21:02:40 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шӯҳрат Қудратов то 21 ноябр дар СИЗО мемонад

Бар асоси қарори нави Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вакили мудофеи боздоштшуда Шӯҳрат Қудратов то 21 ноябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққат хоҳад монд.

shuhrat-5689532.jpgШӯҳрат Қудратов , вакили мудофеъ ва ноиби боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, то 21 ноябри соли ҷорӣ дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ хоҳад шуд. Ин қарор бегоҳи 19 сентябр аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе содир шудааст.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов, гуфт, ин мурофиа дар боздоштгоҳи муваққат сурат гирифта, тамдиди муҳлати нигаҳдории зерҳимояаш дархости тафтишот будааст. “Гуфтем, муҳлати тафтишот дароз карда шавад, вале зарурат барои нигоҳдории Қудратов дар боздоштгоҳ нест. Бигузор, ӯро раҳо кунанд, ҳадди ақал ба шарти аз маҳалли иқоматаш берун нарафтан. Ӯ ба ҳеч куҷо намегурезад. Вале пешниҳоди мо пазируфта нашуд”,-афзуд ӯ.

Оқои Зоиров мегӯяд, рӯзи душанбеи 22 сентябр аз болои қарори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба Додгоҳи пойтахт муроҷиат карда, хостори лағви он мешавад. Ӯ аз он нигаронӣ дорад, ки то кунун тафтишот кори назаррасеро анҷом надода, бо тамдиди муҳлати нигоҳдории Шӯҳрат Қудратов мехоҳад, ӯро азияти равонӣ кунад.

Ин вакили мудофеи шинохта 21 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас боздошт шуд ва он вақт бори аввал Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣҳукми то ду моҳ нигаҳдорияш дар боздоштгоҳро содир кард. Ӯву тарафдоронаш боздошти Қудратовро сиёсӣ ва интиқоми мақомот барои мавқеи фаъолаш дар амри ҳимоят аз соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов мешуморанд. Зайд Саидов соли гузашта баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсие бо номи Тоҷикистони нав боздошт ва бо ҷароиме, чун порагирӣ, суистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Тарафдорони Саидов низ мегӯянд, боздошт ва таъқиби вай ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад.

Шӯҳрат Қудратов алакай вакили вакили дифои Зайд Саидов аст, ки боздошт мешавад. Дар моҳи март Фахриддин Зокиров, вакили дигари ин соҳибкор бо иттиҳоми таъхир дар пардохти қарзи бонк боздошт шуд ва то ҳол дар пушти панҷара қарор дорад. Шӯҳрат Қудратов, муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ва аз вакилони мудофеи шинохта дар Тоҷикистон аст, ки дар чандин парвандаи пурсарусадо, аз ҷумла аз вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи президенти Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ҳимоят кардааст.

Вале моҳи августи соли ҷорӣ Тӯрабек Охунов - бародари Ҷӯрабек Охунов аз болои ин вакили мудофеъ шикоят кард, ки гӯиё даҳҳазор доллари онҳоро гирифта, барнагардондааст. Бар асоси шикояти Охунов, Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Шӯҳрат Қудратов бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ) иттиҳоми нав эълон кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi