11:11:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор... Ё ҳоли табоҳи қасри фарҳангу ҳаммоми бенишон

Бурҳон Салмонов, барои «Рӯзгор»

Аз корамсозии водии Вахш беш аз ҳаштод сол сипарӣ мегардад. Ин барои таърих вақти тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин ҳашт даҳа дар рӯзгори одамон таҳаввулотҳои зиёде рух додаанд, ки аксари он хотирмон маҳсуб меёбанд. Корамсозӣ ва ба макони истеҳсоли пахта табдил додани водӣ дар он солҳо қаҳрамонӣ буд.

1.himmat 121Ба иқлими ғайримуқаррарӣ, гармои тоқатфарсо, вуҷуд доштани маризиҳои тропикӣ ва набудани одитарин шароити зиндагӣ нигоҳ накарда, миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ водиро дар муддати бист сол қисман корам ва ба макони парвариши пахтаи маҳиннах, ки дар он айём қимати он аз тило ҳам болотар буд, табдил доданд. Албатта, дар корамсозии водӣ ҳиссаи худи тоҷикон хеле бештар ва бузургтар аст. Агар Хуҷандиён- аввалин фотеҳони Вахш, соли 1932 ихтиёрӣ ба ин ҷо омада бошанд, соли 1947 Бадахшониён ба даъвати ҳукумати вақт ҳамовозӣ намуда, садҳо оилаҳо ба ин ҷо кӯч бастанд.

Баъди солҳои панҷоҳум муҳоҷирати кӯҳистониёни водии Қаротегин ва навоҳии кӯҳистони минтақаи Кӯлоб ба водии Вахш рост меояд. Дар ҳамон солҳо қисмате аз сокинони водии Фарғона ва Сурхондарёии ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун корамсозони водӣ дар ин ҷо зиндагии доимиро ихтиёр мекунанд.

Вақте ба таърихи корамсозӣ ва азхудкунии чӯлистонҳои водии он солҳо аз наздик шинос мешавем, мавзеи Саройкамари (ноҳияҳои Панҷу Қумсангир) имрӯза аз туқайзор ва регзорҳои тафсон иборат будааст. Кӯшиши заминкушоён солҳои 1932-1935 самар мидиҳад ва кофтани канали Вахш- Қумсангир бо имтидоди 65 километр бомуваффақона анҷом меёбад. Ин имкон медиҳад, ки то охири солҳои сиюм колхозу совхозҳои зиёде таъсис ёбанд. Собиқ колхози овозадору миллионери ба номи Ленини ноҳияи Қумсангир маҳз дар ҳамон солҳо ташкил ёфта буд.

Оҳое, ки каму беш шоҳиди он айём ҳастанд, имрӯз ришсафеду солхӯрда буда, хотироти бачагии онҳо дар китоби зиндагиашон ба ҳар гунае сабт ёфтааст. Имрӯз аз он колхози овозадор осоре, ба ҷуз ҳамин Қасри муҳташами фарҳангии нимвайрона, боқӣ чизе намонда. Кӣ онро бино кард? Дар сохтмони он чӣ қадар маблағ сарф шудааст? Оё мумкин буд дар низоми сангини Шӯравӣ маблағи хоҷагии коллективиро ба чунин кор сарф кард? Роқими ин сатрҳо дар ин маврид каму беш огоҳӣ дошт, вале лозим донистам бо шоҳидони тахрихи бинои ин Қаср, ки бовиқор боқист, мулоқот ороям ва аз забони эшон фаҳмам, ки ташабусскори ин иқдоми бузург дар он солҳо кӣ буд?

Баъди пурсуҷӯҳои зиёд ду нафар шоҳидони айнии он солҳоро пайдо кардем, ки синну соли онҳо наздик ба навад дакка мехӯрад. Яке- бобои Абдусаломбек Иброҳимов ва дигаре- мӯйсафеди Қаландар Холназарове, ки ёздаҳ сол боз аз биноӣ маҳрум монда, хотираҳои онҳо бо гузашти ним қарн вобаста ба синну соли муборакашон, ғубори тирагӣ ҳам гирифтааст. Аммо дар овардани баъзе арқом хотираҳои эшон ҳанӯз барҷост.

Бобои Қаландар Холназаров, ки охири солҳои панҷоҳум ва аввали шастум ёздаҳ сол дар вазифаи муовини раиси колхози собиқи овозадор заҳмат кашидааст, аз миёни раисони колхозҳои ҷумҳурӣ номи Анвар Қаландаровро хеле боэҳтиром ба забон овард ва гуфт, ки дар таърихи сохти Шӯравии Тоҷикистон панҷ нафар раисони колхозҳо: Саидхоҷа Урунхоҷаев, Абдуғафур Самадов, аз вилояти собиқи Ленинобод, Миралӣ Маҳмадалиев, Абдурозиқ Раҳмонов ва Анвар Қаландаров, аз минтақаи Кӯлобу Қӯрғонтеппа бо шуҷоту далерие, ки доштанд, камназир ба ҳисоб мерафтанд. Онҳо дар ҳалли ҳама гуна масоил на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Маскав низ обурӯ ва эътибори хосае доштанду суханашон дар ҳама ҷо, ба қавле " мегузашт".

Соли 1955 дар ноҳияи Панҷ ( соли 1965 ноҳия ба Панҷу Кумсангир ҷудо шуд) ҳашт хоҷагиҳои коллективӣ (колхозҳои майда Б.С.) муттаҳид гардонда шуда, колхози ба номи Ленин таъсис меёбад. Ҳукумати вақти Тоҷикистон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Анвар Қаландаровро раиси колхоз пешбарӣ мекунад. Танҳо ӯ барин шахс метавонист хоҷагие, ки навад дар сади онро русҳою олмонитаборҳо ташкил медоданд, роҳбар бошад.

Анвар Қаландаров забони русиро хуб медонист ва оилааш ҳам рустабор буд. Роҳбари синнаш аз чил гузашта хуб медонист ва чуноне, ки ба вай талқин намуда буданд, бояд дар Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус дар маҳалле, ки намояндагони беш аз сездаҳ миллату халқиятҳои ин низом сукунат доранд, чун намуна як колхози аз ҳар нигоҳ пешрафтаи пахтакорӣ ва чорводорӣ таъсису бидиҳад. Он замон хоҷагии навтаъсис пул надошт ва аз ин рӯ ба Анвар Қаландаров тамоми имкониятҳоро дода буданд, то аз захираҳои мавҷуда хуб истифода намояд.

Коре, ки ӯ дар қадами аввал анҷом дод, саршумори хукро кам ва парвариши гӯсфанди қароқулиро ба роҳ монд. Барои ин кор дӯсти замони ҷангиаш Даврон Чӯлкашовро аз Қазоқистон даъват намуд. Ин марди қазоқ ба ҳайси чорводори номӣ ва мутахассиси варзида ба Анвар Қаландаров маслиҳат медиҳад, ки дар шароити вуҷуддошта саршумори гӯсфандро то ба 8-10 рама расондан мумкин. Шароити мусоиди рушди чорводориро ба ҳисоб гирифта, дар заминаи хоҷагӣ бахши институти чорводории Академияи чорводории ҷумҳуриро таъсис медиҳанд. Яке аз олимони он замон машҳур бо номи Степанова бо чанд нафар мутахассисони варзида парвариши зоти говҳои зебушведиро дар колхози ба номи Ленин тавсия медиҳанд. Фермаҳои хукпарварӣ ихтисор ва се фермаи ширӣ ва як парвоӣ зуҳур менамояд.

2.himmat 121- Яке аз қобилиятҳои фавқулоддаи Анвар Қаландаров,- мегӯяд бобои Қаландар Холназаров,- ҳамин буд, ки даромади колхозро нахуст аз соҳаи чорводорӣ ба роҳ монда тавонист. Ин кори хеле душвор ҳам буд, вале вай бо хулқу характере, ки дошт, ҳар ташаббусеро амалӣ карда метавонист. Мегуфтанд, ки вай Қаҳрамони ҷанги бузурги ватанӣ аст. Дар ниҳод диктатор буд, вале шахси ҳалиму меҳрубон ва инсони олиҷаноб ба шумор мерафт.

Соли 1958 колхози ба номи Ленин аз пахтакорӣ ва чорводорӣ даромади калонро соҳиб гашт. Даромади иловагиро раис барои сотмони биноҳои истиқоматӣ барои муҳоҷирон, хариди техникаи кишоварзӣ ва корамсозии заминҳои бекорхобида сарф менамуд. Муҳоҷирон дар заминҳои нав боғҳои ангур, себ ва хандақҳои лиму бунёд менамуданд.

Раис Анвар Қаландаров ботинан фарди озода буду зебоиро мепарастид. Дар он замон агроучасткаҳои рақами 2,3,4,6 ва 8 ба шаҳракҳои замонавӣ шабоҳат доштанд. Русҳою олмонитаборҳо биноҳои маскунӣ ва маъмуриро бо тарҳи хеле зебою дилкаш офарида, дар маркази ҳар як шаҳрак "филтрҳо" оби лойро такшин ва мардум аз оби соф истифода мебурданд. Ин тадбир дар роҳи беҳдоштӣ буд. Ҳоло аз он филтрҳо ному нишоне боқӣ намонда ва насли имрӯз онро умуман намедонанд.

Дар оғози солҳои шастум даромади пулии колхози ба номи Ленин аз фурӯши ҳамаи соҳаҳо 13 миллиён сӯми ҳамонвақтаро ташкил дод. Ин маблағи ҳангуфте буд. Бобои Қаландар Холназаров, ки муовини раиси колхоз шуда кор мекард, мегӯяд, ки "Раиси калон" (Анвар Қаландаров миёни мардум бо ин ном машҳур будааст) боре дар як сӯҳбати хоса ба ман гуфт, ки дар сар аз ҳисоби даромадҳои бадастомада сохтмони як Қасри мӯҳташам ва як як ҳаммоми замонавиро дорад. Ман, ки ҷавонтар будаму ба ин корҳо он қадар сарфаҳм намерафтам, хомӯширо ихтиёр кардам.

- Чӣ, ту, Қаландар, намехоҳӣ колхози мо соҳиби Қасри маданият ва ҳаммоми замонавӣ бошад?- ба ман маънидорона нигарист раиси калон.- Пул дорем, бояд созем ва ба ояндагон ба мерос гузорем.

- Агар аз боло иҷозат диҳанд, сохтан мумкин будагист,- беҷуръатона гуфтам ман.

- Ин нақшаи ман не, пешниҳоди Бобоҷон Ғафуров аст,- мӯйи ғафси ғулиашро бо панҷааш шона зад раиси калону илова кард,- дар Маскав ин бузургворро ду- се маротиба дидам ва таъкид дошт, ки нақшаи бунёди Қаср, ҳаммом ва се бинои мактаби замонавиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунам.

Дар ҳақиқат, Бобоҷон Ғафуров дар симати котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳар гоҳе, ки ба водии Вахш меомад, аз колхози ба номи Ленин ҳатман дидан мекард. Бо тоҷикон, русу олмонитабор, ӯзбеку тотор ва тамоми сокинони колхоз ҳамсӯҳбат мешуд ва дарди дили онҳоро мешунид.

3.himmat 121Соли 1960 Анвар Қаландаров дар боло масъалаи сохтани Қасри маданиятро дар маркази колхоз ҳаллу фасл кард. Ба ӯ гуфтанд, ки якошёнаву одӣ бошад, вале ӯ ба ин розӣ намешавад ва лоиҳаи бинои дуошёнаро, ки дар даст дошт, ба шахси масъули кумитаи марказӣ нишон медиҳад. Ҷанҷоли калоне барои худсарона сохтани Қасри маданияти дуошёна ба амал омад. Ҳокими вақт Улҷабоев ташаббуси Анвар Қаландаровро дастгирӣ карда ба ӯ мегӯяд: - Коре кунед, ки аз болоятон ба Маскав ариза нанависанд.Дар он ҷо ман нестам, ки шуморо дастгирӣ кунам.

Сохтмони Қасри маданият якуним сол тӯл кашид, дар ин муддат асъори нави соли 1961 ба муомила баромад ва ҳисоби пул даҳ бар як шуд. Дар хазинаи колхози ба номи Ленин бо вуҷуди табдили асъор беш аз ду миллион сӯм боқӣ монд, ки ин маблағи хеле калон маҳсуб меёфт ва колхоз "милионериаш"-ро нигаҳ дошта тавонист.

Дар муддати солҳои 1961-1964 колхоз истеҳсоли пахтаи маҳиннахро ба чор ҳазор тонна расонд, фурӯши пӯсти қароқулӣ қариб даҳ ҳазор донаро ташкил дод. Соҳаи нави лимупарварӣ таъсис ёфт. истеҳсоли гӯшту шир ду маротиба афзуд. Колхозчиён маоши хуб гирифта, колхоз борҳо ғолиби мусобиқаи умумииттифоқӣ гадид. Чор нафар соҳиби унвони баланди Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ шуданд. Раис Анвар Қаландаров аз даромади бадастомада сохтмони ду мактаби дутабақа ва шинондани лӯлаи обро ба масофаи панҷоҳ километр ба нақша гирифт.

Ҳудуди сӣ километр роҳҳои байниколхозӣ мумфарш гардиданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин ободкориҳо, сохтмони ҳаммоми нав Раиси калонро ором намегузошт. Ба болою поён такудав кард, вале иҷозати ҳаммоми чор кас медидагиро барояш иҷозат надоданд. Гуфтанд, ки пули зиёдатӣ дошта бошед, бо хоҷагиҳои қафомонда деҳ ё ба ҳисоби давлат гузарон. Анвар ба ин розӣ нашуд ва сохтмони ҳаммоми шарқиёнаро ба роҳ монд. Устоҳою меъморонро аз вилояти Андиҷони Ӯзбекистон даъват карда, лоиҳаи ҳаммомро тартиб доданду ӯ бо ин лоиҳа ба назди котиби якуми райком медарояд.

Якуним миллиён сӯм масрафи сохтмон котиби райкомро безобита месозад, аммо вай аз обурӯе, ки Анвар Қаландаров дар миқёси ҷумҳурӣ дошт, дандон сафед накарда, танҳо мегӯяд, ки масъаларо дар боло хубтар пазонад. Дар кумитаи марказӣ зидди лоиҳаи ҳаммоми якуниммиллиёна баромаданд, аммо Анвар Қаландаров сохтмонро худсарона оғоз кард.

Пул, ки дошт, ба кор беҳтарин устоҳои варзидаро аз Бухорою Самарқанд ва Андиҷон даъват намуд. Чунин тарзи рафтору муносибат, аз ҷумла ба эътибор нагирифтани иншондоди боло, гарданшахӣ ва якравиро дар он солҳо танҳо Анвар Қаландаров карда метавонист, на каси дигар. Чуноне ки бобои Абдусаломбек Иброҳимов мегӯяд, Раиси калон чунон ҷазаба дошт, ки на танҳо тобеонаш, балки роҳбарони болоӣ ҳам дар муносибату муошират бо ӯ хеле боэҳтиёт буданд ва эҳтиромашро дар сатҳи олӣ ба ҷо меоварданд. Марди дарёдил ва соҳибэҳтироме буд.

4.himmat 121То анҷоми сохтмон нафаре ба Раиси калон кордор нашуд. Ҳамин ки ҳаммомро ба истифода доданд, аз болои Раиси калон навис-навис сар шуд. Ариза то Маскав расид. Як гурӯҳ нотавонбинону бахилон барои сиёҳ кардани раис Анвар Қаландаров бешармона навиштанд, ки вай ҳаммоми гунбаддор бино карда, дар сохтмони он унсурҳои исломиро зинда кардааст. Як шахси масъул аз кумитаи марказии ҲКИШ барои тафтиш омад. Тасодуфро бинед, ки раис лому калом нагуфта, аввал ин шахси баландпояро ба ҳаммоми нав мебарад, ки куфти роҳро барорад.

Меҳмон аз ҳаммом бо табъи болида баромада, ба Анвар Қаландаров ташаккур мегӯяд, ки вай дер боз орзу дошт дар чунин буғи гарми ҳаммоми шарқиёна рагу пайвандашро гарм кунад. Ӯ, боз, бадоҳатан суол медиҳад, ки ин ҳаммом аз кадом аср боқӣ мондааст? Раис табассум карда мегӯяд, ки ин ҳамон ҳаммомест, ки тақдири маро ҳаллу фасл мекунад.

Фиристодаи Маскав Анвар Қаландаровро дастгирӣ кард. Бале, раиси калон ҳам душман дошт; ҳатто дар сатҳи боло низ намехостанд, ки вай раиси колхози овозадору миллионер бошад. Ӯ бояд Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ мешуд ва ба вазифаҳои баландтар пешбарӣ мегардид. Аз нақли бобои Каландар Холназаров, ки таърихи зиндаи он солҳост, бояд Анвар Қаландаров, соли 1964, курсии вазири кишоварзии кишвар ва ё ягон вазифаи баландтарро ишғол мекард. Аммо алайҳаш туҳмату дасисабозиҳоро раво диданд.

Аз худи колхоз як гурӯҳ маҳалгароёни кӯрдилу нотавонбин мустақиман ба Маскав ариза навиштанд. Раиси калон, ки шикастанафс ва одами покиза буд, натарсид, мардонавор ба суолҳо ҷавоб гуфт. Дар маҷлиси ҷамъбастии солона, ки интихоби раис як банди он буд, маҳалгароён ба мақсади худ расиданд. Аммо мақомоти болоӣ номзади маҳалгароёнро дастгирӣ накард ва шахси "бегона" курсии раисии колхози миллионерро ишғол кард. Анвар Қаландаров на ба вазифаи вазири кишоварзӣ пешниҳод шуду на вазифаи аз он болотарро соҳиб гардид. Ӯро дар мавзеи навободи Ғароутии собиқ ноҳияи Колхозобод, директори совхоз таъин намуданд…

Аз соли 1964 то фурӯпошии сохти Шӯравӣ (1991) ду нафари дигар дар симати раиси колхози ба номи Ленини ноҳияи Қумсангир кор карданд. Чуноне ки ҳолдонҳо мегӯянд дар ин муддат колхоз миллионериашро нигоҳ дошта тавонист, вале дар масъалаи ободонӣ аз ҷониби раисон иқдоме сурат нагирифт. Қасри маданият, ки имрӯз бинои нимвайронаро мемонад, он солҳо барои на танҳо мардуми ин ҷо, балки ифтихори сокинони ноҳия ва вилояти Қӯрғонтеппа маҳсуб меёфт.

Дар толори барҳавои он, ки дорои ҳазор курсӣ аст, ҳатто маҷлисҳои сатҳи ҳукуматӣ баргузор мегардид. Рӯзҳои адабиёту санъати халқҳои Шӯравӣ дар ин маркази барҳавою озода доир мешуд. Он қадамгоҳи бузургтарин ашхоси ҷумҳурӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз колхози собиқи Ленин номи дигар дорад.

5.himmat 121Дар тӯли бист соли даврони истиқлолият Қасри маданият, ки ифтихори фарҳангии мост, рӯйи таъмирро надида, дару тирезаҳояш шикаста, манзараи ҳузнангезеро гирифтааст. Мо огоҳӣ ёфтем, ки ду-се сол пеш Қасри маданиятро ҷамоати Панҷ ихитёрдорӣ намуда, дар чанд утоқи он кормандони ҷамоат ҷойгиранд. Онҳое, ки ба Қасри маданият, ки аз рӯйи меъмории хеле қашанг бино ёфтааст, дилсӯзӣ доранд, мегӯянд, ки ҷамоат барои таъмири он маблағ надорад.

Аммо ҷамоат барои танг кардани ҳудуди Қасри маданият "ҷуръату салоҳият" доштааст,ки деворҳои похсагӣ рӯз то рӯз ин бинои хуштарҳу ҳоло ҳам замонавиро ҳалқавор печонда, ба қавле онро " буғӣ" кардааст. Ба вазъи нобасомони ҳавлии Қаср мурғони ҳаво мегирянд. Дар рӯ ба рӯи Қаср ҳанӯз ҳайкали Ленин побарҷост. Мавҷудияти он ҳеҷ ишколе надорад. Он чун мероси фарҳангӣ аз замони Шӯравӣ барои насли имрӯз башорат медиҳад, ки мардуми мо як замоне дар империяи бузурги собиқ Шӯравӣ мезистанд.

Мо дар ҷустуҷӯи ҳаммоми шарқиёна хеле заҳмат кашидем,он ҳаммоме, ки дар он солҳо қариб буд тақдири бунёдгари он Анвар Қаландаровро ҳаллу фасл намояд, вале аз он чизе, ҳатто хиште боқӣ намондааст. Аз рӯи нақли чанд сокини ҷамоати Панҷ, панҷ-шаш сол пеш, биноро фурӯхтаанд. Ҳаммом, аз рӯи нақли бобои Қаландар Холназаров, ба маблағи якуним миллиён сӯми ҳамонвақта сохта шуд буд. Он буғ дошту оби гарм. Сокинони колхози собиқ ва ноҳия аз он истифода мекарданд. Бинои ҳаммом аз хишти махсуси пухтаи сурх, сангҳои қиматбаҳо ва оҳану бетон эъмор ёфта, шояд ҳамин нодирии ҳаммом боиси фурӯхтани он гардида бошад. Он замону алъон ҳам дар ҳудуди минтақаи Қӯрғонтеппа чунин ҳаммоми нодир вуҷуд надорад, ки як замоне он ифтихори ҳамагон буд.

Яке аз сабаби рӯй овардани мо ба ин масъала ҳифзи мероси фарҳангии миллат аст; хоҳ он кӯчак бошад, хоҳ он бузург. Дар аксар кишварҳои дунё дастовардҳои фарҳангиро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекунанд ва чунин ҳукмро, ки он "камаҳаммият ва шикастаю вайрона аст" ботил медонанд. Ҳаммоми шарқиёнаи колхози собиқи ба номи Ленин, ки хишит он шояд чанд "қаср"-ро зинат дода бошад, ба мероси фарҳангии миллат дохил мешуд ва боиси таассуф аст, ки бо саъю кӯшиши чанд мансабдори бефарҳанг имрӯз аз он нишоне боқӣ намонда. Кӯшиш кардем аз бойгонии нафаре расми ин ҳаммоми нодирро пайдо намоем, вале нишонии суратгирон бароямон мушаххас нашуд ва расми он дастрасамон нагардид.

Мо, бо ин навиштаҳо, мехостем таваҷҷуҳи вазорати фарҳанги кишварро ба ҳалли ин масъала ҷалб созем. Вақти он нарасидааст, ки Қасри маданияти собиқ колхози ба номи Ленини ноҳияи Қумсангир ба мероси фарҳангии кишвар шомил гардад. Агар Қасри маданият ду -се соли дигар рӯи таъмирро набинад, он боз ҳам валангортару ба нимвайрона табдил хоҳад ёфт. Он гоҳ пулдоре бо гардани каҷ дари идораҳои масъулро кӯфта, худро чун дилсӯзи мероси фарҳангӣ нишон медиҳаду бо соҳиби он шудан, ба талаву тороҷи он даст мезанад. Яқин, ин моли ӯст ва ҳарчӣ хост, онро мекунад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi