17:43:56 14-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Парванда алайҳи сармуҳосиб барои "обу лой"-и ним млн сомонӣ

Оҷонсии мубориза бо фасод алайҳи сармуҳосиби корхонаи «Нафту газ ва ангишт»-и Вазорати энергетика ва саноат барои аз худ кардани маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

pora-korrupsia 21458778Кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон зимни тафтиши фаъолияти корхонаи «Нафту газ ва ангишт»-и Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон беш аз ниммиллион сомониро ошкор карданд, ки аз ҷониби масъулони ин корхона мавриди фасод қарор дода шудааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 26 август ба мо иттилоъ дод, ки кормандони Сарраёсати ҷиноятҳои иқтисодии Оҷонсӣ алайҳи сармуҳосиби корхонаи  «Нафту газ ва ангишт»-и вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, бо моддаи 245 қисми 4 ва 340 қисми 2, яъне барои аз худ кардани маблағ дар ҳаҷми беҳад калон, дар ҳафтаи гузашта парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Сарраёсати ҷиноятҳои иқтисодии Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, ки дар авоили моҳи июл кормандони оҷонсӣ фаъолияти корхонаи «Нафту газ ва ангишт»-и Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистонро барои солҳои 2009 то 2011 мавриди тафтиш қарор доданданд, ки ҳудуди 583 ҳазор сомонӣ пули нақдӣ ошкор карда шудааст.

Санҷиши мазкур ошкор кардаст, ки сармуҳосиби ин корхона барои пардохти андозҳои корхона аз «Амонатбонк» маблағ гиирифта, бо расидҳо (чекҳо)-и қалбакӣ аз пардохта шудани андозҳо гузориш дод, вале амалан пулҳоро «аз худ» мекардааст.

Сарраёсати ҷиноятҳои иқтисодии Оҷонсии зидди коррупсия меафзояд, аз ҳаҷми умумии 583 ҳазор сомоние, ки ошкор карда шудааст, сармуҳосиб Мирзобеков ҳамагӣ 18 ҳазор сомониро барои пардохти молиёти корхона сарф карда, аммо боқимондаи он 565 ҳазор сомониро «азони худ» кардааст.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, "аксари санадҳоро сармуҳосиб бо номи хазинадори корхона тартиб дода, маблағи ширкатро тасарруф мекардааст".

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия феълан тафтишоти пешакиро дар нисбати сармуҳосиби корхонаи «Нафту газ ва ангишт»-и Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон идома дода, мехоҳад омилҳои дигари вуҷуди фасоди дар ин корхонаро ошкор кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi