ДАЪВАТИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН
Роҳбари Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шайх Амонулло Неъматуллозода эълон кард, ки мувофиқи қарори Шӯрои уламо иди Қурбон дар саросари кишвар рӯзи 28 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Шайх Амонулло Неъматуллозода ҳамчунин аз ҳамаи намозгузорон ва кулли сокинони ҷумҳурӣ даъват кард, ки дар арафаи ин иди Саид кинаву адоват, кибру ғурурро аз худ дур карда, ба фитнаву дасиса ва дурӯғгӯӣ роҳ надиҳанд.
«Шукри истиқлоли Ватан, ки ҳар сол зиёда аз 5 ҳазор сокинони мамлакат дар арафаи иди Қурбон бемамоният ба хориҷи мамлакат сафар карда яке аз рукнҳои фарзии дини мӯьбини ислом - зиёрати Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввараро ба ҷо меоранд», - изҳор кард роҳбари идораи динии мамлакат Шайх Амонулло Неъматуллозода.
А.Ҳаитов, АМИТ «Ховар»