МУҲАММАДШАРИФИ ҲИММАТЗОДА: «РИСОЛА ДАР БАЁНИ ҒИНО ВА МУСИҚӢ»
Қисмати чаҳорум
Аллома Шавконӣ баъд аз овардани далилҳои тарафайн баҳсро чунин хулоса кардааст: ва чун тамоми ҳуҷҷатҳои овардашудаи тарафайн бароят маълум гашт, барои шахси боҳис пушида намемонад, ки масъалаи мавриди низоъ агарчи аз доираи ҳаром хориҷ шавад ҳам аз доираи шубҳа хориҷ намешавад ва муъминон дар ҷое ки шубҳа ҳаст худро нигаҳ медоранд, тавре ки ҳадиси саҳеҳ ба сароҳат баён кардааст: "ҳарки шубҳаро тарк кунад барои дин ва обурӯяш бароат талаб кардаст ва ҳарки атрофи чизи мамнуъ бигардад қариб аст, ки дар он биафтад".
Ва махсусан ҳаргоҳ ғино шомили зикри қаду қомат, холу хат ва ҷамолу ноз ва ҳаҷру висол ва аз парда берун кардани изору вақор бошад, зеро шунаванда дар ин гуна ҳолат аз бало холӣ нест, агарчи эътиқоди росиху имони мустаҳкам дошта бошад. Дар бисёр мавридҳо ингуна василаҳои шайтонӣ одамро ба қатл мерасонад, ки хунаш ҳадар аст ва ё асиру гирифтори ишқи беҳадаф месозад, ки дар он саргардону дар занҷир мешавад. Аз Худованд роҳи рост ва саботи дар онро талаб мекунем. Ва ҳарки дарёфти тафсили бештар дар ин масъаларо дошта бошад ба рисолае, ки номашро "Ибтолу даъва-л-иҷмоъи ало таҳрими мутлақи-с-самоъ" гузоштаам, муроҷаат кунанд.
Ончи Шавконӣ дар мавзуи ғино баъд аз овардани далоили тарафайн хулоса кардааст, беҳтарин хулоса аст. Яъне онҳе, ки ғиноро ба таври мутлақ ҳаром медонанд ва иддаъо доранд, ки дар бораи таҳрими он иҷмоъ собит аст, ин иддаъо ботил ва беасос мебошад. Маъаласаф дар баъзе аз навиштаҳо дар ин мавзуъ, баъзе муаллифон ифрот намуда, иддаъо кардаанд, ки гӯё таҳрими ғино ва мусиқӣ таҳрими муттафақун алайҳи буда ва ҳато лаззат бурдан аз шунидани мусиқӣ куфр бошад, ки чунин ҳукм беасос ва ботил аст.
Ва дар охир мехоҳам аз фатовои ал-Азҳар (ҷ. 7, с. 263) хулосаи фатвои имом, шайх Маҳмуд Шалтут муфтии аъзами Мисрро ба ин рисола ҳамроҳ кунам. (Фатвои мазкур соли 1959 аз тарафи идораи фарҳангӣ дар ал-Азҳар ба нашр расидааст) Шайх Маҳмуд Шалтут дар бораи омухтани мусиқӣ ва шунидани он чунин мегӯяд: Худованди мутаол инсонро дорои ғариза ва табъи моил ба чизҳои лаззатбахш ва тайибот офаридааст ва инсон дар нафси худ асари онро пайдо мекунад, оромиш ва роҳату нашот дар худ эҳсос мекунад ва нерӯи ҳиссиёташ ором мешавад. Мебинӣ ки инсон бо дидани манзараҳои ҷолибу сарсабз ва оби софу рӯи зебо ва буйҳои хушу гуворо дар нафси худ нашоту гушодагӣ меёбад.
Шариат ҳаргиз ғаризаи инсонро аз байн намебарад, балки онро танзим мекунад ва ба ҳадди васат ва эътидол меоварад. Риояи васатият дар Ислом асли бузург аст, ки Қуръони карим ба он дар бисёр ҷузиёт ишорат кардааст. Аз ҷумла дар оят омадааст: "Эй фарзанди Одам, зеварҳои худро дар мақоми ибодат ҳамроҳи худ бигиред ва бихуред ва бинушед ва исроф накунед…". (Аъроф: 31) Ҳамин тавр шариати исломӣ инсонро тибқи муқтазои ғаризиаш ба сӯи ҳадди васат роҳнамоӣ мекунад, шариат барои он наомадааст, то ғаризаи инсониро, ки моил ба тамошои манзараҳои дилкаш ва шунидани чизҳои лаззатбахш аст аз беху бун барканад, балки барои он омадааст, то ғаризаро пок ва дар доираи чизе, ки дар он зарару шарр нест, муътадил бисозад.
Шайх Шалтут дар фатвои худ меафзояд: дар ин мавзуъ аз яке аз фуқаҳои асри 11- ҳиҷрӣ, ки маъруф ба вараъу тақво буд рисолаеро бо номи "Изоҳ-уд-далолот фи самоъи-ил-олот"-ро, ки ба қалами шайх Абдулғании Ноблусии ҳанафӣ тааллуқ дорад хондам ва эшон дар рисолаи мазкур собит сохтааст, ки аҳодисе ки қоилини бар таҳрими мусиқӣ ва ғино ба онҳо такя кардаанд, бар фарзи саҳеҳ буданашон онҳо муқайяд бар малоҳӣ ва зикри хамр ва канизҳо ва фусуқ ва фуҷур мебошанд. Ҳадисеро наметавон пайдо кард, ки аз инҳо холӣ бошад, пас ҳукм назди эшон дар самоъ ва олоти тарабангез он аст, ки ҳаргоҳ онҳо бо чизҳои ҳаром ҳамроҳ шаванд ва ё онҳо василаи муҳаррамот ва ё афтидан дар муҳаррамот гарданд, дар ин сурат онҳо ҳаром мебошанд ва агар аз чунин муҳаррамот солим бошанд, пас ҳозир шудан ва шунидани онҳо ва ҳатто омухтанаш мубоҳ мебошад.
Аз Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи вассалам ва аз аксари саҳобагон ва тобеин ва имомон ва фуқаҳо нақл шудааст, ки онҳо дар маҷолиси самоъи поку холис аз фисқу муҳаррамот ҳозир мешуданд ва онро мешуниданд ва бисёре аз фуқаҳо ҳамин раъйро қабул кардаанд ва фатво бар ҳамин собит шудааст, ки самоъи олоти мусиқии дорои нағма ё савт имкон надорад, ки ба эътибори савти олат ҳаром бошад, балки вақте ҳаром мешавад, ки аз он барои анҷоми ҳаром истифода бурда шавад ва ё он василаи кори муҳаррам гардад ва ё он шахсро аз адои воҷибе ғофил созад. Аз ҳамин сабаб мо хулоса карда мегӯем, ки агар шахсе ба китобати фиқҳи мазҳаб ва аҳкоми Қуръон ва луғат машғул шавад ва ба ин сабаб аз адои намози фариза ғофил шавад, паси ин амал ҳаром мегардад.
Хулоса ин аст, ки истифодаи олати мусиқӣ, масалан дафф ба мақсади тарғиби сарбозон дар ҳарб ва дар ҷашни арусӣ ва дар идҳо ва ҳангоми омадани шахси ғоиб аз сафар ва барои нашот бахшидан ҷиҳати анҷоми корҳои муҳим, мубоҳ аст. Ихтилофе ки миёни фуқаҳо вуҷуд дорад ва дар китобҳои эшон дар бораи ҳалол ва адами ҳалол будани машғул шудан ба мусиқӣ ва шунидани он ва ҳозир шудан дар маҷлиси он ва омухтани ин фан омадааст, ҳангоме ин ҳукм саҳеҳ мешавад, ки он бо умури муҳаррам, мисли нӯшидани хамр ва ё ғинои шаҳватбарангези фосиқона ва ё ғазалҳои ошиқонаи нафсонӣ ҳамроҳ бошад ва ё дар шунаванда рақсу халоъат ва мункаротро барангезад дар ин ҳолат мусиқӣ ва ғино ҳаром мешавад. Аз қавли фуқаҳои ҳанафӣ ҳамин зоҳир мешавад, ки истифодаи олоти мусиқӣ, ки дар он умури шанеъ мавҷуд набошад боке надорад ва бо ин амал адолати шахс соқит намешавад. Шанеъро бо рақс тафсир кардаанд, ки ҳамроҳ бо он дар ҳадди кабоир дохил мешавад.
Инчунин аз суханони Ибни Арабии моликӣ дар "Аҳком-ул-қуръон" зоҳир мешавад, ки табл дар никоҳ (мисли дафф) ва инчунин олоти дигари мусиқӣ, ки никоҳро маълум ва ташҳир мекунад истеъмолашон ҳамроҳ бо каломе, ки дар он рафас (зикри амалҳои ҷинсӣ) набошад ҷоиз аст. Аз суханони Ибни Қудома дар "Ал-Муғнӣ" ба нақл аз мазҳаби имомон Шофеӣ ва Аҳмад дар ин мавзуъ возеҳ мешавад, ки он мухолиф ва ё мухталиф ба гуфтаҳои фиқҳи ҳанафӣ ва моликӣ намебошад, яъне ҳаром будан ба ҳолатҳои муайн муқайяд мебошад.
Ончи дар ибораҳои фуқаҳо омадааст, ки онҳо истеъмоли баъзе олотро иҷозат додаанд ва баъзеи дигарро иҷозат надодаанд, маълум мешавад, ки манъи баъзе олот ба илати он аст, ки олоти мазкур шунавандаро ба фаҳшгӯи ва ё рақс мебарад, на ба иллати худи олат, тавре ки сухани фуқаҳои ҳанафӣ ба он далолат мекунад. Ва ончи фиқҳи ҳанбалӣ ва шофеӣ гуфтааст, ки ҳангоми ҳамроҳ шудани ҳаром ва ё макруҳ, мисли қарсак задан ва рақси ҳаром ғино бо мусиқӣ ҳаром мебошад. Сухани Ибни Арабии моликӣ ҳамин аст, ки ҳамроҳи ғино рафас ҳамроҳ набошад.
Масъалаи ғино аз тарафи фуқаҳо бар ваҷҳи муносиб мавриди таҳқиқ қарор гирифта, нусуси ворида дар ин мавзуъ дар китоби "Ассамоъ" аз тарафи Муҳаммад ибни Тоҳир ибни Алӣ ибни Аҳмад ибни Абулҳасани Шайбонӣ – Абулфазли Мақдисӣ маъруф ба Ибни Қайсаронӣ, аз мардони ҳадис таҳқиқ шудааст. Эшон гуфтааст: фарқе нест, ки шунаванда олоти мусиқии нафасиро бишнавад ва ё олоти мусқии тордорро, зеро мо дар баёни ибоҳат ва таҳрими он асареро, на саҳеҳ ва на сақим пайдо накардем. Гузаштагон самоъи онро мубоҳ донистаанд, зеро дар шаръ дар бораи таҳримаш чизе ворид нашудааст, пас асл дар он ибоҳат аст.
Инчунин Шайх Абдулғании Ноблусии ҳанафӣ дар рисолааш ин мавзуъро мавриди таҳқиқ ва барасӣ қарор дода, дар он собит сохтааст, ки ҳадисҳое,ки қоилини бар таҳрими ғино онҳоро далел овардаанд, бар фарзи саҳеҳ буданашон онҳо ба зикри малоҳӣ ва зикри хамр ва муғаннияҳо ва фусуқу фуҷур муқайяд мебошанд ва ҳатто ҳадисеро намеёбӣ, ки аз ҳамин қайд холӣ бошад. Ибни Ҳазм мегӯяд, ки амр муртабит ба нияти шахс аст, пас агар ҳар касе аз шунидани мусиқӣ ва ғино роҳат ва нашот бахшидани нафси худро қасд кунад, то нафсаш дар адои тоат нашит шавад он шахс мутеъ ва муҳсин аст ва ҳар кас ки ният надошта бошад, на тоат ва на маъсият, пас он лағв ва авф аст. Мисли сайру гашт дар бустон ва нишастан дар назди дарвозаи ҳавлиаш барои сайл ва ғ.
Инчунин Ғаззолӣ, ки Шавконӣ қавли ӯро нақл кардааст дар тафсири ҳадиси "ҳар лаҳве, ки муъмин анҷом медиҳад он ботил аст, магар …" гуфтааст, ки ин ҳадис бар таҳрим далолат намекунад, балки бар адами фоида далолат мекунад ва ҳар чизе ки дар он фоида набошад он аз қисми мубоҳ мебошад. Шавконӣ баъд аз нақли тафсири Ғаззолӣ гуфтааст: ва чун ҳукм ҳамин аст, пас ҳукми мутлақ баровардан холӣ аз санади саҳеҳ мебошад. Худованди мутаол фармудааст: "Ва барои ҳарчизе, ки забони шумо онро бар дуруғ васф мекунад ин ҳалол ва ин ҳаром аст нагуед, то бар Худованд дуруғ ифтиро накунед" (Наҳл: 116)
Агар гуфта шавад, ки ҳукм бар таҳрими ғино ва мусиқӣ ва омухтани он ва ҳозир шудан дар маҷлиси он аз боби садди зариъа ва даръи мафосид мебошад, ки он муқаддам бар ҷалби манофеъ ва масолеҳ аст, гуфта мешавад, ки ин мақбул нест, зеро мусиқӣ агарчи бо он, дар баъзе ҳолот хамру рақс ва дигар мункарот ҳамроҳ шавад, вале ин дар ҳама ҳол шаъни ҳама мусиқӣ буда наметавонад. Аз ҳамин иллат мусиқӣ мисли нишастан дар роҳ аст.
Дар ҳадис омадааст: Муслим онро аз Абусаъиди Худрӣ (р) ривоят кардааст, ки Паёмбар (с) фармуданд: "Аз нишастан дар сари роҳҳо бипарҳезед". Асҳоб гуфтанд: дар нишастани мо гоҳҳо зарурат аст, боҳам менишинем ва бо ҳам суҳбат мекунем. Паёмбар (с) фармуданд: "агар ба чунин маҷлис ҳозир шудед (яъне дар роҳ нишастед), пас ҳаққи роҳро адо кунед". Гуфтанд: Ҳаққи роҳ чист, эй Расули Худо. Гуфт: "чашм пушидан, озор надодан ва саломро ҷавоб гуфтан ва амри маруф ва наҳй мункар кардан". Аз ин хулоса мекунем, ки ашёи мубоҳ ҳаргоҳ бо чизҳои ҳаром якҷо шаванд, дар ин сурат ҳурмат дар он ориз мегардад, яъне ҳурмат ҳукми аслӣ намебошад.
Ҳадди васатро пайравӣ кардан авло ва беҳтар мебошад, аз ҳамин сабаб мо ба мубоҳ будани шунидани мусиқӣ ва ҳузур дар маҷлиси он ва омухтани он (кадом навъи асбоби мусиқӣ, ки набошад) майл дорем, агар он муҳаррики ғаризаи шаҳвонӣ ва фисқу фуҷур, ҳамроҳ бо хамр ва рақс набошад ва инчунин он маҷлис василаи муҳаррамот ва воқеъ шудан дар мункарот ва ё ғофил шудан аз воҷибот нагардад. Тавре ки дар бобгузории Бухорӣ омадааст ("Иршод-ус-сорӣ": 2, 171) пас ғино дар чунин ҳолатҳо ҳаром мешавад, мисли нишастан бар сари роҳ, бидуни ҳифзи ҳуқуқи он, ки дар ҳадиси шариф баён шудааст.
Ҳалол чизест, ки Худованд ва Расули Ӯ онро ҳалол гардондааст ва ҳаром чизест, ки Худо ва Расули Ӯ онро ҳаром гардондааст(Иълом-ул-муқиъин Ибни Қайм: 1, 32) Худованд фармудааст: "Бигӯ, кист ки ҳаром гардондааст зиннати Худовандро, ки барои бандагонаш офаридааст ва тайиботи ризқро…". Ва инчунин фармудааст: "Бигӯ, дар воқеъ Павардигори ман фавоҳиш (қубҳ ва фаҳш)-ро ҳаром гардондааст, зоҳири он ва ботини онро ва гуноҳу бағоват(зулм), бидуни ҳақро ва ширк овардани шумо чизҳоеро ба Худованд, ки барояшон ҳуҷҷате нафиристодааст ва бидуни илм бар Худованд чизҳоеро гуфтан (яъне ба таври ифтиро чизҳоеро ҳарому ҳалол хондан)" (Аъроф: 32-33)
Ибни Арабӣ (Аҳком-ул-қуръон: 2, 782) гуфтааст: аз маънои "зиннат" ҷамоли дунё ва либосу манзари зебо ва малаззоту малобис фаҳмида мешавад, Худованд фармудааст: "Ва ҳалол мегардонад барояшон тайиботро ва ҳаром мегардонад барояшон хабоисро" (Аъроф: 157) Шавконӣ гуфтааст (Найл-ул-автор: 8, 105): Тайибот дар оят шомили ҳама чизҳои тайиб мебошад ва тайиб барои чизи лаззатбахш гуфта мешавад ва ҳамин маъно ба фаҳми шунаванда, назди муҷаррад аз қарина пайдо мешавад ва инчунин дар баробари зоҳир ва ҳалол низ истифода мешавад ва сиғаи умум куллӣ аст ва ҳамаи афроди омро дарбар мегирад. Пас афроди ҳар се маънои тайиб дохили ин лафз мешавад ва агар омро бар баъзе афроди он маҳдуд карда шавад, дар ин сурат маҳдуд кардани он бар чизи мутабодир зоҳиру ошкор аст.
Муҳаққиқ ва донишманди муосири ислом аллома доктор Муҳаммад ал-Ғаззолӣ дар китоби "Ас-суннату-н-набавийя" мавзуъи ғиноро мавриди таҳқиқи илмӣ қарор дода аст. Назари ин донишманди муосир дар мавзуи ғино ҳамон назарест, ки Ибни Ҳазм онро баён кардааст. Аз ин сабаб мо аз китоби мазкур танҳо бо овардани як баҳси мантиқӣ, ки миёни эшон бо як нафар аз унвонҷуёни донишгоҳи Макка, ки шогирди эшон буд, иктифо мекунем. Ба ёд дорам, ки ҳангоми мударрис буданам дар Маккаи мукаррама, рӯзе дар манзилам хаста, аз баъзе мушкилот нишасата будам, гуфтам ғамҳоямро бо чизе тасаллӣ медиҳам, ба ин мақсад родюро боз кардам ва хурсанд шудам, ки дар он лаҳза ғиное, ки дӯсташ медоштам шунавонда мешуд. Ҳамроҳ бо абёту лаҳни хуши ғино чанд лаҳзаеро гузаронда будам, ки дари хонаро донишҷӯе, ки рисолаи худро анҷом дода буд кубид. Гумон кардам, ки метавонам ҳамроҳи ӯ мобақияи ғиноро гуш кунам, лекин толиби мазкур маро қасам дод, ки родюро банд кунам!
Ба хотири икроми меҳмон рағбаташро иҷро кардам ва родюро хомуш кардам ва худам танҳо баъзе аз калимоти ғиноро комил намудам. Толиб фарёд зад, ин чист? Гуфтам: ҳар касе дар миёни мардумон лайлои худро месарояд ва ман чизи дигарро мехоҳам! Гуфт: намедонӣ, ки ҳамаи ғино ҳаром аст? Гуфтам: инро намедонам…! Сипас ҷиддан ба ӯ рӯ овардам ва гуфтам: ислом дини иқлимии танҳо шумо нест, шумо фиқҳу фарҳанги бадавии танг доред! Ҳаргоҳ шумо фарҳанги танги худро ҳамроҳи ислом дар як паллаи тарозу мегузоред ва онро пешкаш мекунед ва мегӯед: ин ду мол аз якдигар ҷудо нест, тарозуи ислом сабук маълум мешавад ва мардум аз он рӯ мегардонанд. Ин дар нисбати рисолати илоҳӣ ва ҳидояти Ӯ зулми бузург аст! Гуфт: чӣ тавр? Гуфтам: метавонед алайҳи ғино ҷанги шадид эълон кунед ва шояд афродеро аз мардумон пайдо кунед, ки ин фикрро таъйид кунад! Аммо иддаъо кардан, ки ислом алайҳи тамоми фан- хубу бадаш ҷанг эълон кардааст, қобили қабули ҳеҷ кас шуда наметавонад! Мардумони мухталифи сайёраи замин дар ақтори мухталиф ғинову мусиқии милии худро доранд, шумо хабисро аз тайиб ҷудо кунед, сипас барои онҳо чизеро, ки дӯст медоранд бигузоред!
Дар охир рисоларо ба гуфтаҳои Имом Ғаззолӣ ба поён мерасонем, ки фармуда буд: "ғино калом аст, хубаш хуб аст ва қабеҳаш қабеҳ аст", оре ғиноҳое мавҷуд аст, ки оганда аз гуноҳу маъсият ва дар шабҳои тираву зулмонӣ сароида мешаванд, агарчи саҳнаҳо чароғон ва рушан аст, вале дар зулмати онҷо ҷуз фарёдҳои шаҳвонӣ ва рағбатҳои ҳаром чизе шунида ва дида намешавад. Ва ғиноҳое низ мавҷуд аст, ки ба таври солим адо карда мешаванд ва онҳо гоҳҳо отифӣ ва гоҳҳо динӣ ва гоҳҳо тарбиявӣ мебошанд, ки бо лаҳни хуш сароида мешаванд ва дорои аҳдофи олӣ мебошанд. Пас беҳтар он аст, ки мо бояд хабисро аз тайиб ҷудо кунем ва ҳукмро ба таври умум содир накунем ва бояд бидонем, ки на ҳама чизе, ки дар китобҳо дар ин мавзуъ ҷамъоварӣ шудааст ҳукми ниҳоӣ аст!