13:56:59 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ширкаткунандагони флеш-моб ба додгоҳ кашида шуданд

Маҳмудҷон Қосимов, Мавҷуда Соҳибназарова ва фарзандони Зайд Саидовро дар "майдаавбошӣ" гунаҳгор мекунанд. Субҳи панҷшанбе, алорағми интизороти аъзои гурӯҳи ташабускори таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", ки дар бозпурсии идораи пулиси ноҳии Исмоили Сомонӣ аз рӯи масъалаи ташкили ғайримуҷози флеш-моб посух хоҳанд дод, онҳоро ба муҳокимаи додгоҳ кашонданд.

new-tajikistan_1221452Дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ - "майдаавбошӣ" шурӯъ шудааст. Дар курсии айбдоршавандаҳо - аъзои  гурӯҳи ташаббускори ҳизби "Тоҷикистони нав" Маҳмудҷон Қосимов, Мавҷуда Соҳибназарова ва панҷ фарзандони Зайд Саидов, аз ҷумла Хайрулло ва Хуршед қарор доранд.

Соатҳо пеш аз шурӯи мурофиаи эълонношуда,  Маҳмудҷон Қосимов дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки "онҳо бо даъвати мақомоти шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ин идора ҳузур ёфтанд ва қарор аст, масъулони пулис бо онҳо дар робита ба флеш моби рӯзи сешанбе сӯҳбат кунанд."

Ин ҳам дар ҳоле, аз шоми 27 август то имрӯз Маҳмудҷон Қосимов ду дафъа дар бозпурсии мақомот - мақомоти амнияти миллӣ ва ҳам шӯъбаи умури дохила қарор дошт.

Ба гуфтаи ҷаноби Қосимов, рӯзи 28 август "сӯҳбат дар идораи пулиси Исмоили Сомонӣ ҳудуди се соат идома пайдо кард ва гуфтугӯ нахуст бо муовини раиси ин идора ҷараён гирифт ва баъдан ба он сардорони яке аз бахшҳои шаҳрӣ ҳамроҳ гардид".

Ба таъкиди Маҳмудҷон Қосимов ин сӯҳбат чун сӯҳбати рӯзи сешанбе, ки бо мақомоти амниятӣ сурат гирифта буд, бо риояи ҳама талаботи қонун ва ахлоқу одоб ҷараён гирифт, ки бештар паҳлӯҳои ҳуқуқии баргузории флеш моб баҳс шуд.

Ҷаноби Қосимов гуфт, ки аз сӯҳбат ин нигаронӣ буд, ки "дар мавриди барпои флешмоб оё масъулияте дарк мешуд, ки коре кунем, ки ҳадалимкон тартиботи ҷамъиятӣ халалдор нашавад, мардум нороҳат нашавад, мардум иқдоми моро нодуруст шарҳ надиҳанд."

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҷаноби Қосимов мақомотро мутмаин сохтааст, ки фаъолияти онҳо дар чорчуби талаботи қонун ва одобу ахлоқ будааст.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки мақомот иқдоми рӯзи гузаштаи ҳаводорони Зайд Саидовро чӣ гуна арзёбӣ мекунад? Дар ҳамин ҳол Маҳмудҷон Қосимов мегӯяд, фардо панҷшанбеи 29-уми август соати 9:00 вақти маҳаллӣ вай ва Мавҷуда Соҳибназарова, яке дигар аз аъзои гурӯҳи ташабускори ҳизби "Тоҷикистони нав" ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ боз даъват шудан ва имкон дорад, мақомот назари худро шарҳ диҳанд.

Рӯзи сешанбеи 27-уми август дар иртибот ба 100 рӯзи боздошти Зайд Саидов дар шаҳри Душанбе флешмоб ё маъракаи ҳамраъйӣ баргузор шуд. Ширкаткунандагони ин намоиш  ба ҳаво 100 кабӯтар сар доданд ва бори дигар шиори “Озодӣ ба З.Саидов”-ро ба забон оварданд. Ин ҳамоиш дар боми Маҷмаи тиҷоратии «Пойтахт» бо ҳузури ҳудуди 50 тан аз ҷонибдорони Зайд Саидов сурат гирифт.

Маҳмудҷон Қосимов, дар шарҳи  ин иқдом  гуфт, ки бо ин роҳ мехоҳад бори дигар таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба қазияи Зайд Саидов ҷалб кунад. Вай гуфт, ки кабутари сафед рамзи озодист ва бо сар додани сад кабутари сафед  ба осмон, мехоҳанд дубора ба озод шудани вай даъват кунанд.

Зайд Саидов аз рӯзи 19 май инҷониб дар боздошт аст. Мақомоти тафтишотӣӯро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла, тамаъҷӯӣ, гирифтани пул, таҷовуз ба номус, водор кардани ноболиғ ба исқоти ҳамл ва бисёрҳамсарӣ муттаҳам мекунанд. Вале худи соҳибкор ин иттиҳомотро қабул надорад ва мегӯяд, ки фишору таъқиби ӯ бо нияти ташкили ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" иртибот дорад, ки дар борааш як моҳ пеш аз боздошташ расман эълон карда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi