03:08:32 25-уми Майи 2025 сол

ВАҚТ ҲАҚРО БАР БОТИЛ ПИРӮЗ МЕКУНАД

Дирӯз ҳангоме, ки гузорам ба шаҳри Ваҳдат уфтод, шунидам, ки гурӯҳе аз ҳамсинфон дугонаи худро баъд аз лату кӯб ва ғорати ҷавоҳирот ба дарё партофтаанд ва дар натиҷа он мактабхони «аҷалрасида» ҷоми «шаҳодат» нӯш кардааст. Дар ривоёт ба ин маъно мехонем, ки ҳар фарде, ки барои молаш кушта мешавад, шаҳид аст. Ва ҳар касе, ки дар об ғарқ шавад ӯ низ шаҳид аст.

trup_011111.jpgАммо суол ин аст, ки чаро маҳз як гурӯҳ аз ҳамсинфон ва боз ҳам дугонаҳо барои ҷавоҳирот шуда, даст ба ин кор задаанд? Оё ин ҳама натиҷаи дингурезӣ ё дингурезонии ҷавонон нест? Ба ибораи дигар кӣ ин хоҳаронро маҷбур кардааст, ки дингурез шаванд?  Фикр мекунам агар дар байни онҳо як нафар диндору Худотарс мебуд, шояд ба чунин ваҳшоният даст дароз намекарданд.

Чаро инсон, ки зотан муштоқи дин аст ва фитрати ӯ бо дарунмояҳои дин пайванди таквинӣ дорад, ба дингурезӣ рӯй меорад ва чаро дингурезӣ дар насли ҷавон, намуди бештаре дорад? Ва дар натиҷа аксари омилони ҷиноят аз ҳамин гурӯҳ мебошанд?

Дар посух бояд гуфт: «Дар дини Илоҳӣ ҳеч унсури гурезонанда вуҷуд надорад. Агар инсонҳо ба дарёфти маорифи динӣ ва дарки саҳеҳ аз дини Ҳаққ ноил оянд, ҳаргиз аз дин намегурезанд. Афзун бар ин ақлу ишқ-ҳар ду- дар матни дин ҷой доранд. Дин ҳам зеҳн ва хиради инсонро тағзия мекунад ва ҳам ба дили одамӣ ҳаёт, ҳаракату нишот мебахшад. Бинобар ин иллати дингурезиро бояд дар хориҷ аз қаламрави дини Ҳаққ ва омӯзаҳои динӣ ҷустуҷӯ кард».

Дин чизе нест ҷуз равиши зиндагӣ ва роҳе, ки агар касе онро бипаймояд, саодатманд мешавад ва калимаи «гурез» бо «гурехтан» равшантар аз он аст, ки ниёзманди таъриф бошад. Аммо ин таркиб маъноҳоеро дар пай дорад, ки ниёз ба марзбандӣ ва таърифи дақиқ дорад то бо маъноҳои ғайримавриди назар иштибоҳ нашавад.

Дингурезиро метавон чунин таъриф кард: «Дингурезӣ,  яъне ҳар навъ фосилагирӣ ва ё вопасгароӣ аз дин ва тамоми намудҳои муҳимми динӣ дар гароиш, биниш ва куниш».

Омилҳои дингурезӣ:

1. Ғафлат, ҷаҳл ва адами тафаккури мардум дар бораи дин.

2. Носозгорӣ миёни гуфта ва кардаҳои диндорон.

3. Заъфи низоми хонаводагӣ.

4. Заъфи низоми таълимӣ.

5. Таъсирпазирии диндорон аз ҷомиае, ки  дар он арзишҳо динӣ «бесоҳиб» мондаанд.

6. Барномарезии дақиқ ва ҳадафманди ҳукуматдорон алайҳи диндорон.

Барои  мисол: Вақте аз минбарҳои баланд гуфта мешавад, ки беш аз 98 дар сади тоҷикистониён мусалмонанд, яъне мардуми диндоранд, илова бар он 74 ташкилоти динии ғайри исломие низ сабти номшуда дорем, ҳадди аққал ҳар як кадоми он даҳ нафар узви худро доранд, пас ҳар фарди ин миллат болои давлат ҳаққ дорад, ки дасти кам даҳ дар сад аз таълимоти ибтидоии диниро давлат барояшон ройгон таълим бидиҳад?

Ин дар ҳолест, ки наздик ба 60 дар сад аз сокинони кишвар дар деҳот ба сар мебаранд ва дар мақарри зисти худ масҷиди панҷвақта доранд, на масҷиди ҷомеъ ва ҷомеъи марказӣ, гирифтани таълимоти динӣ барояшон маҳдуд карда шудааст. Чунки дар Қонун омадааст: «масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва масҷидҳои ҷомеъ тибқи оинномаи (низомномаи) худ бо роҳи таъсис додани гурӯҳҳои таълимӣ ба омӯзонидани асосҳои дин машғул шуда метавонанд».

Масҷидҳои панҷвақта аз ин ҳақ маҳрум карда шудаанд. Калисову куништҳо ва ибодатхонаҳои дигар ташкилоти динӣ аслан зикр нашудаанд, шояд бе сабаб набошад! Илова бар он зикр шудааст: «таълими динии кӯдакон аз синни 7 то 18-солагӣ бо ризоияти хатти падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ иҷозат дода мешавад (моддаҳои 8/-3-5-и Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»). Дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ як талабаи мактабхон  оё тавони иқтисодии онро дорад, ки аз як деҳаи дурдаст ба маркази ноҳия, ки дар он масҷиди ҷомеи марказӣ ва ё масҷиди ҷомеъ вуҷуд дорад, биояд? Вақте ин моддаҳои Қонун  чунин талаботро талаб мекунанд, ҳаққи мардуми  бо ном диндори тоҷикистонӣ, ки беш аз 80- дар сади онҳо таълимоти ибтидоии диниро ба таври бояд аз худ накардаанд, Қуръони карим- китоби динии худро хонда наметавонанд, дуруст намоз хонда наметавонанд, ҳатто дар «бисмиллоҳ..» гуфтан мекалаванд…, дар ана ҳамин маврид кӣ бояд талаботи маънавиашонро қонеъ созад? Ба суолҳои диниашон кӣ бояд ҷавоб гӯяд?

Афзун бар он лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд», ки ҳамакнун дар баррасии вакилон қарор дорад, талаб мекунад, ки ҷалби фарзандони ноболиғ, яъне то синни 18, ба иттиҳодия динӣ манъ карда шавад.

Дар ҳоле, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» бо пешниҳодҳои зиёди мардум дар баррасии вакилони мардум қарор доранд, аминам, ки дар парлумони кишвар ҳастанд вакилони мӯҳтараме, ки аз айёми гузашта худ ибрат гирифта, ҳолати ҷавониро дарк мекунанд, медонанд як талабаи мактабхон-фарзанди ноболиғи то 18-сола, дар баробари гирифтани таълими дунявӣ ба гирифтани таълими динӣ низ ниёз дорад.

Чун талабаи мактабхон ҳам фарзанди одам асту тамом қонунҳои Илоҳӣ ӯро истисно накардаанд. Барои мисол: агар аҷал фаро расад, миёни пири ҳафтодсола ва ҷавони ҳафтдаҳсола фарқе вуҷуд надорад. Ҳар ду чашандаи марганд. Ҳар ду низ ба сари хоки якдигар бояд бираванд. Аммо сари қабри касе рафтану сокиту хомӯшу гунгу гӯл мондан ва дақиқтараш чӣ гуна бо соҳиби қабр муомила карданро надонистан, бар ҳар фарде, ки даъвои диндор буданро мекунад, ҳам айб аст ҳам гуноҳ…

Аз ин ҷиҳат кишваре, ки даъво мекунад, ки беш аз 99 дар сади аҳолиашро мардуми диндор ташкил медиҳанд, ҳақ надорад, ки ҳуқуқҳои фитрӣ ва арзишҳои динии мардумашро зери суол қарор диҳад. Худой накарда агар ҳамин раванди дингурезонии мардум ҷараён бигираду аксари ҷавонон бедин бимонанд, он гоҳ бояд ба ҷанозаи фарҳанги пурғановати ин миллат фотиҳа бихонем.

Чунки шурӯъ аз саргардониҳои равонӣ, то фасоди ахлоқӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, одамкушӣ, ваҳшоният бо тамоми намудҳояш, ҷиноят бо тамоми гунаҳояш ва хулоса як ҷавон бедин ё дингурез метавонад, ки ҳамаи онҳоро анҷом диҳад ва қонунҳои амалкунанда пеши роҳи ӯро гирифта натавонанд, зеро қонунҳои амалкунанда вазъӣ ва тағйирёбанда ва номукаммал таҳия шудаанд. Аз ин ҷиҳат наметавонанд, фардро ҳамаҷониба қонеъ бисозанд, то хушахлоқу хушрафтор бимонад.

Агар дингурезиро  яке аз манбаъҳои «фасод» арзёбӣ кунем, натиҷаи онро Худои таъоло чунин мефармояд: «Ба сабаби аъмоли мардум фасод дар хушкиву дарё ошкор шуд, то ба онон ҷазои баъзе аз корҳояшонро бичашонад, бошад, ки бозгарданд!» (сураи Рум, ояи 42). Агар боваратон намеояд «Шумо интизорӣ бикашед, мо низ мунтазир мемонем!» (сураи Ҳуд, ояи 122), то ин ки вақт ҳақро бар ботил пирӯз кунад.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ