08:36:57 02-уми Июли 2025 сол

"БАРКАНОРИИ ИМОМ-ХАТИБОН БА ҚАЗИЯИ ТУРАҶОНЗОДАҲО РАБТ НАДОРАД"

Муллозоҳир Азимов, имом-хатиби масҷиди шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ аз симмати худ барканор шудааст. Ин рӯҳонӣ, ки худро аз шогирдони бародарон Тӯраҷонзодаҳо медонад, мегӯяд, ки ба далели дар намози ҷумъа қироат накардани матни баёнияи Шӯрои уламои дин, ки дар он бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар баргузории маросими Ошӯро муттаҳам шудаанд, аз имом-хатибӣ барканор шудааст.

/images/stories/2011/12/26_mosque_261211.jpgИн дар ҳолест, ки ахиран дар бораи бо баҳонаи мушобеҳ барканор шудани бархе аз имом-хатибони масоҷиди дигар дар қаламрави Тоҷикистон хабар мерасад. Аз ҷумла, ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, имом-хатибони масҷиди ноҳияи Ашт, ду масҷид дар ноҳияи Вахш, масҷиде дар рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ахиран барои қироат накардани матни баёнияи Шӯрои уламои дин аз симматҳои худ барканор шудаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад Мулло Абдураҳим, имом-хатиби маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе низ барои қироат накардани матни ин баёния бо мушкилоте рӯбарӯ шудааст. Муллозоҳир Азимов, имом-хатиби масҷиди шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ рӯзи душанбеи 26 декабр гуфт, ки расман вай ба далели “аз имтиҳон нагузаштан”, яъне таъйиди салоҳият, аз симаташ барканор шудааст.

Вай афзуд: “Баъд аз он ки ман дар намози ҷумъаи гузашта матни баёнияи Шӯрои уламои динро дар ҳузури намозгузорон қироъат накардам, маро барои сӯҳбат даъват карданд. Сипас гуфтанд, ки бояд аз имтиҳон гузарам.”

Дар натиҷа, рӯзи ҷумъаи гузашта, ба гуфтаи оқои Азимов, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Маркази исломии Тоҷикистон ба намозгузорни масҷиди шаҳраки Сомониён имом-хатиби ҷадидро муъаррифӣ кардааст.

Муллозоҳир Азимов гуфт: “Ман аз чунин тасмим шикоят бурданӣ нестам. Агар ба онҳо ин минбар зарур бошад, пас мушкиле нест. Вале, ман ки худро шогирдони бародарон Тӯраҷонзодаҳо медонам, наметавонистам матни ин баёнияро қироат кунам. Гузашта аз ин, бо мӯҳтавои ин баёния низ розӣ нестам.”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои дини Маркази исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ чунин иддаъои бархе аз имом-хатибони барканоршударо бепоя хонд. Вай гуфт: “Мутаассифона, бархе аз афрод ба вакти барканорӣ аз мансаб ҳарфҳои ноҷо мегӯянд. Замоне, ки сари мансаб ҳастанд, хомӯшанд, вале агар барканор шуданд, зуд ҳарфҳое мегӯянд, ки воқеъият надоранд.”

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои дин, ин имом-хатибон ба далели пойин будани сатҳи тахассусӣ барканор шудаанд.

Оқои Абдулқодирзода афзуд: “Дар чанд соли ахир пайваста аттестатсия ё таъйиди салоҳияти имом-хатибон баргузор мешавад. Дар соли ҷорӣ, агар иштибоҳ накунам, 29 нафар имом-хатибон ба далели пойин будани сатҳи тахассусӣ аз симматҳояшон барканор шуданд. Ин як раванди маъмулӣ аст ва ба равобити Шӯрои уламои дин ва бародарон Тӯраҷонзодаҳо рабте надорад.”

Зимнан, қазияи бародарон Тӯраҷонзода ва Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бо пахши баёнияи ин ниҳод оғоз шуда буд. Шӯрои уламои исломӣ иддаъо дорад, ки бародарон Тӯраҷонзода дар масҷиди худ маросими Ошуроро, ки хосси мазҳаби шиъа аст, баргузор карда ва аз ин роҳ қасд доранд дар миёни мусалмонон фитна ангезанд.

Рӯзи ҷумъаи 9 декабр намозгузорон дар масҷиди “Муҳаммадия”-и ноҳияи Ваҳдат, ки ба бародарон Тӯраҷонзода мутаъаллиқ аст, аз ҳузури Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Анвари Вайсиддин, раиси ноҳияи Ваҳдат, изҳори норизоятӣ карданд.

Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ҳузури намозгузорон раиси Шӯрои уламои динро “салафӣ”, “садқаи ин салла шав” гуфтаанд. Рӯзи ҷумъаи 23-уми декабр додгоҳи шаҳри Ваҳдат бародарон Тӯраҷонзодаро дар таҳқир ва тавҳини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон муҷрим шинохта ва ҳар яке аз онҳоро 350 сомонӣ ҷарима кард.

Аз сӯйи дигар, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистонро ба тақаллуб зимни таҳияи баёнияи ин ниҳод ва тавҳин алайҳи хонаводаи худ муттаҳам карда ва ба додгоҳ шикоят бурдааст. Дар ҳамин ҳол, бештаре аз коршиносон бар ин назаранд, ки қазияи миёни бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои уламои дин метавонад дар ваҳдати мусалмонони кившар латма ворид созад.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ки идомаи ин ҷанҷол ба суди ҳеч яке аз тарафҳои баҳс нест. Вай гуфт: “Дар ҳар сурат, ба назар мерасад, ки тамоюли умумӣ низ чандон ба манфаъати ҳукуматдорон нест ва доманаи ин ихтилоф ҳарчи фаротар равад, эътимоди ҷомеъаи ватанӣ ва байналмилалӣ ба Тураҷонзода бештар ва ба Шӯрои уламои исломӣ ва Кумитаи дини давлати Тоҷикистон камтар хоҳад шуд.”

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ