ПЕШИ ХУДОВУ МИЛЛАТ ҲАМА БОЯД ТАВБА КУНЕМ
Вале инак баъзеҳо шояд ба хотири диққати мардумро аз ин мушкилиҳо бикашонанд ба самти дигар, (бубинед, вақти роҳи ҳалли мушкилоти мардум: мушкилоти иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, пайдо намешавад), аз ҳамароҳи осон пайдо кардани як гунаҳкор аст. Шояд баъзеҳо роҳи осонтаринро дар ин диданд, ки бояд динро гунаҳкор кард. Ва ин ҳама мушкилотро боз партофтанд ба дӯши дин ва диндорон. Ман метарсам, ки аз ин ҷо бӯйи фитнаи бузург омада истодааст. Акнун масъулияти мо дар чӣ аст? (чун суоли шумо равона мешавад бештар ба он ки мо ҳамчун як ҳизби сиёсӣ, динӣ ва ё дар сатҳи як шаҳрванд чӣ масъулият дошта бошем). Масъулияти мо ин ҳаст (ман инро барои ҳардуямон не, барои ҷомеъа ва тарафдорони худам мегӯям), ки мо бояд ҳар имконе, ки дорем, худро аз ин фитна канор бигирем. Ба дасисаву провакатсия дода нашавем.
То он миқдоре, ки сабр карда метавонем ва дуъо кунем, ки Худованд сабри бештаре ба мову ба ин миллат бидиҳад, бояд дар муқобили ин ҳама таҳқиру хушунату ин ҳама амалҳои ғайриахлоқӣ бояд сабр кунем. Албатта ман ошкору равшан бояд бигӯям, ки байни сабр ва тарсуӣ бояд фарқ бошад. Ин ҷо як нуктаи бисёр муҳим аст, ки баъзан мо сабрро, ё тарсуиро дар идомаи сабр мехоҳем пешниҳод кунем.
На, ин нест. Мо бояд сабр дошта бошем, ки василаи фитнаву дасисаи бегонагон нагардем, дар баробари ин дар муқобили ин касоне, ки хушунат мекунанд, таҳқиру тавҳин мекунанд, бо садои баланд ва хеле ҳам ошкор бигӯем, ки «Бародар бас!» ба қавли русҳо «Стоп! Дигар ин корро накунед шумо, ки амалатон ҳам хиёнат ҳаст, ҳам таҳқир аст ва ҳам тавҳин». Мо агар тавонем ин дуро дошта бошем: ҷасорати он ки ин гуна амалҳои ғайриахлоқӣ ва ин гуна фитнаангезиҳоро ошкоро равшан бигӯем «бас, накунед дигар ин корҳоро» ва дар баробари ин сабр дошта бошем, ки корро ба ҳадди он нарасонем, ки боиси он шавад, ки баъзе душманони дар камин нишастаи миллат ва дин аз ин истифода кунанд. Чун як бор зарбаашро хӯрдем. Фоҷиаро дидем. Воқеан дар ин шабу рӯз душвор аст, душвор аст ҳам хомӯш нишастану сабр кардан ва душвор аст боз ҳам садо баланд кардану чизе гуфтан.
Барзу: Бубинед, дар ин ҷо як чизи аҷоиб аст. Ифротгароии дунявӣ ва ифротгароии динӣ. Дар симои ифротгароёни дунявӣ ман дағалии онҳоро рӯйи рост мебинам. Ман ин чизро на танҳо аз рӯйи суханонашон, балки аз он ки чӣ гуна ин кишварро, кишвари ману туро, обод мекунанд, мебинам. Вале вақте ба кисмати диндорон мегузарам чизи дигареро низ мебинам. Диски амри маъруфи бархе аз рӯҳониёнро мехарам ва дар хона онро тамошо мекунам.
Чӣ мегӯед, ки аз тамошои он дар тани ман ларза пайдо мешавад. Маро тарс фаро мегирад. Манеро, ки панҷ вақт намозашро тарк намекунад. Ман аз суханҳои воиз буйи бадеро эҳсос мекунам. Аз он гиря карданҳову сарзаданҳову дағалиҳое, ки аз минбар бармеояд, (« пашёл нахуйюш буген») ман метарсам. Ман дида истодам, ки байни худ ду қувваи аз ҷиҳати ақлонӣ ва ҷисмонӣ хеле ба ҳам баробар бархӯрд карда истодаанд. Дар ин ҳолат ғалабаи як қувва аз болои қувваи дигар номумкин аст.Натиҷаи бархӯрди ин қувваҳо фалокатбор аст, қиёмат аст, ман аз ин чиз метарсам? Шумо чӣ фикр доред?
Кабирӣ: Ман комилан бо Шумо розӣ ҳастам. Ҳамон тавре, ки Шумо метарсед, ман ҳам метарсам. Ҳамон тавре, ки қаблан гуфтам, ҳоло майдон дар дасти ин ду гурӯҳ аст. Фанатизми динӣ аз як тараф ва радикализми дунявӣ аз тарафи дигар. Хуб, биёед тақсим кунем масъулиятро. Мо шуморо аз радикализми динӣ, шумо моро аз радикализми дунявӣ натарсонеду қадамҳои мушаххас бигузорем. Мо масъулияти рушди исломи мӯътадилро ба дӯш бигирем ва дар ин самт кор кунем. Бо ҳам. Мо талош кунем, ки майдони ифротиҳои диниро танг кунем. Бо ҳам якҷоя. Бояд майдони онҳо танг шавад. Аз тарафи дигар талош кунем, ки майдони радикалҳои дунявӣ низ танг шавад. Онҳо набояд ба ин шакл рафтор кунанд.
Ҳарду тараф. Билохира қурбонии ин ҳама бархӯрди ду радикализм мову шумо ҳастем, миллат ҳаст, аксарият ҳаст. Бояд инро ишора кунам, ки ҳарду гурӯҳи радикал ақаллият ҳастанд. Вале нерӯи онҳо дар беҳаё будани онҳо ҳаст. Ман ошкор мегӯям онҳо беҳаё ҳастанд. Онҳо аз ошкор шудани беҳаёгиашон назди мардум наметарсанд. Мову Шумо метарсем. Дар ин ҳол андешамандони ду тараф бояд сари ин масъала бештар андеша ронанд. Дар ин мавзӯъ нишастҳои худро бештар кунанд. Ана ҳамин андешамандон бояд ҷасорати онро дошта бошанд, ки бигӯянд:
«На, ин кишвар, ин миллат, ин дин моли мост. Шумо номаъқул кардед, ки аз номи дин дигаронрол метарсонед. Дӯзаху биҳишт дар дасти шумо нест. Худо худаш довар аст. Ҳоло маълум нест, ки кадоме аз мо биҳишт меравад, кадоме аз мо дӯзах». Ва ҳамчунин бояд бо он садои баланд ба он радикалҳои дунявӣ бигӯем, ки «на, шумо ҳам номаъқул кардед. Ин арзишҳову ин фарҳангу ин миллат, таърихаш, имрӯзаш, ояндааш дар дасти шумо нест. Дар дасти мост. Дар дасти аксарият ҳаст, ки имрӯз орому сокитанд ва майдонро ба ҳарду шумо додаанд. Мо бояд ин ҷасоратро дошта бошем.
Барзу: Як чизи дигар маро ҳайрон мекунад. Медонед, онҳоеро, ки ифротгароёни дунявӣ мегӯем, онҳо ҷанги ошкороро алайҳи шумо оғоз карданд. Дар ин бора қариб ҳамаи расонаҳо мегӯянд. Ин гапи махфӣ нест. Кадом рӯзномаеро намегирӣ чизеро дар бораи ҳизби Шумо мехонем. Ё узви ҲНИТ-ро боздошт кардаанд ё ягон кори дигарро нисбати ӯ раво донистаанд. Ва касеро ҳам агар аз ин ҳизб маҳкум кунанд, албатта ба мӯҳлатҳои хеле тӯлонӣ 25 солу 30 сол. Дар зери ин коса чӣ нимкоса буда метавонад?
Кабирӣ: Бубинед, Шумо, Барзуи Абдурраззоқ, ки як шахсияти фарҳангӣ, театр, андеша ҳастед, мустақиман тақрибан ба сиёсат рабт надоред, чун инро Шумо дарк кардед, пас онҳое ки бевосита ба сиёсату ҳаёти рӯзмараи сиёсӣ сару кор доранд, инро барвақт дарк карданд. Мо низ нигаронии шуморо зудтар дарк карда будем. Дар зери коса чӣ гуна нимкоса буданашро ҳанӯз дуруст нафаҳмидаам. Вале ҳаминашро аниқ медонам, ки ин тасмим дар кадом сатҳе гирифта шудааст. Ҳанӯз намедонам дар кадом сатҳ: боло ё миёна? Вале ин тасмим гирифта шудааст, ки пеши роҳи ҳизби моро бигиранд. Чун ҳизби мо дар ин солҳои ахир як каме фаъол шуд.
Интихобот ҳам нишон дод, ки фаъол ҳаст. Ва ҷавонони бештар ба ин ҳизб гароиш пайдо карданд. Ва шояд баъзеҳо шурӯъ карданд ба он ки аз ҳизби мо болотар аз рақибро битарошанд. Рақобат хуб аст дар ҳама ҷо. Вале мехоҳанд ба элитаи кишвар ин паёмро бифиристанд, ки ҳизби наҳзат дар кишвар ба ҳадде расидааст, ки аз рақиб болотар ҳаст. Ва барои мақому мансаби касе ё доирае хатар пайдо кардааст. Агар бардошташон чунин бошад ин хеле иштибоҳи бузург аст. ҲНИТ фаъолиятеро карда истодааст, ки бояд як ҳизби сиёсӣ анҷом диҳад. Мо панҷоҳ дар сади ин фаъолиятҳоро кардаем, на бештар аз он.
Мо ҳанӯз ҳам аз кори анҷомдодаи худ қаноатманд нестем. Агар мо хуб кор мекардем пеши роҳи ифротгароии диниро бештар мегирифтем. Модоме, ки ифротгароии динӣ рушд карда истодааст, аллакай дар мо таркишҳое, ки худашро мекушад ва дигаронро ҳам нобуд мекунад, ба вуҷуд омад. Ва ин фазо вайрон шуд маънои онро дорад, ки мо кам кор кардем, мо фаъол набудем. Зеро аз нигоҳи мо мо метавонистем ва ҳанӯз ҳам метавонем як қисми зиёди ҷавононеро, ки гароиши динӣ доранд ба худ ҷалб кунем дар чаҳорчӯбаи қонун, фарҳангӣ миллӣ, фарҳанг сиёсӣ онҳоро сафарбар кунем. Вале чӣ шуд, ки яку якбора баъд аз интихобот мо аз як рақиб ва ҳамкори созанда ва як тарафи сулҳ ва Созишнома табдил шудем ба хатар.
Агар мақсад ин бошад, ки ин нирӯи сиёсиро, ки дар оянда метавонад боз пурқувваттар шавад, пеши роҳашро бигирем, як роҳ дорад. Ман метавонам ин роҳро ба дӯстонамон нишон диҳам чӣ гуна метавонанд пеши роҳи рушду нумӯи ҳизби моро бигиранд. Ба халқ, ба миллат, ба дин хизмати бештар кунанд мардум ба он тараф раъй медиҳад,талош мекунад. Фарқ надорад элитаи сиёсии ҳукумат ин корро мекунад, як ҳизби сиёсӣ ин корро мекунад, агар воқеан ба боварии мардум дароянд, мардум онҳоро дӯст бидоранд эҳтиром кунанд, ин роҳи ягонаи мубориза бо мо ҳаст. Дигар роҳи пеши ҲНИТ-ро гирифтан вуҷуд надорад. Дигаронро аз мо тарсондан ин роҳи ҳал нест. Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки дар расонаҳои хабарӣ аз исломи сиёсӣ ё аз ҳизби наҳзати исломӣ ба истилоҳ хӯса тарошида истодаанд.
Барзу: Чунин корро онҳое мекунанд, ки таърихро хеле бад медонанд, дурандеш нестанд.
Кабирӣ: Таърих такрор мешавад.