02:34:26 25-уми Майи 2025 сол

КИТОБИ МАВЪИЗАҲО БАРОИ ИМОМХАТИБОН ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, дирӯз, 10 январ дар нишасти хабарии худ иттилоъ дод, “сатҳи дониши на ҳамаи имомхатибон, ки имрӯз сокинон аз қафояшон намоз мегузоранд, ба талабот, ҳам аз назари қонуни давлат ва ҳам аз нигоҳи шариат ҷавобгӯ мебошад.” Вай афзуд: «Аз ин хотир, ба аксари онҳо мӯҳлат муайян карда шуд, то тавонанд дониши худро васеъ кунанд».

 

Абдурахим ХоликовБо дарназар дошти он ки баъзе манотиқи кишвар илова бар тоҷикзабонон ақаллиятҳои миллатҳои  ӯзбектабор ва қирғизу туркман ва ғайра дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва ҳангоми хутбахонӣ бо забони худ ҳарф мезананд, Абдураҳим Холиқов, аз сатҳи забони тоҷикидонии иддае аз имомхатибон интиқод кард ва гуфт, “бархе аз онҳо ба забони давлатӣ озодона ҳарф зада наметавонанд.”

 

Қайд карда шуд, ки барои имомхатибон китоби “Мавъиза”-ро дар ҳаҷми 140 саҳифа, омода кардаанд, ки дар он хутбаҳои тавсиявӣ барои онҳо пешниҳод шудааст. Онҳое, ки ин тавсияномаро риоя намекунанд аз ҷониби мақомоти зикр гардида барояшон “муҷозоте пешбинӣ нашудааст”, гуфт, Холиқов.

 

Таъкид шуд, ки ҷиҳати ба қайдгирии иттиҳодияҳои динӣ Кумита, Феҳристи ягонаи умумидавлатии ба қайдгирии иттиҳодияҳои диниро таҳия намуд, ки дар натиҷаи он то 29 декабри соли 2010 дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 3347 масҷиди панҷавақта, 327 масҷиди ҷомеъ, 31 масҷиди ҷомеъи марказӣ, як мадрасаи мутавассита, Маркази исломии Тоҷикистон, як ҷамоатхона ва 74 иттиҳодияҳои динии  ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудаанд. Холиқов, афзуд, минбаъд, аз рӯи ин феҳристи ягонаи умумидавлатӣ ба  қайдгирии иттиҳодияҳои динӣ идома хоҳад ёфт.

 

Номбурда дар идома гуфт: «Айни ҳол ҳуҷҷатҳои 10 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 14 масҷиди ҷомеъ ва 65 масҷиди панҷвақта дар ҳолати бозомӯзӣ ҳастанд, ки рӯзҳои  наздик онҳо ҳам аз қайд мегузаранд ва ба феҳристи ягонаи иттиҳодияҳои динӣ ҳамроҳ карда мешаванд».

 

Дар хусус донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои исломӣ дар ин нишаст зикр гардид, ки дар маҷмӯъ  2115 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадориси кишварҳои исломӣ таҳсил мекард ва то ҳол 1436 тан аз онҳо ба ватан баргаштанд ва ҷиҳати бозпасовардани дигарон корҳои лозимӣ давом дорад.

 

Дар робита ба муҳасиллини мактабҳои ҳамагонии кишвар изҳори нигаронӣ кард, ва гуфт, «Дар натиҷаи рейдҳои гузаронида шуда муайян карда шуд, ки теъдоди зиёди макатбачагон ҳангоми дарсҳо мактабҳоро тарк гуфта, ба иттиҳодияҳои динӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳам ба иттиҳодияҳои динии исломӣ ва ҳам ба иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ. Аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ лагерҳои махсусгардонидашудае таъсис дода шудааст, ки бидуни огоҳии  волидон онҳоро ба динҳои мухталиф ҷалб менамоянд.

 

Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин дар посух ба ин соули, ки соли 2010 Душанбе маркази фарҳангии пойтахтҳои кишварҳои исломӣ элон карда шуд ва ин шонсе, ки мо барои муаррифии худ миёни кишварҳои исломӣ доштем истифода шуд ё не?

 

азҷумла гуфт, ки «корҳое чун нашри асарҳои динӣ ва тарҷимаи Қуръон ҳамчун ҳадяи президент анҷом шуд. Кишварҳои исломӣ дар дастгирӣ намудани пружаҳои иқтисодии кишвар  ҳусни таваҷҷӯҳ кардаанд. Ҳоло гуфтугӯҳо байни идора ва вазоратҳои дахлдор рафта истодааст. Мардуми Тоҷикистон бо ҷомеаи исломӣ  муносибатҳои дӯстонаву ҳасана дошт ва минбаъд ҳам  онҳо бояд инкишоф ёбанд».

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4116-2011-01-11-03-38-46.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ