14:38:03 25-уми Майи 2025 сол

"ФИТРИ РӮЗАРО БА ИМОМ-ХАТИБҲО Ё МУЛЛОҲО НАДИҲЕД"

Рӯзи ҷумъа 10 сентябр дар Тоҷикистон моҳи Рамазон поён ёфта ва аз иди Фитр таҷлил мешавад. Дар остонаи ин ид Мардони Муҳаммад бо Исмоил Пирмуҳаммадзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеъи шаҳраки Ҳисор ва аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабии Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шуд, ки фишурдаи он аз ин қарор аст:

 

Нахуст шарҳ бидиҳед, ки вазоифи фарди мусалмон қабл ва баъд аз иди Фитр дақиқан чист?

 

pirmuhammadzodaМусалмон як моҳ рӯза медорад. Худо ӯро парҳезкор мекунад. Қабл аз ид мусалмон бояд аз забон ва кирдори худ дигаронро озор надиҳад. Ба қавли Мавлонои Рум:

 

Моҳи Рамазон омад аз сӯйи биҳишт,

Овард ба мардумон анфоси биҳишт,

Ҳар кас ки дар ин моҳ дилозорӣ кунад,

Не рӯйи биҳишт бинад, не бӯйи биҳишт.

 

Пеш аз ид бояд садақаи фитр дода шавад. Садақаи фитр ба ҳамаи афроди доро воҷиб аст. Дар ҳадиси набавӣ садақаи фитр закоти моҳи Рамазон аст. Агар навоқиси намоз аз тариқи саҷдаи саҳв ҷуброн шавад, ҷуброни навоқиси моҳи Рамазон ва таровеҳ садақаи фитр аст. Садақаи фитр дар соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон мувофиқи нархи гандум дар бозорҳои кишвар 1 килугромму 622 громм гандум ё ду сомонӣ муқаррар шудааст.

 

Фитр ё садақаи рӯза ба кӣ бояд тавзеъ шавад? Бархе бар ин назаранд, ки он бояд ба муллоҳо ё аҳли тақво дода шавад. Ин дуруст аст?

 

Аввал тавзеҳ бояд дод, ки барои кадом фард додани садақаи фитр воҷиб аст. Шахсе, ки сармояааш беш аз 15 ҳазор сомонӣ ё 3,5 ҳазор дулор бошад, муваззаф аст садақаи фитр бипардозад. Садақи фитр ба афроди фақир, нодор ва ятимон тавзеъ шавад.

 

Ба ҳеч ваҷҳ садақа ё фитри рӯза ба имом-хатибҳо ё муллоҳо дода нашавад. Зеро бештари имом-хатибҳо мӯҳтоҷи садақаи фитр нестанд. Имом-хатибҳо дар маъвизаҳои худ аз намозгузорон даъват кунанд, ки садақаи фитрро ба фақирон ва ниёзмандон бидиҳанд. Бахусус, додани фитри рӯза ба ятимон савоби бузург аст. Ба қавли шоъир:

 

Ало то наҷунбад, ки арши азим

Биларзад ҳаме чун бигиряд ятим

 

Агар аҳли байт фақир бошад садақаи фитрро ба домод ё келин додан мумкин аст. Зеро онҳо бегонаанд, аммо бо аҳли аёли худ, яъне фарзандони ин хонавода аз он истифода мекунанд. Инро шариъат иҷоза медиҳад.

 

Одамони доро ҳаққи хӯрдани садақаи фитрро надоранд. Имом-хатибҳо бояд дигаронро ташвиқ кунанд, то садақаи фитрро ба мискинон диҳанд. Имомҳо вазифаи худро аз барои худо ва барои ризогии худо мекунанд. Намози иди Фитр соъати 8-и субҳ баргузор мешавад ва мардум имкон доранд, то вақти намоз садақаи фитрро бидиҳанд.

 

Имсол моҳи Рамазон ба фасли тобистон мувофиқ омада ва ба далели гармии ҳаво теъдоди рӯзадорон дар муқоиса ба солҳои қаблӣ камтар будааст. Ин иттилоъ дуруст аст?

 

Дар ин замина қазоват кардан душвор аст. Зеро ҳеч гуна пурсишу назарсанҷӣ анҷом нашудааст. Вале душвориҳои моҳи Рамазон навъи имтиҳон барои фарди мусалмон аст. Баъзеҳо тоқат надоранд. Ба мо мегӯянд, ки ман тоқати ташнагиро надорам. Агар бемор бошад, рӯзаро хӯрда ва пас аз офият рӯзаи қазоро мегиранд. Вале ба фарди солим рӯзадорӣ фарз аст.

 

Аммо дар бархе аз кишварҳои арабӣ, ба шумули Миср уламои исломӣ фатво додаанд, ки ба далели гармои тоқатфарсо нӯшидани як микдор об раво аст.

 

Бо уламои Миср телефонӣ сӯҳбат доштам. Ман бо бархе аз онҳо дар бузургдошти Имоми Аъзам дар шаҳри Душанбе дар соли гузашта ошно шуда будам. Онҳо гуфтанд, ки чунин фатво набуда ва ин тӯҳмате беш нест.

 

Дар соли ҷорӣ давлати Тоҷикистон ба ҳузури шогирдони мактабҳо дар намози таровеҳ дар вақти дарс монеъ шудаанд. Ин иқдомро чи гуна арзёбӣ мекунед?

 

Ин сахтгирӣ танҳо ба хотири ҷалби шогирдон ба мактаб аст, то онҳо сабақи дунявӣ гиранд. Охир шогирдон дар кишварҳои дигар ончунон пеш рафтаанду фарзандони мо ҳанӯз дар хокбозианд. Ҳадафи давлат ҷалб кардани шогирдон ба мактаб буд, ин амалро баъзеҳо ба таври худ шарҳ дода ҳукуматро гунаҳкор мекунанд. Мақсади давлат он аст, ки фарзандони тоҷик ба омӯзиш бинанд ва олим шаванд. Ҳеч касро аз намоз манъ накардаанд.

 

Шумо узви Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ҳастед. Лутфан бигӯед, ки чаро Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари исломӣ иди Фитрро як рӯз баъдтар ҷашн мегиранд?

 

Уламо аз тариқи гардиши қамар ё моҳ рӯзи идро барои кишвари худ муқаррар мекунанд. Миёни кишварҳои исломӣ аз 5 то 10 ҳазор километр фосила вуҷуд дорад. Бинобар ин дар таъйини рӯзҳои ид тафовут ба миён меояд. Барои аввалин бор дар соли ҷорӣ бо Арабистони Саъудӣ дар рӯзи ҷумъа иди Фитрро таҷлил мекунем. Ба фикрам танҳо Русия ва Туркиё рӯзи панҷшанбе ҷашн мегиранд.

 

Ҳисобҳо дар ҳамаи давру замонҳо чунин буд ва рӯзҳои иди Фитр ё Азҳо аз кишварҳои дигари исломӣ як рӯз ё ду рӯз фарқ доштанд. Аз Русия муҳоҷирони тоҷик ба мо телефон карда мегӯянд, ки мо як рӯз пеш ид мекунем, оё дуруст аст? Ҷавоб медиҳем, ки шумо бояд ба қоидаи ин кишвар риоя кунед.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3084-q-------q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ