳмудов, мудири кулли ширкати мазкур ва сарпарасти КЮНЕТ (QNET) дар Тоҷикистон низ даъват шудааст. Ба қавли ӯ, оқои Маҳмудов, ки худро аз наздикони Маҳмадсаид Убайдуллоев - шаҳрдори Душанбе гуфта буд, даст доштанаш дар амалиёти пулии ширкатро рад кардааст. Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, зери ягон коғаз имзо нагузошта буд ва аз ин рӯ худро бегоҳ меҳисобад.

Муштариёни норозии “Ҳафтбурҷ” мегӯянд, ҳоло барои бозпас гирифтани маблағҳои худ, ки замоне барои тиҷорати бузург ва ба даст овардани фоидаи бештар супурда буданд, бовар надоранд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, дар тӯли ҳашт моҳе, ки масъулони ширкат имкони бозпас додани пули онҳоро доштанду ин корро накарданд, акнун то чаҳори рӯзи боқимонда чӣ гуна онро ҷуброн хоҳанд кард? Муштариён мегӯянд, феълан дар дасташон “памперс”-ҳо ва таҳпӯшҳои занона ҳаст, ки аз тарафи “Ҳафтбурҷ” барои ҷуброни як миқдори ками пулашон дода шуда буд, вале он ҳам дигар ба кор намеояд. Ҷамшед Шодиев, сокини ноҳияи Синои пойтахт, гуфт, аз ин ширкат “памперс”-ҳоро дар ивази 2 долларӣ гирифта будаанд, дар ҳоле ки қимати он дар Тоҷикистон аз 1 то 5 сомонист.

Дар авоили соли равон Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе фаъолияти ширкати «Ҳафтбурҷ»-ро, ки бо тиҷорати шабакавӣ кор мекард, манъ намуд. Муштариёни норозии ширкат мегӯянд, айбдоршавандаҳо - Олим Маъруфов ва Ориф Расулов маблағҳои ширкатро дар Дубай гардиш дода, барои фаъолияти муштариён маводи зарурӣ ворид мекардаанд. Онҳо дар суҳбати худ аз Олим Маъруфов ҳамчун писари Маъруф Орифов, раиси ширкати "Орима" муаррифӣ мекарданд, вале Усмонова Муҳаббат Феодоровна, вакили боварноки Маъруф Орифов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин нуктаро рад кард. Вай гуфт, Олим Маъруфов ба раиси ширкати "Орима" ҳеч рабт надорад. (Радиои Озодӣ бо нашри номи раҳбари "Орима" нороҳатие барои эшон ворид карда бошад, маъзарат мехоҳад)

Қаблан зиёда аз 1000 муштарии «Ҳафтбурҷ» дар як номаи боз ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раиси Маҷлиси Миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагони ва Додситони кулл хоста буданд, ки ба ин қазия расидагӣ шавад. Онҳо мегӯянд, бино бар амри додситонӣ наметавонанд, пули худро аз ширкат бозпас гиранд.

Ин барои бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои гуногун зери ҳар гуна ном «аҳроми молиявӣ» дуруст карда билохира мардуми зиёдеро аз пулҳояшон маҳрум мекунанд. Яке аз чунин ширкатҳои пурсарусадо ки бо номи «мӯҳрабизнес» маъруф буд, ба Ҷамшед Сиёев дахл дошт, ки дар соли 2003 ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi