03:58:23 25-уми Майи 2025 сол

КУМИТАИ ДИН КИТОБИ НАВИ ТӮРАҶОНЗОДАРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон, аз Кумитаи дини ин кишвар хостааст, ки мӯҳтавои китоби ахири ӯро, ки зери унвони “Ҷойгоҳи зан дар ислом” мунташир шуд, мавриди мутолеъа ва баррасӣ қарор диҳад.

 book-of-turajanzo41.jpg

Оқои Тураҷонзонда аз масъулони ин кумита хостааст бубинанд ва мушаххас кунанд, ки ин китоб асаре дорои матолиби таблиғотии мазҳабӣ аст ё пажӯҳиши илмӣ. Аммо Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, қабл аз анҷоми ин кор мехоҳад мушаххас кунад, ки чопхонаи “Шуҷоиён”, ки ин китобро чоп карда, оё аз ҳаққи чопи китобҳои мазҳабӣ бархӯрдор аст ё хайр.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода рӯзи панҷшанбеи 19 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки се рӯз қабл бо ирсоли номае аз Кумитаи дини Тоҷикистон хостааст, ки мӯҳтавои китобашро мутолеъа ва барарсӣ кунанд. Вай афзуд, ки ин китоб ҳоло бо теъдоди андаке мунташир шуда ва қабл аз чопи тирожи комили он ба баррасии бархе аз аъзои кумисиюни ташхиси осори мазҳабии Кумитаи дин пешниҳод шудааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, окодемисиян Мӯсо Диноршоев, пруфесур Ашӯрбой Имомов ва мутарҷими китоби Қуръон ба забони тоҷикӣ, Муҳаммадҷон Умаров, баъд аз ошноӣ бо мӯҳтавои ин китоб, навиштаанд, ки “Ҷойгоҳи зан дар ислом” як пажӯҳиши илмист.

Ба ин далел, оқои Тӯраҷонзода мӯътақид аст, ки барои чопи чунин китобҳое дарёфти иҷозаи Кумитаи дин лозим нест. Вай гуфт, ки бо вуҷуди ин, ҳатто бо дарёфти назари бархе аз аъзои кумисиюни ташхиси осори мазҳабии Кумитаи дин, вай шуморе аз нусхаҳои онро мунташир карда ва ба баррасии Кумитаи дин ироа кардааст.

Вай афзуд: "Матни ин китоб дар сойти интернетӣ ҷой дода шудааст. Вале шумори китобҳои чопшуда хеле маҳдуд аст. Агар Кумитаи дин чопи онро мухолифи қонун надонад, тирожи боқимонда низ мунташир хоҳад шуд. Агар иҷоза нашуд, ночор мешавем, ки ин китобро дар хориҷ аз Тоҷикистон мунташир кунем.”

Вале ба гуфтаи оқои Тураҷонзода, дар ин сурат рӯшан хоҳад шуд, ки давлати Тоҷикистон намехоҳад бонувон ва занони тоҷик аз ҳуқуқи мазҳабии худ огоҳӣ дошта бошанд. Дар гузашта оқои Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошта буд, ки дар ин китоб бо тамоми ҷузъиёт ҳуқуқеро, ки дини ислом ба занон ва духтарон дода, тавзеҳ додааст.

Вай афзуд: “Дарки мафҳумҳои ҳуқуқи мазҳабӣ аз қироати Қуръони маҷид на ба ҳама муяссар мешавад ва дар китоб бо шеваи сода тамоми нозукиҳои ин масъала ба хонандагон фаҳмонда мешавад.”

Саидбек Маҳмадуллоев, раиси бахши ташхиси динии Кумитаи дини Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки тибқи бандҳои 3 ва 4 моддаи 22 Қонун дар бораи иттиҳодияҳои динӣ, танҳо муассиости мазҳабӣ аз ҳаққи чоп ва тавзеъи китобҳои мазҳабӣ бархурдоранд.

Вай хабар дод, ки Кумитаи дини Тоҷикистон тасмим гирифтааст мушаххас кунад, ки оё интишороти “Шуҷоиён” аз ҳаққи чопи чунин китоби мазҳабӣ бархурдор аст ё на. Ин дар ҳолест, ки худи оқои Маҳмадуллоев мегӯяд тибқи иттилоъи вай, ҳеҷ як аз муассисоти мазҳабии Тоҷикистон чопхона ё интишоротеро дар ихтиёр надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, ки дар гузашта узви Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон буд, мегӯяд, ки зимни муҳокимаи тарҳи ин қонун вуҷуди чунин муқарраротеро дар хотир надорад, вагарна он замон “ҳатман эътироз мекардам”.

Вай афзуд хуб дар хотир дорад, ки дар тарҳи ин қонун навишта шуда буд, ки имом-хатибони масоҷиди Тоҷикистон дар машварат бо мақомоти маҳаллӣ интисоб мешаванд, вале ҳоло дарёфтааст, ки ҳам имом-хатибон ва ҳам имомҳо бояд бо машварати мақомоти маҳаллӣ интихоб шаванд.

Оқои Тӯраҷонзода афзуд: “Чунин ба назар мерасад, ки ин нуктаҳо баъд изофа шудаанд ва ин амрро метавон навъе тақаллубкорӣ номид. Вале дарк мекунам, ки ман ҳоло наметавонам инро собит созам."

Зимнан, хонаводаи Тӯраҷонзода аз хонаводаҳои саршиноси мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст ва бародарони ӯ Маҳмудҷон ва Нуриддинҷон низ дар миёни мусалмонони ин кишвар аз маҳбубияти зиёде бархӯрдоранд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар замони Шӯравӣ муддате қозии мусалмонони Тоҷикистон буд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ вай ба суфуфи мухолифони исломии давлат пайваст ва баъд аз имзои созишномаи сулҳи соли 1997 ба симати муъовини нахуствазири Тоҷикистон интисоб шуд.

Баъд аз ҳашт сол оқои Тӯраҷонзода аз ин симат барканор шуд ва тӯли солҳои ахир узви Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон буд. Аз соли 2010 ба ин сӯ вай танҳо ба корҳои тиҷорӣ ва пажӯҳишу мутолеъоти мазҳабӣ машғул аст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ