ҲУКМИ РӮЗАИ СОЛМАНДОН, ЗАНОНИ БОРДОРУ ШИРДЕҲ ВА ҲУКМИ ИСТЕЪМОЛИ БӮИ ХУШ ДАР МОҲИ РАМАЗОН
Аз силсилаи посухҳои Юсуфи Қарзовӣ
Суол: Оё солмандон метавонанд рӯзаи моҳи рамазонро нагиранд? Дар ин сурат чӣ чизе бар онон воҷиб мегардад? Оё зани ҳомила ба хотири тарс аз марги ҷанин(тифли дар батнаш буда) метавонад рӯзаи моҳи рамазонро нагирад? Ва дар ин сурат чӣ чизе бар ӯ воҷиб мегардад? Оё истеъмоли атру одекалон дар моҳи рамазон ҷоиз аст?
Ҷавоб: Ҷавоби суоли аввал ин аст, ки барои марду зани солхӯрда, ки гирифтани рӯза барои онон машаққат ва сахтии бисёре ба бор оварад, ифтор кардани рӯза ҷоиз мебошад. Ҳамчунин, барои бемороне, ки умеде ба беҳбудӣ надоранд ва бемороне, ки бемории онон музмин бошад ва пизишкон нисбат ба муолиҷаи онон нотавон бошанд, ё бемориҳои лоиолоҷ бошад, ифтор кардани рӯза ҷоиз аст, дар тамоми ин мавридҳои ёд шуда, барои ифтори ҳар рӯз пардохти каффора ба миқдори хӯроки як мискин бар онон воҷиб мегардад ва ин амал навъе рухсат ва осонгирӣ аз ҷониби Худованди мутаъол ба шумор меояд, чунон ки мефармояд: «Йуридул Лоҳу бикумулйусра ва ло йуриди бикумулъусра»(Худо барои шумо осонӣ мехоҳад ва барои шумо душворӣ намехоҳад),{Бақара, ояи 185}.
«Ва мо ҷаъала ъалайкум фиддини мин ҳараҷин»(Ва дар дин барои шумо сахтие қарор надорад), {Ҳаҷҷ, ояи78}.
Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Руххиса лишшайхил кабири ан йуфтира ва йутъима ъан кулли явмин мискинан ва ло қазоа ъалайҳӣ»(Ба инсони пир ва куҳансол иҷоза дода шудааст дар моҳи рамозон рӯза нагирад, вале ба хотири ҳар рӯз хӯроки як нафари фақирро бипардозад ва қазои рӯза бар ӯ воҷиб нест). Бухорӣ бо ибороте наздик ба ин ҳадис аз Ибни Аббос ривоят намудаст, ки ин ояи дар бораи солхӯрдагон ва амсоли онон нозил шудааст: «Ва ъалал лазина ютиқунаҳу фидятун таъому мискинин фаман татавваъа хайран фаҳува хайрун лаҳу» (Ва бар касоне, ки рӯза гирифтан, тоқатфарсост каффораест ва он додани хӯрок ба як фарди бенавост ва ҳар кас ба майли худ бештар некӣ кунад, пас он барои ӯ беҳтар аст),{Бақара, ояи 184}.
Яъне, ҳар касе бештар аз таъоми як мискин, фидя пардохт кунад беҳтар аст вал боқиётус солиҳот назди Парвардгори ӯ мебошад. Бинбарин, занон ва мардони пиру куҳансол ва бемороне, ки умеде ба беҳбудии онон набошад ҳамагӣ метавонанд рӯзаи моҳи рамазонро ифтор кунанд ва дар ивази ҳар рӯз, таъоми як мискинро пардохт намоянд.
Роҷеъ ба суоли дуввум ки оё зани ҳомила, ки ҳангоми рӯза гирифтан бими мурдан ҷанинашро дошта бошад, метавонад дар моҳи рамазон рӯзаро ифтор намояд ё не? Дар ҷавоб мегӯям: Оре! Метавонад рӯзаро ифтор кунад; балки ҳаргоҳ дар гирифтани рӯза марги бачча дар назари ӯ қатъӣ бошад ва ё як пизишки мӯъмин ва ҳозиқ ба ӯ чунин ҳушдориро дода бошад, ба хотири наҷоти кӯдак, ифтор кардани рӯза бар ӯ воҷиб мегардад. Дар ин иртибот Худованди мутаъол мефармояд: «Ва ло тақтулу авлодакум» Сураи Анъом/ 151, Исроъ/31. Фарзандони худро макушед.
Ҷони чунин кӯдак ҳам мӯҳтарам аст ва набояд ҳеҷ зану мард дар нигоҳдории ӯ саҳлангорӣ намоянд, то аз миён биравад. Худованд ҳеҷ гоҳ ба бандагонаш корҳои тоқатфарсоро дастур намедиҳад; ва низ, аз Ибни Аббос ривоят шуда, ки ояи «Ва ъалаллазина ютийқунаҳу фидятун таъому мискинин» дар бораи зани ҳомила ва ширдеҳ нозил шудааст.Ҳамчунин, ҳаргоҳ занони бордор ва ширдеҳ аз бобати гирифтани рӯза бими аз миён рафтани худашонро дошта бошанд, назари бештари уламои исломӣ бар ин аст, ки онон метавонанд ифтор намоянд, ва фақат қазои рӯза бар онон воҷиб мешавад ва ин ду гурӯҳ дар ин ҳолат ҳамонанди ашхоси бемор мебошанд.
Бо ин тафовут, ки ҳар гоҳ занони ҳомила ва ширдеҳ ҳангоми рӯза гирифтан бими аз даст рафтани ҷанин ё кӯдаки худро дошта бошанд, уламои исломӣ пас аз он ки ба иҷмоъ ифтори рӯзаро ҷоиз шуморидаанд, ихтилофи назар доранд дар ин ки оё дар чунин ҳолате бар онон қазои рӯза воҷиб аст ё фидя, яъне дар муқобили ҳар рӯз, таъоми як мискин, ё ҳарду бо ҳам бар ӯ воҷиб мегарданд. Ибни Умар ва Ибни Аббос қоиланд ба ин ки фақат бояд фидя бидиҳанд, аммо аксар ъуламо ва фуқаҳо қоил ба қазои рӯза ҳастанд ва баъзе дигар ба ҷо овардани қазои рӯза ва итъоми мискин, ҳардуро бар онон воҷиб донистаанд.
Ба назари ман, зане, ки пушти сари ҳам ҳомилагӣ ва ширдиҳӣ авқот ӯро машғул сохтааст, ба тавре, ки фурсати барои қазои рӯз надорад, ба ин маъно ки як сол ҳомила аст ва соли баъд ширдеҳ; ва ҳамин тавр пушти сари ҳам як сол ҳомила ва як сол ширдеҳ мебошад, дар ин сурат, фақат фидяи рӯза бар ӯ воҷиб мегардад. Агар чунин занеро мукаллаф ба қазои рӯзаҳое, ки ба хотири ҳомилагӣ ва ширдеҳӣ ифтор намудааст, бинмоям вай, бояд чанд соли мутаволӣ рӯза бигирад ки ин кор тавъам бо сахтӣ ва мушаққат аст, ва Худованди мутаъол сахтӣ ва мушаққатро барои бандагонаш раво намедорад. То инҷо марбут ба суоли дуввум буд. Ва аммо суоли саввум ки роҷеъ ба истеъмол атр ва бӯи хуш дар моҳи рамазон буд; бояд бигӯям, ки истеъмоли бӯи хуш ҷоиз аст ва ҳеҷ кас истеъмоли бӯи хушро мубтили рӯза ё дар моҳи рамазон онро ҳаром надонистааст. Вал Лоҳу аълам.
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»