14:28:55 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Тоҷикэйр" ҳавопаймоҳои сохти Шӯравиро мефурӯшад

Масъулони ширкати "Тоҷикэйр" мегӯянд, ин ширкат ҳавопаймоҳои даврони Шӯравиро ба фурӯш гузоштааст. Фирӯз Ҳамроев, раиси кулли ширкати "Тоҷикэйр" рӯзи душанбеи 21 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ихтиёри ин ширкат 24 ҳавопаймои даврони шӯравӣ аст, ки ба тариқи музояда ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд.

tajik-air 45871212Вай дар шарҳи ин тасмим гуфт, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, ҳавопаймоҳои АН-24, ЯК-40, ТУ-154 ва АН-28  бинобар фарсуда шудану мӯҳлати истифодаашон ба поён расидан ва ҳамчунин сарфи зиёди сӯзишворӣ, аз истифода боздошта шудаанд.

Интиқоли мусофирон ва бор тариқи ҳавопаймоҳои Боинг

Ба гуфтаи Фирӯз Ҳамроев, ширкати "Тоҷикэйр" дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ интиқоли мусофирон ва борро тавассути панҷҳавопаймои ғарбӣ - ду Боинг 757 - 200, ду Боинги 737 - 400, як Боинги 737 - 300, инчунин 3 ҳавопаймои шӯравӣ - як адад Ан - 26, ду Ан - 28 ва се чархболи Ми - 8 МТВ анҷом дод.

Ҳамчунинҷаноби Ҳамроев афзуд, ки ҳавопаймои чинии МА - 60 бошад, мутобиқи қарордод бо ширкати афғонии "East Horizon Airlines" оиди истифодабараии якҷоя давр хатсайри Кобул - Исломобод маврид истифода қарор дорад. Зимнан, ба иттилои Фирӯз Ҳамроев, ширкати "Тоҷикэйр" дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 793 парвоз анҷом додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 8 дарсад камтар аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳамроев, дар ин муддат "Тоҷикэйр" парвозҳо дар хатсайри Душанбе - Истамбул - Душанберо қатъ намуда, парвозҳоро аз Хуҷанд самти Маскав аз 7 маротиба ба чаҳор маротиба коҳиш додааст, ки ин амр боиси кам шудани ҳаҷми интиқоли мусофирон ва даромаднокии  ширкат шудааст. Аммо ба таъкиди ҷаноби Ҳамроев, дар ин давра парвозҳо ба самти Санкт - Петербург ва Екатеринбурги Русия зиёд шудааст.

110 млн сомонӣқарзи "Тоҷикэйр"

Масъулони ширкати "Тоҷикэйр" мегӯянд, ин ширкат дар назди бархе аз ширкату корхонаҳо ба маблағи 110 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 20 миллион доллар қарздор аст. Фирӯз Ҳамроев гуфт, ки ширкат аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва фурудгоҳи Хуҷанд, "Тоҷикаэронавигатсия" ва идораи "Тоҷиксуғурта" қарздор аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ба гуфтаи ҷаноби Ҳамроев, ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қароре омода кардааст, ки бар асоси он 49 миллион доллар қарзи ширкат аз эътибор соқит карда мешавад. Ҳамчунин 24 миллион сомонӣ аз ин қарз, ки дар назди "Тоҷиксуғурта" аст, барои 10 сол тамдид карда мешавад.

Интиқоли ҷасадҳо тариқи "Тоҷикэйр"

Ба гуфтаи Фирӯз Ҳамроев, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ , тариқи ширкати "Тоҷикэйр" 281 ҷасади шаҳрвандон ба Ватан оварда шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар бархе парвозҳо ҳатто то чор ҷасад оварда шудааст. Ба иттилои ҷаноби Ҳамроев, ин рақам дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта камтар аст. Чун дар шаш моҳаи аввали соли гузашта тариқи "Тоҷикэйр" 390 ҷасад оварда шуда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi