03:50:00 25-уми Майи 2025 сол

ОХИРИН МУСОФИРИ БИҲИШТ ЧӢ КАСЕ МЕБОШАД?

Ҳар вақте, ки пурсида шавад: Аввалин касе, ки дарвозаи биҳишт барояш боз хоҳад шуд ва вориди он мешавад, кист? Бе шак ва бе гумон ҳама посух хоҳанд дод: Сарвари аввалин ва охирин ва сайиди Анбиё ва Мурсалин, Муҳаммади Мустафо (с). Аммо суоле, ки пеш меояд инаст, ки охирин мусофири биҳишт кист? Охирин касе, ки бар наъими муқим қадам мениҳад кист? Касе, ки пас аз вай дарҳои биҳишт баста мешаванд ва пас аз он касе вориди биҳиш намешавад, оре охирин мусофири биҳишт чӣ касе мебошад?

 

tabiatРасули Худо (с) достони ин мардро ба ёрони худ баён медорад, ки дар ҳадиси муттафақун алайҳ зикр шудааст. "Охирин мусофири биҳишт мардест, ки солиёни дарозро дар дӯзах зери азоб  гузаронда, то ин ки ба сӯйи Худо дасти зорӣ дароз карда мегӯяд: Бори Худоё! Маро азин оташ наҷот деҳ, зеро ки буяш маро озор дода ва шуълаҳояш маро сузондааст. Худованд мегӯяд: Туро раҳо мекунам, аммо ба шарте, ки дигар аз ман чизе нахоҳӣ! Мегӯяд: Парвардигоро! Ба иззати ту қасам, ки пас аз он чизи дигаре аз ту нахоҳам.

 

Он гоҳ аз ҷаҳаннам наҷот меёбад ва аз пули сирот мегӯзарад, аз хушҳолӣ мегӯяд: баландмартаба аст Худованде, ки маро наҷот дод, бегумон инрӯз ба неъмате даст ёфтам, ки ҳеҷкадом аз гузаштагон ба он наёфта ва ҳеҷ як аз ояндагон бадон нахоҳад расид (ғофил азон, ки вай охирин мусофири биҳишт мебошад, аммо чаро ин суханро мегӯяд, зеро Худованд мефармояд: "Касе, ки аз оташ дур дошта шуд ва бар биҳишт ворид шуд, пас яқинан ба пирӯзӣ расидааст").

 

Дар ин миён ногаҳон дарахти сабз ва зебое дар муқобилаш мерӯяд ва аз зери он чашмае ҷорӣ мешавад, ва чун ин саҳнаро мебинад, мегӯяд: Бори Худоё! Маро ба ин дарахт наздик намо, то каме дар сояҳояш биёсоям ва аз обаш кафе бигирам. Парвардигораш мегӯяд: Эй фарзанди одам! Чи қадар сустпаймон ҳастӣ, магар аҳд накарда будӣ, ки дигар чизе аз ман нахоҳӣ?

 

Аммо Худованд ӯро маъзур медорад, чун медонад, ки ӯро дар муқобили неъматҳо сабр нестю. Он мард мегӯяд: Савганд ба иззати ту, ки дигар чизе аз ту нахоҳам, ва Худованд хостаи вайро мепазирад. Вақте, ки азон дарахт мегӯзарад, ногаҳон дарахти сабзтар ва зеботар аз дарахти аввал дар муқобилаш меруяд ва чун ин саҳнаро мебинад, мегӯяд: Бори Худоё! Маро ба ин дарахт наздик бинамо, то даме дар сояаш биёсоям, ва обаш кафе бигирам!

 

Парвардигораш мегӯяд: Эй фарзанди Одам! Чӣ қадар суст паймон ҳастӣ, магар аҳд набаста будӣ дигар чизе аз ман нахоҳӣ? Аммо Худо ӯро маъзӯр медорад, чун медонад, ки ӯро дар муқобили неъматҳо сабр нест. Он мард мегӯяд: савганд ба иззати тӯ, ки бори дигар чизе нахоҳам, ва Худованд хостаашро мепазирад.

 

Вақте, ки аз он дарахт мегӯзарад, ногаҳон дарахти сабзтар ва зеботар аз ду дарахти аввал дар муқобилаш мерӯяд ва чун ин саҳнаро мебинад, мегӯяд: Бори Илоҳо! Маро ба ин дарахт наздик кун, то даме дар сояаш бигирам ва аз обаш кафе бигирам! Парвардигораш мегҷӯяд: Эй фарзанди одам! Чӣ қадар суст паймон ҳастӣ, магар аҳд набаста будӣ, ки дигар чизе аз ман нахоҳӣ? Аммо Худо ӯро маъзур бедорад, чун медонад, ки ӯро сабр дар муқобили  наъматҳо нест. Он мард мегӯяд: Савганд ба иззати ту!, бори дигар чизе нахоҳам ва Худованд хостаи вайро мепазирад.

 

Вақте, ки азон дарахт мегӯзарад, содои хушиҳои аҳли биҳиштро мешунавад, пас мегӯяд: Худоё! Маро ба биҳишт дохил намо! Худояш мегӯяд: Эй фарзанди Одам, чӣ қадар суст паймон ҳастӣ, магар аҳд набаста будӣ дигар чизе аз ман нахоҳӣ? Аммо Худо ӯро маъзур медорад, чун медонад, ки ӯро дар муқобили наъматҳо сабр нест, ва ба ӯ мугӯяд: вориди биҳишт шав, ва чун вориди биҳишт мешавад тасаввур мекунад биҳишт пур шуда ва ҳама қасрҳо ва неъматҳоро соҳиб шуданд ва чизе барояш боқӣ намонда, лизо бар мегардад ва мегӯяд:

 

Бори Илоҳо! Биҳиштро пур ёфтам, Худояш мегӯяд: Вориди биҳишт шав ва чун барои бори дуввум вориди биҳишт мешавад, бори дигар тасаввур мекунад биҳишт пур шуда ва ҳамаи қасрҳо ва неъматҳоро соҳиб шудаанд ва чизе барои ӯ боқӣ намондаанд, лизо бар мегардад ва мегӯяд: Бори Илоҳо, биҳиштро пур ёфтам! Худояш мегӯяд: Вориди биҳишт шав! Ва чун барои бори саввум вориди биҳишт мешавад, бори дигар тасаввур мекунад биҳишт пур шуда ва ҳамаи қасрҳо ва неъматҳоро соҳиб шуданд, ва чизе барояш боқӣ нагузоштанд, лизо бар мегардад ва мегӯяд: Бори Илоҳо! Биҳиштро пур ёфтам!.

 

Худояш мегӯяд: Он чиро мехоҳӣ, орзу кун ва чун орзу мекунад, Худояш мегуяд: Барои ту дар биҳишт ҳаст он чӣ орзу намудӣ ва даҳ баробари дунё! Он мард аз шиддати хушҳолӣ мегӯяд: Бори Илоҳо! Оё маро масхара мекунӣ! Дар ҳоле, ки ту фармонраво ҳастӣ? Расули Худо пас аз нақли ин достон барои Саҳоба (р), хандиданд".

 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3845-2010-12-12-16-46-31.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ