02:52:47 25-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/10/25_--01-abdullo%20rahnamo-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/10/25_--01-abdullo%20rahnamo-2.jpg'

УЛАМОИ ИСЛОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

«Уламои исломӣ дар Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои нақши ҷамъиятии онҳо» чунин номида шуд мавзӯи сӯҳбати ширкаткунандагони «Мизи гирд»-е, ки бо ибтикори Маркази Тадқиқоти Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Маркази мазкур баргузор гардид.

 

Қабл аз оѓози сӯҳбати «Мизи гирд» барои иштироккунандагони ин маҳфил китоби тозанашри муҳаққиқ ва коршиноси масъалаҳои муносибати дин ва давлат номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Ҳаким Раҳнамо «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон. Китобитақдим гардид. Сӯҳбатро, ки аслан бештар атрофи ҳусну қубҳи ҳамин китоби Абдуллоҳи Раҳнамо сурат гирифт, директори Маркази Тадқиқоти Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсат Сӯҳроб Шарипов ҳусни оғоз бахшид.

 

Ӯ дар суханронии худ ёдовар шуд, ки омӯзиши мавзӯи мазкур барои олимони ҷомеашиносиТоҷикистони соҳибистиқлол аз аҳамияти вижа бархурдор аст ва ин асаре, ки ҳамакнун ба дасти хонанда расид, дуввумин китоби корманди ҳамин Марказ Абдуллоҳи Раҳнамо мебошад. Китоби нахустини ба ҳамин мавзӯъ бахшидаи ӯ «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ», ки соли гузашта ба нашр расида буд, мавриди истиқболи гарми хонандагони сершумор ва бахусус пажӯҳишгарони ин соҳа қарор гирифт.

 

Сӯҳроб Шарипов дар идомаи суханрониаш таъкид намуд, ки Марказ омӯзиши ин мавзӯъро ҳамчун як самти бениҳоят муҳими фаъолияти хеш идома хоҳад бахшид. Абдуллоҳи Раҳнамо дар суханронии худ, ки «Баъзе масъалаҳои усулӣ дар омӯзиши мавзӯи уламои исломӣ дар Тоҷикистони муосир» унвон гирифт, асосан китоби хешро муаррифӣ намуд.

 

Ӯ азҷумла иброз дошт, ки мавзӯъ дар замони шӯравӣ ба таври бояду шояд танҳо аз сӯйи мақомоти амниятӣ мавриди пажӯҳиш қарор гирифта буд, ки аз натоиҷи тадқиқоти онҳо танҳо доираҳои махсуси ҳукмрон ба мақсади идома бахшидан ба султаи ҳукумати шӯравӣ истифода мекарданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ин мавзӯъ рӯ овардани олимон ва муҳаққиқони тоҷик талаби замон ва заруратест, ки онро ҳифзи субот, таъмини амнияти кишвар ва рушду такомули ҷомеъа тақозо мекунад. Ба гуфтаи Абдулоҳи Раҳнамо уламои исломӣ дар ҳалли ин масъалаҳои муҳимми стратегӣ нақши созандаеро бозӣ карда метавонанд.

 

Абдувоҳид Шамолов, директори пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, ки муҳаррири масъули китоби мазкур ба шумор меравад, бештар атрофи муносибати давлат бо уламои дини ислом дар марҳилаи ҳозира ва сиёсати кунунии давлат дар ин самт сӯҳбат кард. Ӯ китоби Абдуллоҳи Раҳнаморо дар пажӯҳиши ин масъала асари ниҳоят муҳим номид, ки дар даврони баъд аз истиқлол дар ин мавзӯъ навишта шудааст.

 

Ӯ қайд намуд, ки дар баробари таҳлили чуқур ва ҳаматарафа, дар китоб инчунин факту рақам ва асноди расмие, оварда шудааст, ки барои хонанда ва муҳаққиқин хеле ҷолибанд ва аксарияти онҳо бори нахуст барои оммаи васеи хонандагон мунташир мешаванд.

 

Дар сӯҳбати «Мизи гирд» ҳамчунин С. Маҳмадуллоев, мудири шӯъбаи Саррраёсати оид ба корҳои дини Вазорати фарҳанги ҶТ дар мавзӯи «Нигоҳи давлат ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ба уламои исломӣ», Шерзод Абдуллоев, муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ, номзади илмҳои фалсафа дар мавзӯи «Нигоҳи уламои исломии тоҷик ба масъалаи ислоҳ: аз Аҳмади Дониш то имрӯз», Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Маҷмаи уламои ҲНИТ дар мавзӯи «Бархурди назари насли анъанавӣ ва насли ислоҳталаби уламои исломии тоҷик дар солҳои 80-90ум: заминаҳо ва пайомадҳои он», Сайдаҳмад Қаландаров, муҳаққиқи масъалаҳои динӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои низоми анъанавии таълими динӣ ва каналҳои ташаккули рӯҳониёни исломӣ дар Тоҷикистон» суханронӣ карданд.

 

Дар баҳсу мунозирае, ки атрофи ин мавзӯъ сурат гирифт, Сайфуллоҳ Сафаров- муовини директори Маркази Тадқиқоти Стратегии назди Президенти ҶТ, Абдунабӣ Сатторзода- корманди Маркази Тадқиқоти Стратегии назди Президенти ҶТ, Муродуллоҳ Давлатов, директори Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ, Комил Бекзода- файласуф, Файзи Олӣ- ҷомеъашиинос, Саймуддин Дӯстов- коршиноси масоили сиёсӣ, Тағой Раҳмонов- корманди Маркази Тадқиқоти Стратегии назди Президенти ҶТ, Абдуғаффори Камол- сармуҳаррири телевизиони «Ҷаҳоннамо», Қосим Бекмуҳаммад- коршиноси масоили сиёсӣ, Султони Ҳамад- рӯзноманигори мустақил фаъолона ширкат варзида дар бораи ҳусну қубҳи китоби мазкур фикрҳои муфидеро иброз доштанд.

 

Азҷумла қайд шуд, ки китоб барои шинохти саҳеҳи рӯҳониёни исломии тоҷик, ҷойгоҳи онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар, нақши онҳо дар дастёбӣ ба ваҳдати бештари мардум ва таҳкими пояҳои давлати Тоҷикистон барои муҳаққиқону коршиносони соҳаҳои таърих, сиёсатшиосӣ, исломшиносӣ ва умуман ба доираи васеи хонандагон як дастури хубе буда метавонад.

 

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ