04:44:04 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

"БАРКАНОРИИ ИМОМ-ХАТИБОН БА ҚАЗИЯИ ТУРАҶОНЗОДАҲО РАБТ НАДОРАД" Иҷтимоъ 26.12.2011 17:12 1262
Муллозоҳир Азимов, имом-хатиби масҷиди шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ аз симмати худ барканор шудааст. Ин рӯҳонӣ, ки худро аз шогирдони бародарон Тӯраҷонзодаҳо медонад, мегӯяд, ки ба далели дар намози ҷумъа қироат накардани матни баёнияи Шӯрои уламои дин, ки дар он бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар баргузории маросими Ошӯро муттаҳам шудаанд, аз имом-хатибӣ барканор ....
ПОКИСТОН ҲАМОНО МАЙДОНИ АСЛИИ ҶАНГ АЛАЙҲИ ТЕРРОР Равзана ба ҷахон 26.12.2011 17:10 1064
Қатли Усома бин Лодин, сӯиқасдҳои сиёсӣ, ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин, амалиётҳои бепоёни ситезаҷӯён, корвонҳои сӯхтаи НАТО дар соли 2011 нишон дод, ки акнун Покистон ба майдони аслии ҷанг алайҳи терор табдил шудааст.
ҲАБСИ АБАДИ 5 НАФАРИ МУТТАҲАМ ДАР ТАРКИШИ ХУҶАНД Иҷтимоъ 26.12.2011 12:44 1112
Додгоҳи Суғд баррасии парвандаи 53 нафари муттаҳам дар ҳамлаи интиҳории шаҳри Хуҷандро ба поён бурдааст. Масъулони додгоҳи вилояти Суғд мегӯянд, ки 5 нафар аз ин гурӯҳи 53-нафариро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кардаанд.
ЭҲТИМОЛИ ЭЪДОМИ САКИНА ОШТИЁНӢ ДАР ЭРОН Равзана ба ҷахон 26.12.2011 12:40 1042
Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ, ки маҳкум ба сангсор шуда буд, эҳтимол дорад, ба дор овехта бишавад. Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ, як зани эронии соҳиби ду фарзанд, ки бо ҷурми ҳамдастӣ дар қатли шавҳараш ва зино ба қатл аз роҳи сангсор маҳкум шуда буд, шояд на сангсор, балки ба дор овехта шавад.
ИНФИҶОР ДАР ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН "БИСТ КУШТА ДОД" Равзана ба ҷахон 26.12.2011 12:38 1044
Мақомоти афғон мегӯянд дар асари вуқуъи инфиҷор дар наздикии шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон дастикам бист нафар кушта шудаанд. Ин инфиҷор дар ҷараёни маросими хоксупории яке аз хешовандони омири бахши оташнишонии вилояти Тахор сурат гирифтааст.
ТИҶОРАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН 3,9 МИЛЛИАРД $ ШУДААСТ Хабар 26.12.2011 12:37 955
Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 3,9 миллиард доллар расидааст. Аммо таносуби байни содироту воридот шадидан манфӣ боқӣ монда, Тоҷикистон дар ин 11 моҳ аз хориҷ ба маблағи 2,8 миллиард доллар мол ворид карда, худ ҳамагӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллар мол содир кардааст.
КУМАКИ БУЗУРГИ ШВЕЙТСАРИЯ БА ТОҶИКИСТОН Хабар 26.12.2011 12:37 1028
Швейтсария барои беҳбуди шабакаҳои обрасонии 7 шаҳри Тоҷикистон 12,3 миллион доллар кумаки билоиваз хоҳад дод.
ҚАЗИЯИ ХАЛАБОНҲО ВА МУНОҚИШАИ МУФТӢ БО ЭШОН: УМУМИЯТ ВА ХАТАРИ ОНҲО Сиёсат 26.12.2011 07:48 1583
Чандест фазои сиёсиву иҷтимоии Ватани азизи моро абрҳои тираву сиёҳи нороҳаткунандаву ташвишоранда фаро гирифтааст. Худо кунад, ки ин абрҳои сиёҳ балоҳоеро дар пай надошта бошанд, ки ҷомеъаи мо баъди тӯфони солҳои 90-уми асри гузашта тобу тоқат ...
КОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР БАДАХШОН РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД Иҷтимоъ 26.12.2011 07:45 1244
Воридшавии маводи нашъадор ва интиқоли он тавассути ВМКБ мувофиқи нишондодҳои омории идораҳои дахлдор сол то сол зиёд гашта истодааст. Тибқи нишондоди Раёсати агентии маводи нашъадори ВМКБ дар тӯли нӯҳ моҳи соли равон дар вилоят чӣ аз тарафи ...
ПРЕЗИДЕНТ БА ДОДИ КӮЛОБИҲО РАСИД Иҷтимоъ 26.12.2011 07:41 1068
Зимистони ғайричашмдошт сарди имсола ҷиҳати камбуди барқ, гази табиӣ ва маводи дигари сухт боиси нигаронии сокинони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон гаштааст. Навбатҳои дурударози мардум барои пур кардани зарфҳои гази табиӣ ва маҳдудияти барқ дилсард...