10:08:20 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Гург ҳам ром мешудааст?

Инсон ва олами вуҳуш

Ҳайвонҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд - ваҳшӣ ва хонагӣ. Хирсу гургу шағолу рӯбоҳ мансуб ба ҳайвоноти ваҳшӣ буда, ақидае вуҷуд дорад, ки онҳо ҳеҷ гоҳ рому хонагӣ нашуда, он меҳру муҳаббате, ки саг аз азал ба инсон дорад, дар сирати онҳо вуҷуд надорад.

gurg-volk-547878Аммо дар афсонаҳо мехонем, ки бештари ин ҳайвонҳои ваҳшӣ дӯсти инсонанд ва дар лаҳзаҳои душвор ба кумаки одамон меоянд. Афсона афсона асту воқеият дигар. Солҳои пешин мо бобои Талабро дар хотир дорем, ки бо хириси ромшудае дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пайдо мешуд ва "бача"-и каҷпояш ба мардум аҷаб дилхушӣ мебахшид. Мегӯянд, ки бобои Талаб пиру нотавон гашту "бача"-и бо чормағзу бодом парваридаашро ба Боғи вуҳуши шаҳри Душанбе таслим кард.

Дар ин рӯзгори пуртазод кӣ шоҳидӣ дода метавонад, ки гург бо он образи манфие, ки дорад, дар замонею маконе ба одам ром шудаю хислати сагона гирифта бошад? Шояд ҳеҷ кас! Қобил ҳам (дар сурат) ба гург нафрат дорад, сагбоз аст ва олами сагҳоро хеле хуб омӯхтааст. Ҳафт моҳ пеш, аз сагбозори Душанбе кучукчаеро бо нархи гарон харидорӣ кард, ки якҳафтаина ва ҳанӯз чашм накушодаю оламу одамро дида наметавонист. Соҳиби кучукча "ин саги зотӣ аст", гуфта буд.

Моҳҳо гузаштанду хеҷ не, ки саг аккос занад… Фуку чашмони он ба саг монанд не, балки дарозу сабзи баланд. Оҳиста-оҳиста "саги зотӣ" уллос мекашидагӣ шуд. Баъзеҳо бо шӯхӣ онро "гибрид" меномиданд, вале Қобил ҳис кард, ки сагаш дурага не, балки гург аст ва ба он номи зебо - Алландро гузошт. Алланд дар шаклу симо гург аст, аммо ромшуда ва каму беш хислатҳои сагонаро дорад. Меҳрубон аст, ҳатто думашро ликонида меистад, гӯшту устухонро гургона мехӯрад ва аз нон ҳам (агар гӯшту устухон наёбад) рӯ намегардонад.

- Шумо "Алланд"-ро гург мегӯед, исбот карда метавонед, ки вай дар ҳақиқат гург аст?- суол медиҳем ба Қобил.

- Исбот!- бо хаяҷони махсус посух мегӯяд Қобил,- сагҳо аз вай метарсанд, ҳатто ӯро дидан замон, думро хода мекунанд.

Вақте ки ба "Алланд" наздик шудем, аз мо канор нагирифт, бо "меҳрубонии хос" сар хам кард, пушташро ламс карда, молишаш додем. Меҳрубонии мо ӯро форид ва ӯ фукашро боло карда, уллос кашид. Садои гург.

 Б.Ҳуҷҷатӣ , «Рӯзгор»

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi