14:37:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

"Авторитет"-ҳои тоҷик дар олами ҷиноии Русия

Яке аз масъалаҳои мавриди баҳс дар ҷаласаи муштараки ҳайатҳои раҳбарии вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистон ва Русия 11 август дар Хуҷанд ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии тоҷикон дар Русия рабт дошт.

jinoyatkoron-45698855Маскав мегӯяд, ки гурӯҳҳои ҷинояткори тоҷик дар Русия дар ҳоли афзоишанд ва Тоҷикистон нигаронӣ аст, ки бо таҷриба, силоҳ ва созмонёфтагии худ ин гурӯҳҳо метавонанд ба ватан баргарданд ва ба суботи он таҳдид кунанд. Ҳамоиши Хуҷанд дар пасманзари хабарҳое ҷараён гирифт, ки полиси Русия гурӯҳи 50-нафарии Баҳодур Қобилов, мулаққаб ба “Малиш”-ро боздошт кард.

Ҳамлаи мусаллаҳона ба мошини инкассаторҳои чиноӣ ва рабоиши 8 миллион рубли русӣ яке аз охирин “корнамоиҳо”-и ин даста буд. Аз ин пеш, дар соли 2009 гурӯҳи созмонёфтаи мусаллаҳи Абдуқаҳҳор Абдураҳимов, сокини Исфара боздошт шуд. Вай ва аъзои гурӯҳаш ба Тоҷикистон истирдод, вале баъдан раҳо гашта, дубора дар Русия ба дуздию ғорат идома доданд.

Гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноии тоҷикон дар ду даҳсолаи ахир дар Русия ба дунболи ҷамъиятҳои мухталифи тоҷикон, гурӯҳҳои ронандагони таксиҳо, табибон, гурӯҳҳои вакилони мудофеъ шакл гирифтанд ва барои фаъолияти худ аввал дар бозорҳо ва сипас дар ҷойҳои дигар барои худ майдон дуруст карданд. Ин гурӯҳҳо тадриҷан дар атрофи “авторитетҳо” муттаҳид шуданд. Абдуғаффор Азизов, намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилии Русия мавҷудияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи тоҷикон дар Русияро эътироф мекунад ва  мегӯяд, ки дар ҳамкорӣ бо ҷониби Русия баъзе аз ин гурӯҳҳоро боздошт ҳам кардаанд. Ба гуфтаи вай, ин гурӯҳҳо худи тоҷиконро низ азияту озор медиҳанд.

Дар аввалҳои солҳои 2000 тақрибан ҳамаи гурӯҳҳоиҷинояткор, ки дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон дар ин кишвар бо зӯри аслиҳа, ба истилоҳ “нон” меёфтанд ва дороӣҳам ба даст оварда буданд, зери заррабини ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон қарор гирифтанд. Онҳо дигар наметавонистанд дар кӯчаҳо бо худ аслиҳа бигиранд ва барои ин кор тибқи қонун боздошт ва муҷозот мешуданд. Дар миёни онҳо ҷавононе низ буданд, ки аз ду тарафи даргир меҷангиданд ва дар солҳои нооромӣ бо ғоратгарӣ хӯ гирифта буданд. Онҳо собиқаи варзишкорӣҳам доштанд. Соҳаи фаъолияти чунин унсурҳо дар Тоҷикистон ё маҳдуд шуд ва ё онҳо ҷои беҳтаре мехостанд. Баъзе аз онҳо дар баробари муҳоҷирони корӣ рӯ ба Русия оварданд.

Солҳои аввал онҳо бо олами ҷиноии Русия ошно набуданд, ба ин далел фаъолияти худро бо “зулм” ба тоҷиконе оғоз карданд, ки дар бозору мағозаҳо бо тиҷорат машғул буданд. Ин ҷинояти онҳо чандон ошкор намешуд, чун муҳоҷирони тоҷик аз тарс лаб ба шикоят намекушоданд ва ё фаъолияти худашон ғайриқонунӣ буд. Тадриҷан ин ҷиноятпешагон доираи ҷурму ҷиноёти худро васеъ ва бо унсурҳои ҷиноии маҳаллӣ иртибот барқарор карданд. Бо кӯмаки ин унсурҳо акнун на танҳо тоҷикон, балки тоҷирони омадаи кишварҳои дигарро ҳадаф қарор медоданд. Азбаски ин тоҷирон ё соҳибкорон молу колои қочоқӣ низ ворид мекарданд, ҷуръати шикоят ба мақомоти интизомиро надоштанд. Гоҳо баъзе кормандони ришвахори пулис тавассути агентҳои худ пинҳонӣ ин гурӯҳҳоро ба ҳадафҳои лозимӣ сафарбар мекарданд.

Барои ҷорӣ кардани нуфузи худ дар соҳаҳои муайян гурӯҳҳои ҷинояткори тоҷик бо гурӯҳҳои ҷинояткори маҳаллӣ, қафқозӣ ё кишварҳои дигар вориди гуфтугӯ мешуданд ва ба қавле “созишҳои пинҳонии нонавишта” ҳам ба даст меомад. Ба ин тартиб гурӯҳҳои ҷиноятпешаи тоҷик таҷриба андӯхтанд ва то ҷое обдида ҳам шуданд. Вале аз оғоз то ба ҳол онҳо мустақил нестанд ва гурӯҳҳои маҳаллӣ онҳоро назорат мекунанд ва ба онҳо гоҳо супориш ҳам медиҳанд. Авторитетҳои ҷиноии тоҷик дар таркиби гурӯҳҳои муштараки миллатҳои гуногун ҳам фаъолият мекунанд. Вале то ҳол дар гурӯҳҳои муштарак тоҷикон нақши раҳбарӣ надоранд.

Унвонҳо дар олами ҷиноӣ

Дар Русия рутбаи “Вор в законе”-ро худи олами ҷиноӣ гӯё ба шахси “арзанда” дар “сходка”-ҳо ё ҳамоишҳои махсуси худ медиҳад. Гуфтугӯҳо дар бораи довталабии шахсе аз Тоҷикистон бо номи мустаори “Баха” дар Русия ҳаст, гарчӣ аз вай дар ҷое ном бурда намешавад. “Малиш” ё Баҳодур Қобилове, ки дар аввалҳои моҳи август боздошт шуд, бо номи мустаори “Якуб” низ фаъолият мекардааст. Анатолий Якунин, раиси пулиси Маскав дар нишасти ахири матбуотии худ баъд аз боздошти “Малиш” қавл дод, ки дар бораи шахсияти вай баъдтар маълумот нашр хоҳанд кард.

Дар олами ҷиноии Русия Япончик, Тайванчик, Бахтиёр Керимов, Рафаэл Багдасарян, Георгий Гоголадзе, Икмет Мухтаров, Тимоха Гомелский ва амсоли онҳо бо номҳои мустаор ва ё номҳои худ ба унвони “вор в законе” ё “дузди қонунӣ” маъруфанд.  Вале аз тоҷикон касе унвони “Вор в законе” надорад.  Ин “дуздҳои қонунӣ” дар давраҳои мухталиф дар олами ҷиноӣ  нақши худро гузоштаанд.

Дуздҳо ҳамеша бо якдигар рақобат доштанд, бо вуҷуди ин ки бо якдигар нишасту бархост мекарданд. Онҳо дар сурати халал ворид шудан ба манфиати худ, омодаанд рақибро аз байн баранд. Гоҳо онҳоро нируҳое бар зидди якдигар ҷанг ҳам меандозанд ва аксар вақт ин “дуздҳо” бо дасти якдигар кушта мешаванд.

Тоҷикон рутбаи “Вор в законе” надоранд

Гарчӣ дар олами ҷиноии тоҷикон “вор в законе” нест, вале унвонҳои дигар мисли “смотряший” ҳастанд. Онҳоро низ дар олами ҷиноӣ эътироф мекунанд ва онҳо бештар дар зиндонҳо нақши раҳбариро иҷро кардаанд. Албатта, онҳо дар озодӣҳам фаъолият мебаранд.Яке аз чунин шахсон Шӯҳрат Яхшимуродов буд, ки бо гурӯҳҳои маъруфи ҷиноятпеша ҳамкорӣ мекард. Вай то ба дарёфти унвони “вор в законе” нарасид ва 22 апрели соли 2014 дар синни 47-солагӣ дар рақобатҳои гурӯҳӣ кушта шуд.

Авторитетҳои ҷиноӣ ба номи худ корхонаву ширкатҳо ҳам доранд ва аз номи ин ширкатҳо доду гирифти хешро танзим мекунанд. Масалан, Яхшимуродов раҳбари ширкати “Фейр Плей Интернешенал” буд ва бо тиҷорати сангҳои қимматбаҳо низ машғул мешуд. Бино ба маълумоти таъйиднашуда, Яхшимуродов бо ниҳодҳое дар Тоҷикистон ҳамкорӣ доштааст ва ин ниҳодҳо вайро вориди олами ҷиноӣ карданд ва чунин кор ба олами ҷиноӣ дар Русия гӯё хуш наомадааст ва вайро “аз миён бардоштаанд”.

Шӯҳрат дар олами ҷиноии Русия соҳиби эътибор буд ва вайро гаҳ-гоҳе барои ором кардани моҷароҳои гурӯҳии тоҷикон ва ё узбакҳо низ даъват мекарданд. Гурӯҳҳои Қафқозро низ дар куштори вай шарик медонанд. Аз Тоҷикистон гурӯҳи “Рустами кӯлобӣ” низ бо Яхшимуродов рақобати оштинопазир дошт. Ин нукта низ ҷолиб аст, ки дар Русия дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон шахсоне зери унвонҳои  эшону шайху ҳоҷӣ низ ба истисмори муҳоҷирон ва судхӯрӣ машғул мешаванд ва бо гурӯҳҳои кишварҳои дигар ҳамкорӣ мекунанд.

Гурӯҳҳои тоҷикон байни худ ҳам “мезананд”

Гурӯҳҳои ҷиноии тоҷик дар Русия гоҳо дар мавридҳои ба ҳам задани манфиатҳояшон бо якдигар вориди даргирӣҳам мешаванд. Масалан, ду гурӯҳи маъруфи тоҷик ба раҳбарии Мустафо ва Зайди Ванҷӣ дар рақобатҳои байни худ якдигарро куштаанд. Ин ду гурӯҳ мусаллаҳ буданд. Мустафо дар солҳои баъд аз ҷанг дар зиндони Ёвон чанд сол зиндонӣ буд. Баъд аз раҳои ба Русия рафт ва ба яке аз авторитетҳои ҷиноӣ табдил ёфт ва ба дараҷаи “старший смотряший” ё “нигаҳбони аршад” расид.

Гурӯҳи Мустафо бо гурӯҳи Зайди ванҷӣ (Зайниддин) дар бозори Виктория тақрибан ду соли пеш ба ҳам дарафтоданд. Масъалаи баҳси онҳо, ба гуфтаи ҳолдонҳо, 100 ҳазор рубли русӣ буд. Ин ду гурӯҳ ба шадидтарин шева бо якдигар бархӯрд карданд ва маълум шуд, ки ҳар ду ҷониб бар зидди якдигар аслиҳаро ба кор бурдаанд. Дар ин задухӯрд Зайди ванҷӣ  ва аз гурӯҳи Мустафо ду нафар кушта шуданд.

Ин ҷангро оғози рақобатҳои гурӯҳи Ванҷ бо гурӯҳи Душанбе бо сардории Мустафо арзёбӣ мекунанд. Ин рақобат бо куштори Мустафо дар шаҳри Кострома сабаб шуд. Вале афроди огоҳдақиқ намедонанд, ки кушандаи Мустафо кадом гурӯҳ ё ниру буд. Дар бораи рақобати Мустафо бо гурӯҳҳои ҷиноии чеченҳо низ сару садоҳо ҳастчун Мустафо дар Кострома як база дошт.

Мустафо ба Шӯҳрат Яхшимуродов итоат мекард. Баъд аз кушта шудани Мустафо яке дигар аз аъзои маъруфи Зайди ванҷиро, ки аз вай ном бурда намешавад, алоҳида ба ҷое даъват кардаанд ва дар танҳоӣҳадафи тир қарор додаанд. Албатта, хонандагон бояд дар назар бигиранд, ки ин на он Мустафост, ки бо лақаби Мустафо-Қурбошӣ машҳур аст.

Гурӯҳи Шамси испечакӣ низ дар Маскав шинохташуда аст. Ин гурӯҳ дар солҳои 2004-2005 дар бозори Черкизовои Маскав ташкил ва ташаккул ёфтааст ва дар оғоз ҳадафаш нигаҳбониии тоҷирони тоҷик аз дигар гурӯҳҳои ҷиноӣ буд. Барои ин ҳақ мегирифт. То баста шудани ин бозор дар “разборкаҳо” ширкат мекард. Боқимондаи аъзои гурӯҳи вай то ҳол дар бозорҳои Садовод ва Люблинои Маскав нуфуз доранд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки ин гурӯҳҳам мусаллаҳ аст, вале дар олами ҷиноӣ вазнаш камтар аст ва бештар ба дуздиву роҳзанӣ машғул мешавад. Вайро бо чаҳор нафари дигари аъзои гурӯҳаш тақрибан якуним соли пеш барои одамрабоӣ, яъне рабудани як кӯдаки яҳудӣ аз хонаводаи сарватманд ва тамаъи пул барои раҳоии вай боздошт ва ба яке аз зиндонҳои Маскав андохтаанд.

“Авторитет”-и дигаре бо номи “Қосимча” аз Қӯрғонтеппа бо одамони худ ба озору ғорати муҳоҷирон ва тоҷирони тоҷик машғул буд ва ба гурӯҳе итоат намекард. Вай ҳам кушта шуд.

Гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба Тоҷикистон бармегарданд?

Зарурати бозгашти гурӯҳҳои ҷиноятпеша аз Русия ба Тоҷикистон замоне пеш хоҳад омад, ки ҳалқаҳои фишор ба ин гурӯҳҳо дар Русия тангтар шаванд ва манофеи моливу ҳаёти худи онҳо зери хатар равад. Чун онҳо бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд, кишвари худро барои худ ақибгоҳ медонанд. Масалан, раҳбарони гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноии “Абрешимчӣ” Абдумаҷид Халилов ва Набиҷон Собиров баъд аз муддате фаъолият дар Русия ба шимоли Тоҷикистон баргаштанд. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, онҳо ҳам дар куштор ва ҳам дар ғорат даст доштанд. Вале моҳи ноябри соли 2013 онҳо дар шимоли Тоҷикистон боздошт шуданд.

Вақтҳои охир дар Русия ниҳодҳои интизомӣ сохторҳои гурӯҳҳои ҷинояткорро омӯхтаанд ва бо кӯмаки агентҳои зархариди худ ин гурӯҳҳоро ошкор ва гоҳо ҳангоми содир кардани ҷиноят боздошт мекунанд. Аз эҳтимол дур нест, ки гурӯҳи “Малиш” ё “Якуб” ба ҳамин роҳ боздошт шуда бошад. Бо вуҷуди ин, тибқи маводи матбуотӣ, ниҳодҳои интизомии Русия эътироф мекунанд, ки дар сурати ба ҳам омадани гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ мубориза бо ин шабака душвор хоҳад буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi