15:06:13 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тоҷикистон ба хатар наздик мешавад, ё баръакс

Коршиносон мегӯянд, ҳар қадар, ки замони иҷрои Созишномаи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё наздиктар меояд, ҳушдорҳо аз хатари он ба истиқлолияти кишварҳо бештар мешаванд.

ekonomika-458966212

Нурсултон Назарбоев, раҳбари Қазоқистон, яке аз пуштибонони аслии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, зимни сӯҳбат бо хабаргузории «Хабар» - и ин кишвар гуфт, ки агар ин иттиҳод ба истиқлолияти кишвараш таҳдид кунад, Қазоқистон аз он хориҷ мешавад. Вай гуфт, ҳар кас тарс дорад, ки Русия боз Қазоқистонро ғасб мекунад, иштибоҳ мекунад, зеро ин як иттиҳоди сирф иқтисодӣ хоҳад буд.

Олим Бокаш, коршиноси қазоқ, мегӯяд, раҳбари Қазоқистон вақтҳои ахир бештар мекӯшад, то мардумро бовар кунонад, ки вуруди Қазоқистон ба Иттиҳоди Авруосиё дуруст аст: «Як раванди оддии мағзшӯӣ тариқи дастгоҳҳои идеологӣ, тавре дар замони Шӯравӣ буд, дар ҷараён аст. Ҳамзамон манобеи алтернативии иттилоотӣ баста мешаванд, масалан, ҳоло нерӯҳои мухолифи ҳукумат аз телевизиону радио маҳруманд ва теъдоди нашрияҳои мухолиф ба 3 – 4 адад поин омадааст. Мардум он иттилоъро истифода мекунанд, ки аз манобеи ҳукуматӣ меоянд».

Қазоқистон, Русия ва Белорус 29 майи соли 2014 дар шаҳри Остона зери созишномае имзо гузоштанд, ки ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, як иттиҳоди нав дар қаламрави пасошӯравӣ асос гузошт. Иттиҳоди иқтисодӣ идомаи мантиқии Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ, ду созмони дигаре шумурда мешавад, ки се кишвар дар гузашта таъсис дода буданд. Маркази иттиҳод шаҳри Маскави Русия мешавад. Фаъолияти онро Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба воситаи 10 вазорат ё департамент идора мекунад. Аз ҳар се кишвар сенафарӣ вазир таъин мешавад.

То ин замон аз масъулони ниҳодҳои поёнӣ то президенти Русия Владимир Путин Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистонро аъзои ояндаи ин иттиҳод унвон кардаанд, ки дер ё зуд узвияти онро ба даст хоҳанд овард. Дар ин миён вокуниши Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон, ки гуфт, истиқлолияти сиёсӣ бидуни истиқлолияти иқтисодӣ буда метавонад, то ҷое аъзоҳои оянда ва билқувваи Иттиҳоди иқтисодиро машкук кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бар тибқи созишномаи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, аз 1 январи соли 2015 монеаҳои ҳаракати озоди амвол, хизматрасонӣ, сармоя ва нерӯи корӣ аз миён мераванд ва кишварҳои узв дар соҳаҳои калидии иқтисод сиёсати ягона роҳандозӣ мекунанд. Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон амалан барои ворид шудан ба ин иттиҳод ҳадди аққал то 5 соли дигар омода нест:

«Мо каме хавф дорем, ки робитаҳои тиҷоратии мо бо Осиёи Ҷанубӣ ва як қатор тарҳҳо тариқи Афғонистон осеб мебинанд, чун бино ба созишнома, дар соҳаҳои калидӣ сиёсатҳои ягона бояд бошанд. Мисоли оддӣ, тарҳи CASA 1000 аст, ки ба Русияву Қазоқистон писанд нест. Тарҳи дигаре, ки ин кишварҳо хуш надоранд, роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон аст. Рақобатҳои бузург дар миён ҳастанд, аз ин рӯ, Тоҷикистон омода нест.»

Аммо як мақоми ҳукуматӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба мо гуфт: «Агар имрӯз ба Иттиҳоди Авруосиё ворид шавем, бояд даст рӯи даст гузошта, мунтазир нишинем, ки дар Маскав бо мо чӣ мекунанд.” Ба қавли ӯ, бӯҳрони Украина ва таҳримҳои дуҷониба миёни Русия ба Аврупо манофеъи тиҷоратии Белорусу Қазоқистонро таҳти хатар гузоштааст. Ин манбаъ мегӯяд, пардохтҳои гумрукӣ 600 миллион сомонӣ, муодили 120 миллион доллари буҷаи кишварро ташкил мекунанд ва дар ҳоли имрӯз ворид шудан ба Иттиҳоди Авруосиё онҳо дар нуқтаҳои гумрукии Русияву Белорус гирифта мешаванд.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, Тоҷикистон аввал бояд тарҳҳои минтақаӣ, назири роҳҳои оҳан ва хатҳои интиқоли барқро ба анҷом расонад, омода шавад ва ба он гоҳ иттиҳод ворид шавад, он замон дастнигари дигар аъзои эътилоф намешавад ва истиқлолияташро низ таҳти хатар намегузорад. Дар ҳоли ҳозир, тарҳҳои бузурге, назири роҳҳои оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон, Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон, хати барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ (CASA 1000), лӯлаи гази Туркманистон – Узбакистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин мавриди баррасианд.

Коршиносон мегӯянд, то он замон ҳамаи ин тарҳҳо бояд такмил шаванд. Ба қавли онҳо, Тоҷикистон кишвари чорсӯӣ аст ва фақат аз ҳисоби транзити газ ба Чин солона метавонад, 1 миллиард доллар фоида ба даст орад. Аммо, ба қавли онҳо, ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ тамоми имкониятҳои таҳкими истиқлолияташро аз даст медиҳад.

"Озодӣ"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi