15:32:58 18-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Асрори қатли қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон ва хоҳари ӯ дар Кобул

Яке аз ду нафари кушташуда дар Кобул қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар вазнбардории қудратӣ ва дигари хоҳари ӯ будааст.

kabul-sity-544545Аҷсоди ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро ахиран аз зери хок берун кашида, мавриди ташхиси додгоҳӣ қарор додаанд. Корманди додситонии кулли Тоҷикистон ва муфаттиши ин парванда Баҳриддин Аслонов ба мо гуфт, ба далели тоза шурӯъ шудани тафтишот наметавонад тафсилоти ҳодисаро ба миён гузорад.

Ончӣ то ҳоло ошкор шудааст, ин аст, ки ҷасади Светлана Коверзяковаи 29-сола ва бародараш Борис Коверзякови 21- сола ҳанӯз рӯзи 28 август аз Кобул ба Душанбе интиқол ёфтааст. Рӯзи дигараш ҷанозаи онҳо ба хок супорида шуда, аммо 2-юми сентябр бо амри додситонии кул онҳоро дигарбора аз хок берун оварда, мавриди ташхис қарор додаанд. Маълум шудааст, ки ҳарду бо силоҳи оташфишон кушта шудаанд.

Бино бар фарзияи асосӣ, Светлана, ки бо марди афғон издивоҷ карда буд, ахиран хостори талоқ шуда, барои талаби ҳаққи молии худ ба Кобул сафар кардааст.

 Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ин кушторро мармуз номид ва гуфт, ки ҳанӯз мақомоти амниятии Кобул қотил ва дастандаркорони ин кушторро ошкор накардаанд ва дар ҳоли боздошти онҳо аз сӯи дастгоҳҳои адлӣ муҷозот хоҳанд шуд. 

Оқои Орзу ҳодисаро чунин тавзеҳ дод: “Ин хонуми тоҷик бо як шаҳрванди Афғонистон издивоҷ карда, бо бародараш ба Кобул сафар мекунад. Он чӣ ҳоло ба мо маълум аст, модари ин мақтулон омада буд ва дар даст коғази ЗАГС - и онҳоро дошт, ки тибқи он, дар замони муқовимат (охири солҳои 90 - ум то 2001) дар Тоҷикистон издивоҷ кардаанд. Дар ин никоҳнома омадааст, ки шавҳараш воқеан шаҳрванди Афғонистон аст, аммо инки чаро ба Кобул сафар мекунад, бино ба маълумоти консулии сафорати мо, он зан навиштааст, ки бо бародараш барои анҷоми корҳои иҷтимоии худ сафар мекунад.”

Дар сӯҳбат бо мо дӯстони мақтулон иброз доштанд, ки бародару хоҳарро ҳамчун Светлана Ризозода ва Багир Ризозода, ба номи падарашон мешиносанд. Дар маълумотҳои расмӣ ҳарду бекор зикр шудаанд, аммо Багир дар клуби “Регулянт” – и Душанбе машқи вазнбардорӣ мекард ва се карат қаҳрамони Тоҷикистон ҳам будааст.

 Олим Парпиев, муовини раиси Федератсияи вазнбардорӣ ё пауерлифтинги Тоҷикистон Багирро як варзишкори умедбахш унвон карда, гуфт: “Ӯ пауерлифтери хеле хуб буд. Шогирди ману Толеъ Холназаров буд. Светлана ҳам аз рӯи шунидам машқ мекард, аммо ман надидаам. Аммо Багир бо мо буд ва хеле афсӯс мехӯрем, ки сарнавишташ чунин анҷомид.”

Дар як тамоси телефонӣ бо мо сарвари раёсати ҷиноии пулиси шаҳри Кобул генерал Муҳаммад Зоҳир гуфт, дарвоқеъ хонуми тоҷик гӯё аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба Кобул омадааст, то ҳақталабӣ кунад. Вай афзуд, ҳоло шавҳари ин зан таҳти таъқиб аст ва аз сӯи пулис ҷустуҷӯ мешавад.

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, агар масъала ҳақталабӣ буд, хонум мебоист аввал ба мақомоти Тоҷикистон ва ё сафорати Афғонистон муроҷиат мекард, чун тариқи қонунҳои дунявиву шариатии ҳарду кишвар ӯ ҳуқуқ дошт, ки ҳаққи худро аз шавҳараш биситонад.

Сафири Афғонистон ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки аз никоҳи шаҳрвандони кишвараш бо шаҳрвандони Тоҷикистон сафоратро низ дар ҷараён гузоранд, то дар чунин ҳолатҳо мушкили муайян кардани шахсият аз байн равад. Вай афзуд, имкон дорад, ки афроди нолоиқ ва ҷинояткор ҳам ба ин корҳо даст бизананд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi