КУМИТАИ ДИН АЗ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ҶУДО ШУД
Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтори як қатор ниҳодҳои ҳукуматӣ тағйир дода шуд ва баъзе аз кумитаҳо ба оҷонсӣ ва оҷонсиҳо ба кумита табдил гардиданд. Ҳамчунин, Кумитаи оид ба корҳои дин аз сохтори Вазорати фарҳанг берун шуда, ба ҳайси ниҳоди мустақил дар назди ҳукумат фаъолият хоҳад кард. Масоили диниро дар кишвар то чанд соли қабл ҳамин гуна як кумита медид, ки баъдан ба тобеъияти Вазорати фарҳанг дароварда шуда буд ва инак боз ба шакли қаблияш бозгашт.
Кумитаи давлатии омор ба Оҷонсии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон табдил шуд. Оҷонсии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди ҳукумат ҳамакнун аз ин ба баъд Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ хоҳад буд.
Дар назди ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Оҷонсии хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонӣ фаъолият хоҳад кард. Ин оҷонсӣ қаблан яке аз бахшҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар буд. Аз сохтори ин вазорат ҳамчунин Оҷонсии таъминоти амволи махсусро низ бароварданд ва як ниҳоди мустақил дар назди ҳукуматаш карданд.
Дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, ки аз он дафтари матбуоташ хабар додааст, омадааст, ин ислоҳоти идораи давлатӣ ба хотири ташаккули низоми шаффофи фаъолияти идоракунӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ рӯидаст гирифта шудааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/1894-2010-03-09-16-28-29.html