07:45:22 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Меҳнати сангин дар пахтазор барои ғӯзапоя Иҷтимоъ 27.08.2014 11:46 1000
Мавсими нави пахтачини дар вилояти Хатлон - яке аз вилоятҳои аграрии Тоҷикистон шурӯъ шуд, вале занону духтарони пахтачин дар ин вилоят мегӯяд, ки кишти пахта ва ҷаъмоварии ҳосилиаш мисли солҳои Шӯравӣ ба онҳо даромади хубе намеорад ва онҳо ба хотири ғузапоя ба саҳро мебароянд.
Наврасони тоҷик: Майлам ба шаробу ... нос бошад доим Иҷтимоъ 27.08.2014 11:44 1020
Як пажӯҳиши вазорати маорифу илм ба натиҷае расидааст, ки насли имрӯзи наврасони тоҷик назар ба волидони онҳо бо маю сигор ва ҳамин тавр бо фаҳшо ва алоқаи ҷинсӣ ошноии бештар доштааст. Шикояти насли калонсол аз насли ҷавон падидаи маъмулӣ шумурда мешавад ...
Қирғистон бунёди роҳи Оқсай-Тамдиқро қатъ кард Хабар 27.08.2014 11:42 792
Душанбе ва Бишкек мувофиқат карданд, ки сохтмони роҳи мошингарди Оқсай-Тамдиқ-Кишмиши ҳаммарз бо деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара то замони омода шудани санадҳо, мутаваққиф карда шавад.
Парвандаи афсари «салафӣ» ба додгоҳ рафт Хабар 27.08.2014 11:40 836
Парвандаи як афсари пулис, ки бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни мамнӯъи салафия боздошт шуда буд, барои баррасӣ ба додгоҳи Хатлон ирсол шуд.
Тоҷикистон ба хатар наздик мешавад, ё баръакс Сиёсат 26.08.2014 10:09 878
Коршиносон мегӯянд, ҳар қадар, ки замони иҷрои Созишномаи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё наздиктар меояд, ҳушдорҳо аз хатари он ба истиқлолияти кишварҳо бештар мешаванд.
Як кушта ва 5 захмӣ дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон Иҷтимоъ 26.08.2014 10:08 931
Бар асари тирандозии марзбонони қирғиз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида ва чаҳор тани дигар захм бардоштаанд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, нахуст марзбонони тоҷик оташ кушодаанд.
Фирӯз Ёқубов - охирин умеди Тоҷикистон дар Олимпиадаи Нанҷинг Ҷавонон ва варзиш 26.08.2014 10:05 1284
Баъди натиҷагирии 9 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин дар мақоми аввал аст. Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг 9 рӯзи мусобиқот натиҷагирӣ шуд.
Чаҳор нафар дар чаҳор сонеҳа ҷони худро аз даст доданд Хабар 26.08.2014 10:03 827
Ррӯзи якшанбеи сипаришуда 24 август дар шаҳру навоҳии кишвар бар асари сонеҳаи утумубилӣ чаҳор нафар ҷони худро аз даст доданд.
Боздошти як сокини вилояти Хатлон ба занни қочоқи маводди мухаддир Хабар 26.08.2014 10:02 863
Пулис аз боздошти як сокини 56-солаи вилояти Хатлони Тоҷикистон ба занни қочоқи маводди мухаддир хабар додааст.
Аслов: “Ҳалли масоили марзӣ бо Чин имкон дод, ки...” Сиёсат 25.08.2014 17:34 842
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бо навиштани матлабе ба таҳлили равобити Душанбею Пекин пардохта, ба қазияи баҳси марзии ду кишвар низ дахл кардааст. Аслов дар ин матлаби худ гуфтааст, натиҷаи ҳалли баҳсии марзии Тоҷикистон ...