ТАЛОҚ БА ХОТИРИ РИЗОИ ВОЛИДОН РАВО НЕСТ

Шахсе мепурсад, ки ман аз тангдастӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаму онҷо бо духтаре шинос шудам. Баъдтар бо ӯ издивоҷ кардам. Аз ӯ фарзандор ҳам шудаам. Ин хабар ба завҷаи аввалаам расид. Вай, ки бо падару модарам якҷо зиндагӣ мекард, хеле нороҳат шуд. Ин нороҳатии занамро падару модарам дида, маро маҷбур доранд, ки зани хориҷиамро талоқ диҳам. Ҳол, он ки аз ӯ бадие надидаам ва мо дар ватани онҳо як ҷо кор карда падару модар ва зану фарзандонамро ба нафақа таъмин мекунем. Дар ҳамин ҳол, ман бояд чӣ кор кунам?
Ба номи Худо!
Касе инкор карда наметавонад, ки бузургтарини ҳуқуқҳо ҳақуқи волидон мебошад. Ва некӣ кардан ба онҳо аз беҳтарин хубиҳосту нофармонӣ аз эшон бузургтарини гуноҳост. Ҳамин аст, ки ба хотири бузургии ҷойгоҳашон кӯмаку эҳсон кардан ба онҳоро Худованд бо парастиши худ якҷо қарин сохтааст. Тавре дар Қуръон омадааст: «Ва Худоро бипарастед ва ҳеҷ чизро ҳамто ва шарики ӯ қарор надиҳед ва ба падар ва модар некӣ кунед» (сураи Нисо, ояи 36) ва дар ҷои дигар мегӯяд: «Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй». (сураи Асро, ояи 23).
Гарчанде, ки Худованди таъоло моро ба некӣ ва эҳсон кардан ба падару модар амр кардааст, локин итоат кардан аз онҳо, набояд итоати кӯр-кӯрона бошад, балки бояд огоҳона аз эшон итоат кард. Дар ҳадисе чунин омдааст: «Ҳамоно, итоат (огоҳона ва) дар амрҳои хуб аст».
Мо бисёр мешунавем, ки фалон шахс бо талаби волидон ё яке аз онҳо бидуни ҳеҷ амри шаръӣ ва кори ношоям занашро талоқ додаст. Оё ин талоқдиҳӣ аз огоҳона итоат кардани волидон аст?
Хуб нест, ки бе гуноҳ кас занашро талоқ бидиҳад ва сутуни хонаводаашро барҳам бизанд. Ҷобир ибни Абдуллоҳ аз Расули Худо (с) ривоят карда гуфтааст: «Ҳамоно, Иблис тахташро дар болои об гузошта, сипас гурӯҳҳои кории худро барои гумроҳ кардан мефиристад. Назарногиртарини онҳо бузургтарин фитнаҳоро ба анҷом мерасонанд. Яке омада мегӯяд: «Ман чунин корҳо кардам». Иблис дар ҷавоб мегӯяд: «Ҳеҷ коре накардаӣ!». Дигаре омада мегӯяд: «То вақте, ки ӯро аз ҳамсараш ҷудо накардам, таркаш накардам». Иблис мегӯяд: «Ту беҳтарин кореро анҷом додаӣ (аҳсан)».
Дар ҳамин хол касе, ки дар ин масъала ақволи уламоро пайгирӣ мекунад, бо ихтилофи назари онҳо рӯ ба рӯ мешавад. Уламо, сабаби ин ихтилофи назарҳоро дар кардаи ҳазрати Умар мебинанд, ки писараш Абдуллоҳро амр кард, то завҷаашро талоқ бидиҳад. Ровиёни ҳадис ин қиссаро чунин нақл кардаанд: «Ибни Умар мегӯяд, ки завҷае доштам, ки ӯро дӯст медоштам ва Умар-падарам онро нағз намедид. Ӯ ба ман гуфт, ки талоқашро бидиҳам, ман инкор кардам. Умар омада ба Паёмбари Худо (с) арз кард ва баъд аз он Расули Худо ба ман гуфт, ки талоқаш бидеҳ».
Агар ҳамаи амру фармонҳои шариатро, ки доир ба зарари оилавайронкунӣ равона шудаанд, бо чашми ақл бингарем ва далели шаръие, ки талоқро нописандидатарин ҳалол медонаду сираи ҳазрати Умари форуқ (р)-ро пеши назар биоварем, гумон меравад, ки шахсе чун Умар (р) талоқи келинашро аз рӯи ҳавову ҳавас ва беҳикмат анҷом дода бошад. Фуқаҳои мусалмон мегӯянд, агар падари касе ба монанди ҳазрати Умар тақводору парҳезкор ва худотарс бошад, мо ба ҷуз ин ки бояд амри падарашро бигирад, дигар гап надорем.
Донишмандони исломӣ бо истинод бо далелҳои дар боло овардашуда мегӯянд, дар ҳолате, ки мард аз занаш шикоят надошата бошаду аз диндорӣ ва рафтори завҷааш нигаронӣ накунад, лозим нест, ки гапи падару модарашро гирифта аз занаш ҷудо шавад. Ин гапногирӣ нафармонии падару модар маҳсуб намешавад. Локин, бояд ба волидон некӣ ва эҳсонашро қатъ накарда, ба қӯмаки онҳо ҳамеша тайёр бошад.
Муфтӣ Тоҷиддини Шермуҳаммад, таҳсилкардаи мадориси исломӣ дар Покистон, ба суоли хабарнигори «ИмрӯзNews», роҷеъ ба фарзанде, ки падару модар маҷбураш мекунанд, то завҷаашро талоқ бидиҳад, шариат ва мазҳаби аҳноф чӣ назар дорад, чунин посух дод: Агар вақте, ки зан солиҳа бошаду дар ӯ ягон камбудӣ дида нашавад, бо делели он, ки паёмбари Акрам (с) гуфтаанд:
«Итоати махлуқ дар нофармонии Холиқ раво нест», набояд завҷаашро талоқ бидиҳад. Агар мард дар ин ҳолат амри падару модарро гирифта, аз занаш ҷудо шавад, гӯё, ғазаби Худовандро нозил мекунад ва беҳтарин кор он аст занашро талоқ надиҳад ва падару модарашро хуб бифаҳмонд, то талоқи ҳамсару якдигарнофаҳмии онҳо сабаби гирифторшавиаш ба қаҳру ғазаби Илоҳӣ нашаванд».
Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3114-2010-09-14-07-23-43.html