16:07:12 26-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Муҷозоти 3 табиб барои марги гиторнавози гурӯҳи "Парем"

Додгоҳи ноҳияи Сино ҳукми худ дар мавриди табибони беморхонаи Қаряи Боло дар робита ба марги гиторнавози «Парем»-ро эълон кард.

gruppa-parem-45587411Нимаи даввуми имрӯз додгоҳи ноҳияи Сино ҳукми худро дар мавриди пизишкони беморхонаи Қаряи Болоро содир кард. Додгоҳ Илҳом Носиров, мудири Шуъбаи эҳёгарии маркази миллии тиббии Қаряи Болоро ба пардохти 400 ҳадди ақали маош ва ду соли маҳрумият аз фаъолияти пизишкӣ, муҷозот кард. Ҳамчунин додгоҳ Осаф Сафаров, корманди дигари беморхонаи Қаряи Болоро ба андозаи 500 ҳадди ақали маош ва Шӯҳрат Бобоевро ба андозаи 700 ҳадди ақали маош муҷозот карда, ҳардуро барои ду сол аз фаъолияти пизишкӣ мамнӯъ кард.

Додраси додгоҳ Лоиқ Зикиров дар ибтидо Илҳом Носиров, мудири Шуъбаи эҳёгарии маркази милии тибии Қаряи Болоро ба андозаи 800 ҳадди ақали маош муҷозот эълон кард, аммо баъдан бо назардошти ин, ки вай тайи ин муддати тафтишот дар СИЗО нигоҳ дошта мешуд, ними онро кам кардааст.

Дар ҳамин ҳол Муродқул Ҳазратқулов, падари гиторнавози гурӯҳи мусиқии "Парем" рӯзи 6-уми декбар ба мо гуфт, ки пас аз ба даст гирифтани ҳукми додгоҳ дар мавриди пизишкони беморхона, алайҳи худи беморхонаи Қаряи Боло ба додгоҳ шикоят бурда, барои зарари маънавӣ даъво хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки 17-уми марти соли равон Ҳакимҷон Ҳазратқулов, гиторнавози гурӯрҳи «Парем» бо ҷароҳати асобати мағзӣ ба бемористони Қаряи Боло мунтақил шуда буд, аммо пас аз 43 рӯзи табобат вай дар беморхона фавтид.

Оҷонсии зидди коррупсия рӯзи 24-уми июл ба мо гуфта буд, гурӯҳи зудамали ин ниҳод Илҳом Носировро 16-уми июл дар кабинети кориаш бо ҷурми ришватситонӣ тибқи моддаи 319- банди 4-и Кодекси ҷиноӣ боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи мақомот, Илҳом Носиров бо зердастонаш барои табобати Ҳакимҷон Ҳазратқулов, гиторнавози гурӯҳи машҳури ҳунарии «Парем», ки 43 рӯз дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дошт, бо ҳар баҳона аз падари ӯ 10  470 сомонӣ, муодили 2 200 доллар ришва гирифтаанд. Аммо Ҳакимҷон Ҳазратқулов шифо наёфт ва рӯзи 29-уми апрел дар бемористон даргузашт.

Ба гуфтаи як манбаъ дар Оҷонсии зидди фасод, «падари Ҳакимҷон Ҳазратқулов пас аз марги писараш ба назди сардори шӯъбаи эҳёгарӣ омада хоҳиш кардааст, ки қисме аз маблағи додаашро ба ӯ баргардонанд ва кормандони оҷонсӣ Носировро ҳангоми бозгардондани 2000 сомонӣ боздошт карданд. Муродқул Ҳазратқулов, падари Ҳакимҷон гуфтааст, ки тайи ин 43 рӯзи табобати писараш 104 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст.

Ҳаким Ҳазратқулов, гиторнавози ин гурӯҳ, моҳи март дар ҷараёни бозии футбол ба замин афтод ва косахонаи сараш сахт зарб хӯрд. Ӯро билофосила аз варзишгоҳ ба корпуси панҷуми бемористони ҷумҳуриявии Қарияи Боло бурда, бистарӣ карданд, вале ӯ 29 апрел, баъди 43 рӯзи табобат даргузашт. Ҳакимҷон Ҳазратқулов аз соли 1994 тайи қариб 20 сол дар гурӯҳи «Парем» ҳамчун гиторнавоз фаъолият доштааст.

"Озодӣ"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi