Хазина аз
Мулоқот бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ
Хабар
01.12.2015 18:15
1058
Имрӯз дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ мулоқот кард.
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулмалик Саллол
Хабар
01.12.2015 18:13
1049
Имрӯз дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулмалик Саллол мулоқот кард.
Иштирок ва суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим (Конфронси 21)
Сиёсат
01.12.2015 18:12
1136
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим (Конфронси 21), ки ба мушкили бузурги сайёра - тағйирёбии иқлим бахшида шудааст, иштирок ва суханронӣ кард.
Парвандаи ифротгароии як духтари 18-солаи тоҷик
Иҷтимоъ
01.12.2015 18:10
1344
Додситонии вилояти Владимири Русия рӯзи 1 декабр аз анҷоми таҳқиқи парвандаи як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон Мавзуна Мазориеваро бо иттиҳоми таблиғи ифротгароӣ хабар дод. Додситонии Владимир мегӯяд, хулосаи айбдоркунӣ бар асоси қисми дуюми моддаи...
Баъзе аз саррофиҳои Душанбе дари худро бастанд
Иқтисод
01.12.2015 18:08
2119
Рӯзи 1 декабр баъзе аз саррофиҳои шаҳри Душанбе ба дарашон қуфл зада, аз ивази асъори хориҷӣ худдорӣ карданд. Ин тасмим ба дунболи як қарори Бонки миллии Тоҷикистон гирифта шудааст, ки шоми 30 ноябр эълон кард ...
Рушди ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия
Хабар
01.12.2015 18:06
1027
Конфронси IV оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия дар мавзӯи "Натиҷа ва дурнамои ҳамкориҳои байниминтақавӣ» имрӯз, 1 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
БМТ: Ба тарсу ҳарос ва таҳлука дода нашавед
Хабар
01.12.2015 18:04
1155
Яке аз сабабҳои бесобиқа баланд шудани қурби доллари нақди ИМА-ро БМТ таъсири омили равонӣ, аз ҷумла муносибат ва рафтори худи шахсони воқеии фурӯшанда ва харидорони асъори хориҷӣ маънидод кардааст.
Тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста мешаванд
Хабар
01.12.2015 18:03
1113
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ”-ро қабул кард ва он пас аз нашри расмӣ дар амал татбиқ мешавад.