16:46:36 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вокуниши хонаводаи Далер Нақибов ба боздошти ӯ

Наздикони корманди боздоштшудаи Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мегӯянд, чор рӯз боз наметавонанд бо ӯ дидор кунанд. Нақибов 15 сентябр аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шудааст.

daler-naqibov 589778Наздикони Далер Нақибов – корманди Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки шоми 15 сентябр аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шудааст, мегӯянд, то ҳол натавонистаанд бо ӯ дидор кунанд. Онҳо рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, фарзандашон, инчунин, аз хидмати вакили мудофеъ ё адвокат маҳрум будааст. Вале ин иттилоъ то ҳол расман аз сӯи мақомоти Тоҷикистон тасдиқ ё такзиб нашудааст.

Хонаводаи Далер Нақибов дар идома хабарҳо дар бораи гӯиё ба иттиҳоми гирифтани чор ҳазор доллар “пора” боздошт шудани фарзандашонро рад карданд. Ба қавли мусоҳибони мо, шоми 15 сентябри соли ҷорӣ гӯиё се тан барои таҳияи 3 шиносномаи биометрӣ ба назди ӯ омада, ҳамагӣ 600 доллар пешниҳод кардаанд, то барояшон ин санадро омода созад. “Ӯҳарчанд гуфтааст, вақти корӣ тамом шуду бояд субҳи 16 сентябр оянд, аммо онҳо исрор кардаанд, ки барояшон муҳим аст. Баъд ӯҳам варақаҳоро барои гирифтани шиносномаи биометрӣ пур карда, пулро гирифтаву гуфтааст, шиносномаҳои биометрияшонро мувофиқи қоида омода карда медиҳад. Дар ҳамин лаҳза ӯро боздошт кардаанд”,-нақл мекунанд наздикони Нақибов.

Бо гузаштаи чаҳор рӯз аз боздошти ин корманди Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон то кунун на масъулони ин ниҳод ва на кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин замина изҳори назар накардаанд. Вале хонаводаи Далер Нақибов иддао доранд, ӯқурбонии туҳмат шудааст ва ба ин боваранд, ки боздошти фарзандашон аз қабл тарҳрезишуда буд.

Далер Нақибов, ки аз ӯ домоди Хайриннисо Юсуфӣ (Мавлонова) – вакили Маҷлиси Намояндагон ва собиқ ноиби нахуствазири Тоҷикистон ном бурда мешавад, оиладор ва соҳиби як тифли бистрӯза будааст. Нақибов факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, ба қавли наздиконаш, дар вазъи миёнаҳолона зиндагӣ мекард ва ба кори худ содиқ буд.

Манобеи мо дар Душанбе рӯзи 18 сентябр хабар доданд, ки  Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Далер Нақибов, корманди Сарраёсати консулии Вазорати хориҷаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи калон дастгир кардааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, Далер Нақибов ба гирифтани 4 000 доллар пора муттаҳам мешавад ва дар чорчӯби парвандаи ӯ раҳбари сарраёсати консулии вазорати хориҷа Манучеҳр Маҳками Маҳмудзода низ бозпурсӣ мешавад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абулфайз Атоев рӯзи 18 сентябр дар сӯҳбат бо мо хабари боздошти корманди ин вазорат бо иттиҳоми порагирӣ ва бозпурсӣ шудани раҳбари сарраёсати консулии вазоратро рад кард ва дар як тамоси кӯтоҳ гуфт, "ин ҳама дурӯғ аст."

Манучеҳр Маҳмудзода писари раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон Маҳкамбой Маҳмудов аст. Ӯ дар солҳое, ки вазири собиқи хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ сафири Душанбе дар Амрико буд, ба ҳайси консули Тоҷикистон дар Вашингтон фаъолият мекард. Ӯ дар соли 2013 ба ҷои Ҷамолиддин  Убайдуллоев, писари шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раҳбари сарраёсати консулии вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъин шуд.

“Озодӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi