11:47:01 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Марги мармузи духтари Домулло Маъруфҷон дар зиндони Тошканд

Нилуфар Раҳимҷонова, фарзанди Домулло Маъруфҷон ва ҳамсари Саидюнуси Истаравшанӣ, дар зиндони "Зангиота"-и Тошканд даргузаштааст. Нилуфар Раҳимҷонова, шаҳрванди Тоҷикистон ва фарзанди домулло Маъруфҷони истаравшанӣ дар маҳбаси занонаи «Зангиота»-и Тошканд даргузашта, дар яке аз қабристонҳои пойтахти Узбакистон ба хок супорида шудааст.

nilufar-rahimjonova-4875455Наздикони Нилуфар Раҳимҷонова рӯзи 18 сентябр бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфтанд, ки ҷасади Нилуфар Раҳимҷонова ҳанӯз рӯзи шанбеи 13 сентябр аз маҳбаси занонаи «Зангиота» ба бародараш Муҳаммадиқбол дар Тошканд супурдаанд ва ӯро дар ҳамон ҷо ба хок супурдаанд.

Нилуфар Раҳимҷонова духтари рӯҳонии шинохта Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ ва ҳамсари Саидюнуси Истаравшанӣ, устоди яке аз донишгоҳҳои Теҳрон  ва муассиси пойгоҳи интернетии «Кимиёи саодат» мебошад. Ӯ дар соли 2011 барои ширкат дар тӯи арӯсии бародараш Муҳаммадиқбол ба Тошканд меояд ва дар ҳамонҷо дар моҳи августи ҳамон сол  аз тарафи мақомоти амниятии Узбакистон боздошт шуд ва бо ҷурми  убури ғайриқонунии марз алайҳи вай парванда боз карданд.

Тавре наздикони хонаводаи Нилуфар Раҳимҷонова дар ноҳияи Истаравшан мегӯянд, мақомоти амниятии Узбакистон бо Нилуфар сӯҳбат намуда, «пешниҳод» мекунанд, ки азбаски серфарзанд аст, агар аз тариқи телевизиони давлатии Узбакистон баромад карда,  гӯяд, ки дар «урдугоҳҳои Эрон» таълим дидааст, озод хоҳад шуд.

Вай ба хотири озод шуданаш аз тариқи телевизиони давлатии Узбакистон ин ҳарфҳоро ба забон меоранд, аммо мақомоти амниятии Узбакистон ба иловаи ҷурми убури ғайриқонунии сарҳад боз ҷурми «терроризм»-ро ба парвандаи Раҳимҷонова изофа карда, дар авоили соли 2012 ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум карданд. Нилуфар Раҳимҷонова то дами маргаш  ин ҳукми тӯлониро дар зиндони занонаи «Зангиота»-и ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд адо мекард.

Саидюнуси Истаравшанӣ рӯзи 18 сентябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, инки ӯ дар соли 2011 марзи Узбакистонро бидуни раводид убур карда буд, дуруст буд, вале боқӣҳарчӣ ки ба номи ӯ бофтанд, аз ҷумла тамрин диданаш дар урдугоҳҳои Эрон сохтаву бофта аст.

Ба гуфтаи Саидюнуси Истаравшанӣ, Нилуфар Раҳимҷонова дар 3 соли пеш алорағми ҳушдорҳои ӯву падарарӯсаш, ки мегуфтанд, ба Узбакистон наравад, ки режимаш онҳоро хуш надоранд, ба ин сафари хатарнок рафт ва худро гирифтор кард.

Саидюнуси Истаравшанӣҳамин тавр, дар марсияи пурсӯзе дар марги ҳамсараш шарикии Нилуфар Раҳимҷонова дар ин солиёни ғурбат бо ӯро ҳамчун «ҷиҳод»-и як ҳамсари бовафо тавсиф карда, навиштааст: «Аз замоне ки туро боздошт карданд ва бароят додгоҳ ташкил ва бо он тӯҳмат ва иттиҳоми кизб ва дурӯғин ба зиндон афканданд, лаҳзае ором нанишастам. Медонистам, танҳо ҷурми ту чӣ буд?! Инки ту ҳамсари ман ва духтари падарат ҳастӣ

Нилуфар Раҳимҷонова 37 сол дошт, ки дар зиндони Тошканд даргузашт. То ҳол маълум нест, ки иллати марги ин зан чӣ буд. Аз ӯ 4 фарзанд мондааст. Саидюнуси Истаравшанӣ мегӯяд, духтари онҳо, ки 20 сол дошт, соли гузашта дар Истаравшан шавҳар кард, вале се писарашон дар Эрон бо ӯянд ва инҷо таҳсил мекунануд.

Падари Нилуфар Раҳимҷонова - Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ - аз рӯҳониёни маъруфи замони Шӯравист, ки ҳангоми таҳсилаш дар яке аз мадрасаҳои Бухоро издивоҷ кардааст ва аз ин хотир, Нилуфар ва 3 фарзанди дигараш аз ин издивоҷ ибтидо шаҳрвандии Узбакистонро доштанд. Домулло Маъруфҷон, ки дар ибтидои солҳои 90 хеле маъруф шуда буд, баъди оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Эрон паноҳ бурд.

Нилуфар яке аз 4 фарзанди ӯст, ки ба Саидюнуси Истаравшанӣ хонадор шуда буд. Онҳо аз Бухоро, маҳалле ки падараш таҳсил мекард, дар соли 1992 ба ноҳияи Истаравашан (он замон - Ӯротеппа) омаданд, вале баъди оғози ҷангҳо аз инҷо ба Эрон паноҳ бурданд.

Дар моҳи июни соли 2011 Нилуфар Раҳимҷонова ба Истаравшан меояд ва пас аз як моҳи иқомат дар Истаравшан, вақте ба тӯи бародараш ба Тошканд рафт, онҷо боздошт ва зиндониаш карданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi